Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як рӯз 100 сомонӣ – "гонорар"-и вакилони дифоъро ҳукумат муайян кард


Аз ин ба баъд ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад, ки адвокат ё вакили дифоъ барои кумаки ҳуқуқӣ ба зерҳимоя ва намояндагӣ аз ӯ дар додгоҳ чӣ қадар пул бигирад. Дар қароре, ки рӯзи 29-уми июни имсол қабул шуд, ҳукумати Тоҷикистон ҳадди аксари гонорар ё ҳаққи заҳмати вакилонро муайян кард. Ин ҳаққи заҳмат дар як рӯз набояд аз 100 сомонӣ зиёд бошад. Ҳадди ақаллаш 50 сомонӣ муайян шудааст.

Фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон то як соли қабл аз пурдаромадтаринҳо буд. Ҳамсӯҳбатони мо аз шумули вакилони дифои пуртаҷриба мегӯянд, қаблан гонорари як адвокат барои ҳимоят аз як нафар дар парвандаҳои ҷиноятӣ то 2,5 ҳазор доллар мерасид.

Бар пояи ин қарор шаҳрвандоне, ки даромадашон дар як моҳ ба сари ҳар узви оила аз 50 сомонӣ камтар аст, аз хидмати ройгон ё бепули вакилони давлатӣ истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, ин қарор барои ҳимояи шаҳрвандон қабул шудааст, ки дар бисёр маврид ба вакил маблағҳои ҳангуфт медиҳанд ва дар ниҳоят шахси наздики худро паси панҷараи зиндон дида, зери бори қарз мемонанд.

Баъзе вакилони дифоъ, ки мо бо онҳо ин мавзуъро матраҳ кардем, зоҳиран аз қарор чандон нигарон набуданд. Яке аз онҳо, ки нахост номаш эълон шавад, гуфт, ҳеҷ як вакил бо 100 сомонӣ дар як рӯз кор намекунад ва ба гумон аст, ки хонаводаҳо низ бо ин қарори ҳукумат иктифо кунанд. Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, андозаи ҳаққи хидмати адвокат миёни ӯ ва муштариаш ҳал карда мешавад ва касе ҳақ надорад ба ин дахолат кунад. Ӯ гуфт, “ҷонибҳо ба мувофиқа меоянд, ки адвокат ба ӯ чӣ гуна хидмат мерасонад ва бар ивазаш чанд пул мегирад.”

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

Зоиров афзуд, давлат ҳаққи хидмати адвокатҳоеро танзим мекунад, ки онҳоро муфаттиш ва ё додситон адвокати қазия таъин кардаанд.

Фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон то як соли қабл аз пурдаромадтаринҳо буд. Ҳамсӯҳбатони мо аз шумули вакилони дифои пуртаҷриба мегӯянд, қаблан гонорари як адвокат барои ҳимоят аз як нафар дар парвандаҳои ҷиноятӣ то 2,5 ҳазор доллар мерасид.

Тоҷикистон дар соли 2016 ба Қонуни адвокатҳо тағйирот ворид кард ва танҳо ба онҳое иҷозатнома дод, ки аз имтиҳони тахассусӣ гузаштанд.

Имтиҳон аз 1000 саволи марбут ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат буд. Аз 2000 ҳазор адвокат, ки то имтиҳон дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, баъди санҷиш танҳо 586 нафар боқӣ монданд.

Яке аз ҷаласаҳои вакилони дифои тоҷик дар Душанбе. Рӯзи 27-уми июли 2015
Яке аз ҷаласаҳои вакилони дифои тоҷик дар Душанбе. Рӯзи 27-уми июли 2015

Дар солҳои ахир касби вакилӣ дар Тоҷикистон дар баробари фаъолиятҳои журналистӣ аз касбҳои хатарнок ҳисоб мешавад. Махсусан барои вакилоне, ки дар парвандаҳои сиёсӣ аз айбдоршавандаҳо ҳимоя мекунанд.

Барои намуна аз панҷ вакиле, ки дар қазияи соҳибкор Зайд Саидов ва муттаҳамони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоятгар буданд, се нафар зиндонӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG