Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли президентии Доналд Трамп


Президенти 45-уми ИМА соли аввали корашро натиҷагирӣ мекунад. Пеш аз пирӯзӣ дар интихобот, президент Доналд Трамп гуфта буд дар мақоми наваш чандин корро анҷом медиҳад -- дар хатти марз бо Мексика девор месозад, барномаи суғуртаи саломатии ҷоришуда дар замони Барак Обамаро бекор мекунад ва аз вуруди мусалмонҳо ба кишвар ҷилавгирӣ хоҳад кард. Вале як соли кори ӯ нишон дод, ки чандин ваъдаҳои ӯ иҷро нашуд.

Бозбинии суғуртаи тиббии «Obamacare

Бо вуҷуди ин, ки бо пахши паёмҳои моҷаробарангезаш дар робита бо раҳбарону сиёсати хориҷӣ Доналд Трамп соли 2017 пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва интиқод ҳам қарор гирифтааст, ба андешаи таҳлилгарон, тавонист дар ин бахш ба муваффақияте ноил шавад.

Дар маъракаи пешазинтихоботиаш ҷаноби Трамп гуфт, ки ҳатман барномаи суғуртаи тиббии замони Барак Обама ҷоришуда ва маъруф бо номи «Obamacare”-ро бекор мекунад. Барномаи мазкур барои ҳама амрикоиҳо, ба вижа қишри нодори ҷомеа, кафолати дастрасӣ ба хадамоти тиббиро таъмин мекард. Вале тавре доктор Леслӣ Винямури, профессори як донишгоҳи Лондон гуфт, ҳарду бахши Конгресси Амрико аз нақшаҳои барҳам додани суғуртаи тиббӣ худдорӣ карданд.

“Аҷиб аст, вале бо вуҷуди ваъдаҳои интихоботии Трамп дар бораи он, ки зидди ин барнома амал мекунад, маъруфияти суғуртаи «Obamacare” дар муддати раҳбарии Трамп баръакс хеле зиёд шуд”. Вай гуфт, ҳоло зоҳиран конгресс аз баррасии навбатии ин барнома мехоҳад канор равад.

Бунёди девор

Марзи миёни Амрико ва Мексика.
Марзи миёни Амрико ва Мексика.

Як ваъдаи дигари интихоботии Трамп бунёди девор дар хатти марз бо Мексика буд, ки бояд, ба гуфтаи ӯ, аз кисаи худи ин кишвар бунёд мешуд. Бо гузашти як сол аз он сӯҳбатҳо, дар хатти сеҳазоркилометрии марз деворе сохта нашуд, ҳарчанд моҳи август вазорати умури дохилии ИМА исми ширкатҳои сохтмониеро, ки масъули ин кор мешаванд, эълон карда буд. Демократҳо шадидан мухолифи бунёди чунин як деворе бо ҳамсояи наздик буданд, вале ҷаноби Трамп сарсахтона мегуфт, ки ҳатман чунин корро анҷом хоҳад дод.

Ислоҳи бахши андоз

Дар маъракаи интихоботиаш ҷаноби Трамп ваъда дод, ки андоз барои меросро бекор карда, мизони молиёт барои соҳибкоронро дар ҳудуди 15 % қарор хоҳад дод. Илова ба ин, ӯ ваъда дод, ки системаи амалкунанда дар кишвар дар заминаи муқаррар кардани мизони баланди маошро соддатар карда, 7 зинаи расидан ба ҳаққи маоши баландро то 3 зина коҳиш медиҳад.

Охири декабр Кохи Сафед тавонист ба як пирӯзии воқеӣ даст ёбад ва тарҳи нави андозро ба Маҷлиси намояндагон ва Сенат ирсол кунад. Леслӣ Винямури мегӯяд, “ҷумҳурихоҳҳо мехостанд ба як муваффақияти амалӣ даст ёбанд ва ба ҳамин хотир ин тарҳи қонунро ҳам гузаронданд”.

Вай гуфт, “ҷумҳурихоҳҳо мехостанд бигӯянд, ки тавонистанд дар бахши андози соҳибкорон сабукӣ ворид карда, ба шаҳрвандони дигар ҳам чунин шонсе пешкаш кунанд. Фурсати онҳо хеле кам монда буд”.

Ин тарҳ ба як қонун табдил шуд, вале на ҳамаи ваъдаҳои Трампро дар бар гирифт. Ҳамоно сокинони Амрико барои дастрасӣ ба маоши баланд бояд на аз 3, балки 7 зинаи кор гузаранд, андози корпоративии 21-дарсада пардохт кунанд. Дар сурати марги волидони афроди хеле доро боз ҳам пардохти молиёт талаб мешавад.

Сиёсати хориҷӣ

Бо вуҷуди ин, ки бо пахши паёмҳои моҷаробарангезаш дар робита бо раҳбарону сиёсати хориҷӣ Доналд Трамп соли 2017 пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва интиқод ҳам қарор гирифтааст, ба андешаи таҳлилгарон, тавонист дар ин бахш ба муваффақияте ноил шавад.

Ӯ тавонист ИМА-ро мутобиқ бо ваъдаҳои пешазинтихоботиаш аз созиши ҳамкориҳои Транс-Атлантикӣ берун кунад. Июни соли гузашта Трамп тавре ваъда дод, ИМА-ро аз Созишномаи муҳитзистии Порис берун кард. Ин иқдоми ӯ мавриди нигаронии кишварҳои Аврупо ва дигар аъзои ин созиш қарор гирифт. Бо ин вуҷуд, ахиран Трамп ногаҳон гуфт, ки шояд кишвари ӯ дубора вориди ин созиш шавад.

Соли 2015 ҷаноби Трамп ваъда дод, ки “вуруди мусалмонҳоро ба ИМА комилан манъ мекунад”, вале дар тасмими ниҳоиаш манъи вурудро нисбати кишварҳое ҷорӣ кард, ки ба гуфтааш, “аз назари терроризм хатар эҷод мекунанд”.

Дар натиҷа, шаҳрвандони 7 кишвари мусалмоннишин аз ҳақи ворид шудан ба ИМА маҳрум шуданд. Дар пайи чандин баҳсҳои додгоҳӣ, ниҳоят Додгоҳи олӣ дар моҳи декабр гуфт, ки манъи вуруд метавонад мавриди амал қарор гирад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG