Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин: Агар Амрико Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил донад...


Як сухангӯи раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин гуфтааст, агар Амрико Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил шиносад, музокироти сулҳ пурра аз байн хоҳад рафт.

Маҳмуд Ҳабаш рӯзи 2-юми декабр дар Ромуллоҳ гуфт, агар Байтулмуқаддас ба таври якҷониба тағйири мавқеъ кунад, ҷаҳон бо паёмади он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Як рӯз пеш аз ин изҳорот, расонаҳо гузориш доданд, ки дар онҳо ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гуфта шуд, Доналд Трамп, мумкин аст, Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият бишиносад. Бар асоси ин гузоришҳо, ба нақл аз мақомҳо гуфта шуд, ки Трамп ҳанӯз дар мавриди интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас низ тасмим нагирифтааст.

Гурӯҳи “Ҳамос”, ки дар шаҳри Ғазза фаъол аст, рӯзи шанбе дар баёнияе аз фаластиниҳо хост, агар чунин як тасмими, ба қавли онҳо, ноодилона бар Байтулмуқаддас таҳмил шавад, муқовимати густарда оғоз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG