Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Байтулмуқаддас. Ду фаластинӣ кушта шуд


Дар даргирии рӯзи 22-юми июл миёни эътирозгарон ва пулиси Исроил ду фаластинӣ кушта шуд. Эътирозҳо дар Байтулмуқаддас дар пайи ҷорӣ шудани чораҳои шадиди амниятӣ аз тарафи Исроил афзоиш ёфтааст.

Рӯзи ҷумъаи гузашта низ дар ин шаҳр се фаластинӣ кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ин кор баъди он сурат гирифт, ки як ҷавони фаластинӣ бо зарби корд се пулиси Исроилро ба ҳалокат расонд.

Интизор меравад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми июл дар як ҷаласаи паси дарҳои баста хушунатҳои ахир миёни фаластиниён ва исроилиҳоро ба баррасӣ гирад.

Мисру Фаронса ва Шветсия ба идомаи музокирот дар мавриди буҳрони кунунӣ дар Байтулмуқаддас таъкид кардаанд.

Аз ин пеш Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, тамоси кишвараш бо Исроилро мутаваққиф кард ва гуфт, ки равобити сард то замони бардошта шудани чораҳои шадиди амниятӣ идома хоҳад кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Шоҳинҳои Испания - паррандаҳои маҳбуби шайхони араб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG