Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аббос тамоси фаластиниҳо бо Исроилро мутаваққиф кард


Маҳмуд Аббос

Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, баъд аз хушунатҳои маргбор, ки дар пайи чораҳои шадиди амниятии Исроил дар Байтулмуқаддас оғоз шуд, тамосро бо Телавив боздошт. Оқои Аббос шоми 21-уми июл гуфт, то замоне ки Исроил чораҳои шадиди амниятиро дар Байтулмуқаддас бартараф накунад, равобит ҳаминагуна сард боқӣ хоҳад монд.

Мақомоти Исроил ва Фаластин як силсила иқдомоти мухталифи амниятиро ҳамоҳанг сохта буданд ва маълум нест, ки мутаваққиф шудани тамос чӣ таъсире ба ин ҳамкориҳо хоҳад дошт.

Рӯзи гузашта пулиси Исроил гуфт, дарвозаҳои амниятиро дар вурудгоҳи масҷиди Ҳарами Шариф ҷобаҷо мекунад. Пулиси Исроил ҳамчунон вуруд ба шаҳри кӯҳнаи Байтулмуқаддас ва кӯҳи маъбад ё Ҳарами Шарифро ба мардоне маҳдуд кардааст, ки беш аз 50-сола ҳастанд.

Занон ба ҳар синне, ки бошанд, метавонанд ба инҷо дохил шаванд.

Раҳбарони мусалмон аз ибодаткунандагон хостаанд, то замоне ба инҷо дохил нашаванд, ки Исроил дарвозаҳои амниятиро берун накунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG