Пайвандҳои дастрасӣ

Хатна дар хона манъ шуд. Устои хатнагар бекор монд. ВИДЕО


Олоти хатнаи дастии устои хатнагар аз ҳамин се дастгоҳ иборат аст

Бар асоси муқаррароти нави мақомоти тоҷик, амалиёти хатнаи писарбачаҳо дар Тоҷикистон ҳамакнун бояд дар мӯҳлати то 20-рӯзагӣ ва танҳо дар шароити клиникӣ анҷом дода шавад. Чунин муқаррарот барои нахустин бор дар қонун "Дар бораи танзими расму оинҳо" ворид шуда, аз охири моҳи август ба ҳукми иҷро даромад. Дар ҳоле, ки бисёриҳо аз шароити поку гигиёнӣ ва зери назари мутахассиси тиб анҷом шудани чунин амалиёт истиқбол мекунанд, садҳо устоҳои хатнагар дар Тоҷикистон аз шуғл ва даромади хуб маҳрум мешаванд.

“Чӣ қадаре маблағ диҳанд, розӣ ҳастем”

Маъруф Ҳайдаров 40 сол дорад ва давоми 20 соли ахир ба хатнакунӣ

Хатна дар хона хатари гузаштани бемориҳои сироятиро зиёд мекунад

машғул аст. Маъруф мегӯяд, ин шуғл барои онҳо аз гузаштагонашон ба мерос мондааст ва то қабули тағйироти нав “дар хизмати мардум буданд”. Маъруф Ҳайдаров дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва, ба гуфтаи худаш, аз соли 1996 мустақилона ба хатна кардани писарон машғул аст.

Ин ҳамсуҳбати мо зоҳиран тасмими ҳукумат дар бораи манъ шудани амалиёти хатнаро дар шароити хона ва аз ҷониби устои мардумиро оромона қабул кард. Вай мегӯяд, шахсан барои ӯ хатна ҳеҷ гоҳ манбаи даромад набуд ва танҳо ба хотири “ҳалол кардани дасти фарзандони мардум” ба ин кор машғул шудааст.

Маъруф мегӯяд: “То наздикиҳо ман ба ин кор машғул будам, ҳозир дигар мумкин нест. Ҳарчанд то ҳол мардум барои хатна кардани фарзандонашон ба мо муроҷиат мекунанд, аммо мо дархости онҳоро рад мекунем, чун дигар иҷозаи ин корро надорем. Хатна карданро мо ягон вақт нарх намондаем ва ба ягон кас ҳам нагуфтем, ки ҳамин қадар пул мешавад. Чӣ қадаре, ки маблағ диҳанд мо розӣ ҳастем. Надиҳанд ҳам ҳеҷ чиз намегӯем, ин кори суннат аст ва барои ин корҳо нарх мондан дуруст нест.”

Маъруф Ҳайдаров, ки ба гуфтааш дар давоми 20 соли хатнагарӣ ҳеҷ гоҳ дасташ наларзидаву шикояте аз кораш нашунидааст, розист, ки ин муқаррарот таҳти шароити бемористон сурат гирад. Вай мегӯяд, воқеан ҳам масъалаи тозагиву гигиена хеле ҷиддӣ аст ва агар усто саҳлангорӣ кунад, хатари сирояти кӯдак ба беморӣ вуҷуд дорад. Дар шароити бемористон, ба гуфтаи вай, табибон муваззафанд, ки тамоми меъёрҳои бехатарии тиббиро таъмин кунанд.

Табибон: Хатна дар хона кӯдакро ба хатар рубарӯ мекунад

Табибони тоҷик мегӯянд, зарурати дар бемористон гузарондани хатна аз он ҷиҳат пеш омадааст, ки бемориҳои сироятӣ дар миёни кӯдакон зиёд шудааст ва хатари гузаштани он тариқи асбобҳои хатнакунӣ бештар аст.

Баҳодур Сафаров, номзади илҳом тиб ва ҷарроҳи кӯдакон мегӯяд, хатнасур амали ҷарроҳӣ ба ҳисоб меравад ва дар сурати аз ҷониби ғайримутахассис анҷом шудани он, чандин хатар ба кӯдакон таҳдид мекунад. Ба қавли ҷаноби Сафаров, дар сурати дар хона анҷом додани хатна, кӯдак метавонад бо чанд хатар рубарӯ шавад:

“Пеш аз ҳама ҷиҳати пешгирӣ кардани бемориҳои сироятие, ки аз инсон ба инсон тавассути асбобҳои хатнакунӣ мегузарад. Солҳои қабл намуди беморҳои сироятӣ мисли имрӯз чандон зиёд набуд ва хатари гузаштани ин беморӣ зиёдар аст. Яъне хатна дар хона хатари гузаштани бемориҳои сироятиро зиёд мекунад.”

Ин табиби тоҷик мегӯяд, устоҳои маҳаллӣ набояд ба хатна кардан машғул бошанд ва ин кор бояд танҳо аз ҷониби табибони касбӣ анҷом дода шавад.

Пешниҳоди манъ кардани хатна аз ҷониби ғайритабибон нахуст аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июни имсол садо дод. Дар пай дар охири моҳи август ба Қонуни танзим банди махсусе илова шуд, ки бар асоси он хатна минбаъд бо розигии волидайн то 20-рӯзагии кӯдак дар бемористонҳо анҷом дода мешавад. Илова ба ин, қонуни танзим барпо кардани ҷашни таҷлили хатнасурро ҳам маҳдуд кардааст.

Хатна дар миёни мардуми мусалмони Тоҷикистон як амри ҳатмӣ мебошад. Тибқи қоидаи дини Ислом, ки аксари аҳолии кишвар пайрави он ҳастанд, то имрӯз писарҳои то 7-сола ҳатман хатна мешуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG