Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон аз интиқоли сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас. ВИДЕО


Изҳори нигаронии вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар пайи пойтахти Исроил эътироф шудани Байтулмуқаддас аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп, дар Исроил бетартибӣ рух дод.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 декабр бо пахши изҳороте аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Тел-Авив ба Байтулмуқаддас

Замоне фаро расид, ки Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил эътироф шавад. Дар гузашта раиси ҷумҳурон аснои интихобот ваъда дода, сипас, иҷро намекарданд. Ман тасмим гирифтам, ки иҷро кунам. Доналд Трамп

изҳори нигаронӣ намуда навиштааст, ки "ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард".

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки бар пояи қатъномаи Маҷмаи кулли СММ, "Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд".

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамаи ҷонибҳои дахил аз аъмоле, ки хилоф бо истиқрори сулҳу суботи минтақа аст, худдорӣ мекунанд.

Бетартибиҳо дар Исроил

Тазоҳуроти фаластиниҳо дар шаҳри Байтулмуқаддас зидди тасмими ИМА барои эътирофи он ҳамчун пойтахти Исроил ба бетартибиҳо печид. Дар Ал-Халил, Байтуллаҳм ва шаҳрҳои дигари соҳили ғарбии рӯди Урдун низ задухӯрдҳо ба миён омада, пулиси Исроил ба ин минтақаҳо нирӯи иловагӣ мефиристад.

Фаластиниҳо ба ҷониби пулиси Исроил санг ҳаво дода, пулис дар посух ​аз гази ашковар, гулӯлаҳои резинӣ ва норинҷакҳои садоӣ истифода кард. Ба иттилои Reuters, дар натиҷаи задухӯрдҳо беш аз 30 нафар захмӣ шудаанд.

Рӯзи 7 декабр дар Фаластин корпартоӣ эълом ва бештари мактабу фурӯшгоҳҳо баста шуданд. Раҳбари гуруҳи мамнуи Ҳамос Исмоил Ҳания фаластиниҳоро ба исёни сартосарӣ даъват кард. Вай рӯзи ҷумъаро "рӯзи қиём зидди ишғолгарон" эълом намуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп 6 декабр дастур дод, ки барои интиқоли сафорати ин кишвар аз шаҳри Тел-Авиви Исроил ба Байтулмуқаддас омодагӣ бинанд. Раванди кӯч додани сафорат эҳтимол аст, аз се то чор сол идома кунад.

Даъвати ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ

Пештар ин тасмими Трампро раҳбарони кишварҳои арабӣ сахт интиқод карданд. Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа дар як ҷаласаи изтирорӣ мавқеи ИМА-ро роҷеъ ба Байтулмуқаддас баррасӣ мекунад. Худи Трамп тасмимашро "эътирофи воқеият" номид.

Ӯ ваъда дод, ки Вашингтон дар оянда низ ба раванди муколамаи Исроилу Фаластин мусоидат хоҳад кард.

Конгресси ИМА соли 1995 қонунеро дар бораи интиқоли сафорати ин кишвар ба Байтулмуқаддас қабул карда буд. Вале намояндагии дипломатӣ ба далели мақоми баҳсбарангези шаҳр дар Тел-Авив монд. То чанде пеш дар Вашингтон мегуфтанд, ки Байтулмуқаддас аз замони ба поён расидани мандати Бритониё дар соли 1948 ба ҳеч ҷонибе тааллуқ надорад ва мақоми он танҳо баъди имзои созишномаи сулҳ муайян хоҳад шуд.

Бетартибиҳо дар Исроил баъди пойтахти ин кишвар эътироф шудани Байтулмуқаддас аз ҷониби Трамп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунон эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас кӯч медиҳад. Ин суханони Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. ​

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Конгресс соли 1995 дар як санад хоста буд, то Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шиносад. Аммо ӯ гуфт, беш аз бист сол боз раисони ҷумҳури Амрико интиқоли сафорат аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас ва, ҳамин тавр, ба расмият шинохтани ин шаҳрро ба унвони пойтахти Исроил ба таъхир гузоштаанд. Доналд Трамп гуфт, “замоне фаро расид, ки Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил эътироф шавад. Дар гузашта раиси ҷумҳурон аснои интихобот ваъда дода, сипас, иҷро намекарданд. Ман тасмим гирифтам, ки иҷро кунам.

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ

Бисёре аз кишварҳо ҳокимияти исроилиҳо болои Байтулмуқаддасро ба расмият намешиносанд. Ин шаҳр дорои маконҳоест, ки аз сӯи мусалмонҳо, яҳудиҳо ва масеҳиён муқаддас дониста мешавад. Фаластиниҳо пойфишорӣ доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ, бо шумули шаҳри кӯҳна, пойтахти давлати ояндаи онҳо интихоб шавад.

“Ҳамос” аз кишварҳои арабӣ ва мусалмонон хостааст, ки мавқеи Амрико дар минтақаро заиф кунанд ва изҳороти Трампро “таҷовуз алайҳи мардуми Фаластин” номид.

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ рӯзи 7 декабр дар Брюссел дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп гуфт:

“Эълони президент Доналд Трамп дар бораи Байтулмуқаддас метавонад паёмадҳои ташвишовар ба бор орад. Ин паём мазмуни шикананда дорад ва метавонад моро ба даврони торики дур паспарто кунад. Иттиҳодияи Аврупо як мавқеи рӯшан ва воҳид дорад: мо ба ин боварем, ки танҳо як тасмими воқеӣ барои низои миёни Исроилу Фаластин бояд бар пояи ду давлат қабул шавад ва Байтулмуқаддас пойтахти ҳарду давлати Исроил ва давлати Фаластин аст”.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ҷойгоҳи Байтулмуқаддас бояд аз тариқи гуфтугӯ миёни исроилиҳо ва фаластиниён мушаххас шавад. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ин иқдоми Доналд Трампро мояи таассуф хондааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG