Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи душанбеи 18-уми декабр стратегияи нави амниятии кишварашро эълон кард. Ҷаноби Трамп зимни эълони ин стратегия ба шиори "Аввал Амрико" таъкид намуд ва аз сиёсатҳои ҳукуматҳои қаблии кишвараш бинобар нотавонӣ дар ин масъала ва бетаваҷҷуҳӣ ба шаҳрвандони амрикоӣ, интиқод кард.
Стратегияи амниятӣ санаде расмӣ аст, ки аз замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган ҳама президентҳои Амрико маъмулан ҳар чаҳор сол як бор онро ироа кардаанд.
Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба амалкардҳои қавии иқтисодӣ дар давраи раёсати ҷумҳури худ таъкид кард, ки "раҳбарони мо машғули сохтани кишвар дар хориҷ аз он буданд ва натавонистанд кишварро аз дарун бисозанд."
Амрико барандаи бозӣ хоҳад буд
Раиси ҷумҳури Амрико, ки стратегияи нави амниятиаш ба рақобати доимӣ байни кишварҳо таъкид мекунад, дар суханони худ дар муаррифии ин стратегия гуфт, ки Амрико дар миёнаи як бозӣ аст ва барандаи ин бозӣ хоҳад буд. Стратегияи нави Амрико ба ҳифозат аз Амрико, аз ҷумла сохтани девори марзи ҷанубӣ бо Мексика ва ҳамчунин чораҳое дар хусуси муҳоҷират, таъкид мекунад.
Ӯ ҳамчунин дар ин стратегия ба боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандони амрикоӣ, ва низ интишори сулҳ аз тариқи мустаҳкам кардани нуфузи Амрико, таъкид кардааст. Оқои Трамп дар суханони худ гуфтааст, ки Амрико ба ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо идома медиҳад, аммо "дар чаҳорчӯбе, ки ҳамеша аз манфиатҳои миллии худ ҳифозат кунад."
Трамп: "Чин ва Русия рақибони Амрико ҳастанд"
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки дар стратегияи нави амниятӣ, ӯ Амрикоро дар авлавият қарор медиҳад. Стратегияи нави амниятии ҳукумати Амрико, ки пеш аз суханронии Трамп рӯзи душанбе нуқтаҳои аслии он дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, мавзеи сарсахтона дар баробари Чин ва Русия дорад ва мегӯяд, ки ин ду кишвар "талош доранд чаҳонро ба шакле таҳти таъсир қарор диҳанд, ки бо арзишҳо ва манфиатҳои Амрико мухолиф мебошанд."
Дар ин стратегия ҳушдор дода шудааст, ки "Русия ва Чин бо ба чолиш кашидани қудрат, нуфуз ва манфиатҳои Амрико мекӯшанд амният ва мавқеияти иқтисодии Амрикоро заиф кунанд, аз озодӣ ва одилона будани низоми иқтисодии ҷаҳон бикоҳанд ва ба ин васила қудрати низомии худро афзоиш дода ва иттилоърасониро дар ҷомеаҳои худ маҳдуд карда ва нуфузи худро густариш диҳанд."
Эрон ва Кореяи Шимолӣ -- "ҳукуматҳои саркаш"
Дар стратегияи нави амниятии Амрико аз Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба унвони "ҳукуматҳои саркаш" ёд шудааст, ки дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ", таҳдиде барои амнияти Амрико ҳастанд. Доналд Трамп аз ҷумла аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон интиқод кард. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "барои муқобила бо Эрон ва пешгирӣ аз сохтани силоҳи ҳастаӣ, Сипоҳи посдорони Эронро бинобар ҳимоят аз терроризм таҳрим кардем ва аз таъйиди тавофуқи ҳастӣ дар конгресс худдорӣ намудем."
Стратегияи амниятӣ чист?
Стратегияи амниятӣ санаде расмӣ аст, ки аз замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган ҳама президентҳои Амрико маъмулан ҳар чаҳор сол як бор онро ироа кардаанд. Ин стратегияи нав дар шароите эълом мешавад, ки муносибатҳои Амрико ва Русия ба хотири масоиле чун дахолати Русия дар шарқи Украина ва ҷанги дохилии Сурия ва ҳамчунин иддаоҳо дар робита ба дахолати Маскав дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, ба поинтарин ҳадди худ пас аз поёни ҷанги сард расидааст.
Доналд Трапм аз замони оғози раёсати ҷумҳурии худ дар моҳи январи соли 2017 ҳукумати Чинро ба истифодаи шеваҳои иқтисодии ноодилона муттаҳам карда, он кишварро ба хотири низомӣ кардани минтақаҳои мавриди ихтилоф дар баҳри ҷанубии Чин мавриди интиқод қарор дода ва аз Пекин хостааст барои мутаваққиф кардани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ ба он кишвар фишори бештаре биёварад.
Худованд ба падару модари ин чавонро сабри чамил ото намояд омин мо хам падари чавон хастем хар вактоки нохуш мешунавем зик мешавем барои падару модар дар зинда буданашон марги фарзанда мебинан бисёр сахт аст. хама падару модар догуи фарзандон бошем ки чунин руз басари душмани кас наояд.
Хабари хуш!
Рости шахс дар хайрат мемонад вактеки чунин шахсхоро мебинад . Ин духтар аз сабаби илми оли надоштанаш факат фикри хаминрузашро мекунат намедонадки бади як ё дусол симояш тагир миёбад ва касе дигар аххамиятхам намедихад Як чандруз пеш занеро дар хамин радиёи озоди дидамки як замоне мисли хаминдухтар чавон будаст имруз бошад мисли гул хор шудаст Зиндагиро бо пул харида намешавад агар шавадхам мисли пул зуд аз даст меравад
Древнейшая профессия, это не новость.