Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мактаб ё масҷид? Таҷлили Иди Қурбон ва Рӯзи Дониш дар Тоҷикистон. АКС, ВИДЕО


Эълони таҷлил аз Иди Қурбон ва оғози соли таҳсил дар як рӯз дар Тоҷикистон омӯзгорону хонандаҳоро ба сӯйи мактаб ва сокинони дигарро ба тарафи масҷид бурд.

Манобеъ гуфтанд, ки кормандони идораҳои дигар дар рӯзи таҷлил аз иди имсолаи Қурбон аз ҳаққи истироҳат бархӯрдоранд. Барои мисол, дар бемористонҳо истироҳати расмӣ буда, фақат навбатдорон сари коранд. Аммо дар боғчаҳои бачагона, ки таҳти итоати Вазорати маориф аст, рӯзи корист.

Ҳазорҳо омӯзгору хонанда ва донишҷӯ субҳи барвақти 1-уми сентябр ба тарафи мактаб шитофтанд, то дар рӯзи аввали дарс иштирок кунанд. Дар ҳамин вақт ҳазорҳо нафари дигар дар масоҷиди кишвар ду ракъат намози Иди Қурбонро ба ҷо оварда, баъдан барои қурбонӣ ё зиёрати қабри гузаштагону аёдати беморон рафтанд.

Омӯзгорону хонандаҳо гуфтанд, ки барои иштирокашон дар рӯзи аввали таҳсил қарори Вазорати маориф содир шудааст ва наметавонанд ин дастурро сарфи назар кунанд. Яке аз омӯзгорони мактаб рӯзи ҷумъа гуфт, "ягон чорабинии махсус баргузор нашуд. Соати дарсӣ оғоз гардид ва хонандагон ба синф даромаданд. Як рӯзи маъмулии дарсист."

Аксҳо аз масҷиди марказии Душанбе:

Муаллимон ба кор, дигарон чӣ?

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, донишҷӯён субҳи ҷумъа суханронии ду рӯзи қабли раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Академияи Вазорати умури дохилиро тамошо карда, сипас, вориди синфхонаҳо шудаанд. Як ҳамсӯҳбати мо бидуни бурдани номаш гуфт, "донишҷӯёне, ки дар нимаи дувуми рӯз дарс доранд, огоҳӣ гирифтаанд, ки биёянд. Чун онҳоро низ ном ба ном рӯйхат хоханд кард."

Аксҳо аз таҷлили Рӯзи дониш дар Тоҷикистон:

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбон рӯзи истироҳати ғайрикорист. Вале мақомот гуфтанд, Вазорати маориф бар асоси салоҳияти худ имрӯзро рӯзи оғози таҳсил эълон намудааст ва муаллимону хонандаҳо ва донишомӯзон муваззафанд, риоя кунанд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони идораҳои дигар аз ҳаққи истироҳат дар ин рӯз бархӯрдоранд. Аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, имрӯз намояндагони баъзе идораҳои дигар, аз ҷумла пизишкону мураббиёни боғчаҳои бачагона ба кор баромадаанд. Қаблан дар рӯзи Иди Рамазон низ кормандони идораҳои давлатӣ ба кор даъват шуда буданд.

Шӯрои уламо: Ин қарор бо ризояти Академия гирифта шудааст

Донишҷӯёни тоҷик дар интизори омадани нақлиёт. Шаҳри Душанбе, 1-уми сентябри соли 2017
Донишҷӯёни тоҷик дар интизори омадани нақлиёт. Шаҳри Душанбе, 1-уми сентябри соли 2017

То ҳол мақомоти Вазорати маориф ва илм нагуфтанд, ки пойфишории онҳо барои таҷлил аз Рӯзи Дониш дар рӯзи истироҳати ғайрикорӣ аз чӣ иборат аст. Аммо онҳо дар як нома дар ду рӯзи пеш ишора карда буданд, ки рӯзи якуми сентябр ҳамеша дар Тоҷикистон рӯзи дониш буд ва шӯрои уламо метавонист рӯзи Иди Қурбонро ба вақти дигар таъин кунад. Вазорат гуфт, омӯзгорону хонандаҳо ҳақ доранд, ки рӯзи дувуми сентябр истироҳат кунанд.

Шӯрои уламмои Маркази исломӣ мегӯяд, ки санаи таҷлили Иди Қурбонро мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян кардааст. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ба хотири онки рӯзи Иди Қурбон ба 1-уми сентябр рост омад, санаи оғози таҳсили имсоларо ба рӯзи дувуми сентябр ё чаҳоруми сентябр гузоштаанд.

Намози Иди Қурбон дар масҷиди Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Яке аз ду иди мусалмонӣ

Рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Имсол низ намози ид дар масоҷиди кишвар бо ҳузури ҳазорҳо нафар, аммо таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд. Намозгузорон қабл аз вуруд ба масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз назари нирӯҳои амниятӣ ва дастгоҳи ташхиси маводи тарканда ё фулузот мегузаштанд. Ба намозгузорони ҷавон ҳам атваҷҷуҳ мешуд, то хонанда ё донишҷӯ набошанд.

Абдулқодирзода ба риояи қонуни танзим даъват кард

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, зимни адои амри маъруфаш дар намози Иди Қурбон аз риояи ҳатмии танзим ёдовар шуда, мардумро ба дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарбахшиву риояи расму оин даъват кард. Аз ҷумла аз сокинон хоста шуд, ки дар ин рӯз ба исроф роҳ надиҳанд.

Ахиран Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ташаббускорони аслии чопи Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар Тоҷикистон шомил кардааст. Мақомоти ин ниҳод гуфтанд, ки қаламрави таҷлили ин ид чандон густурда нест. Ба иддаои муаллифони феҳрист, Иди Қурбон дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор таҷлил шуда, дар ин рӯз "ашхоси сарватманд ба қурбоникунӣ машғул мешаванд, яъне гӯсфандеро забҳ мекунанду аз он таом тайёр мекунанд ва дигарон рафта тановул мекунанд."

XS
SM
MD
LG