Пайвандҳои дастрасӣ

Хатна то 20-рӯзагӣ ва бо розигии волидон сурат мегирад


Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдаконро тартиб додааст. Тибқи тартиби муқарраркардаи вазорат, хатна то 20-рӯзагии кӯдак ва бо розигии волидайн дар беморхонаҳо бояд ройгон анҷом дода шавад.

Аз Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки тамоми масъулини беморхонаҳо вазифдор шудаанд, ки ки воридсозии “Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон”-ро дар амалияи муассисаҳои тиббию профилактикӣ ва барномаҳои таълимии пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои ҷарроҳии кӯдаконаи муассисаҳои таълимии тиббӣ таъмин намоянд.

Ба иттилои манбаъ, "пеш аз амалиёти хатна писарони навзод ҳатман аз машварати неонатолог гузаронида мешаванд, амалиёти хатна ба писарони солими синни аз 20-рӯза боло дар муассисаҳои давлатии тиббӣ тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад."

Тартиби гузаронидани хатнаи кӯдакон дар ҳоле қабул мешавад, ки моҳи август порлумони Тоҷикистон дар ин бора ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” тағйирот ворид карда буд. Тибқи тағйироти нав маросими хатнаи писарон танҳо дар беморхона гузаронда шуда, маросими хатнатӯй дар доираи оила баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG