Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мехоҳад Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кунад


Сафорати ИМА дар Телавив

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф мекунад ва мехоҳад, сафорати худро аз Телавив ба он ҷо кӯч диҳад.

Тасмимашро президент Доналд Трамп рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбати телефонӣ бо раҳбарони Исроилу Фаластини, Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун матраҳ кард. Эълони ин таҳаввулот ба имрӯз - 6-уми декабр барномарезӣ шудааст.

Бино ба масоили техникӣ кӯчидани сафорат баъд аз шаш моҳ оғоз мешавад.

Раҳбарони кишварҳои арабӣ қарори Доналд Трампро шадидан интиқод карданд. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ гуфт, аз ҳамагуна иқдоме, ки ояндаи созиши сулҳи байни исроилиҳо ва фаластиниҳоро баҳам мезанад, бояд худдорӣ кард.

Кӯчидани сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва эътирофи шаҳр ҳамчун пойтахти Исроил ризоияти байналмилалиро аз байн мебарад. Бахши умдаи кишварҳои ғарбӣ Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътроф намекунанд.

Фаластиниҳо пофишорӣ доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ, бо шумули шаҳри кӯҳна, макони зиёратгоҳҳои мусалмонҳо, яҳудиҳо ва насрониҳо, пойтахти давлати ояндаи онҳо интихоб шавад.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG