Пайвандҳои дастрасӣ

Сипоси Путин аз Трамп барои кӯмаки CIA дар хунсосозии ҳамлаҳои Санкт-Петербург


Владимир Путин, президенти Русия аз ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп ба хотири кӯмакҳои истихборотии созмони CIA барои хунсо кардани як силсила бамбгузориҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, изҳори сипос кардааст. Кохи Кремл эълон кард, ки Владимир Путин рӯзи якшанбеи 17-уми декабр дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Амрико барои кӯмакҳои истихборотии CIA, ки сабаби боздошти гумонбарон шуд, қадрдонӣ кардааст.

Дар иттилоияи ҳукумати Русия гуфта мешавад, ки гумонбарон қасд доштанд дар калисои "Қазон"-и Санкт-Петербург ва чанд ҷои дигари серодам ва пуриздиҳоми ин шаҳр, ҳамлаҳои анҷом диҳанд. Кохи Кремл мегӯяд, раиси ҷумҳури Русия аз ҳамтои амрикоии худ хостааст, ки аз ҷониби ӯ аз созмони Истихбороти марказии Амрико -- CIA қадрдонӣ кунад.

Ҳафтаи гузашта Хадамоти федералии амнияти Русия эълом кард, ки чандин гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар Маскав боздошт кард, ки қасди ҳамлаҳои террористӣ дар ҷашнҳои Соли Навро доштанд.

Оқои Путин ҳамчунин ба Доналд Трамп итминон додааст, ки созмонҳои амниятии Русия ҳамчун гузашта ҳар гуна маълумот дар мавриди таҳдидҳои террористиро дар ихтиёри Амрико мегузорад. Ин дувумин тамоси телефонии президентҳои Амрико ва Русия дар чаҳор рӯзи ахир аст. Доналд Трамп ва Владимир Путин рӯзи панҷшанбе низ гуфтугӯи телефонӣ доштанд.

Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) рӯзи ҷумъаи 15-уми декабр эълон кард, ки ҳафт танро ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" боздошт кардааст, ки қасд доштанд дар рӯзҳои истироҳатии охири ҳафтаи оянда, ба ҳамлаҳои террористӣ дар Санкт-Петербург даст бизананд. Ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия, ин афрод тасмим доштанд дар калисои "Қазон"-и Санкт-Петербург ва чанд макони серодами ин шаҳр ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ, дар як бинои баландошёна дар Сантк-Петербург маводи тарканда, силоҳҳои худсохт ва адабиёти дорои хусусиятҳои ифротгароӣ, кашф ва мусодира шудааст. Ба гузориши расонаҳои Русия, калисои Санкт-Петербург ҳадафи аслии ин ҳамлаҳо будааст.

Ҳафтаи гузашта Хадамоти федералии амнияти Русия эълом кард, ки чандин гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар Маскав боздошт кард, ки қасди ҳамлаҳои террористӣ дар ҷашнҳои Соли Навро доштанд. Дар чанд рӯзи гузашта низ мақомоти Санкт-Петербург панҷ танро дар робита ба терроризм боздошт ва бозпурсӣ кардаанд.

Рӯзи ҷумъа мақомот Евгений Ефимов -- фардеро, ки эътироф кардааст ба таври ғайриқонунӣ барои таркиш дар калисои шаҳри Санкт-Петербург маводи тарканда месохтааст, боздошт кардаанд. Ба навиштаи нашрияи "The Telegraph", чанд тан аз ҳамкорони ӯ рӯзи шанбе боздошт шуданд.

Ҳамчунин рӯзи якшанбе мақомоти Русия се тани дигарро дар ин робита боздошт кардаанд. Мақомоти Русия ҳувияи онҳоро эълон карда ва мегӯяд, ки онҳо -- Шомил Омаргаджиев аз Доғистон, Алисхан Эсмурзиев аз Ингушистон ва Фирӯз Калавуров аз Тоҷикистон мебошанд. Мақомоти тоҷик то ба ҳол дар мавриди шаҳсияти Фирӯз Калавуров изҳори назар накардаанд ва то ба ҳол маълум нест, ки оё ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ё на.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 16 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд. Дар пайи ин ҳамла мақомоти Русия Содиқ Ортиқов (Кимсанбек Қодиров), шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд ва гуфтанд, ки ӯ ба омилони таркиши 4-уми апрел дар метрои Санкт-Петербург иртибот дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG