Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Трамп ба кишварҳои мухолиф ба мавзеаш дар бораи Байтулмуқаддас


Президенти Амрико бо ишора ба раъйгирии рӯзи панҷшанбе дар Маҷмааи умумии СММ дар бораи вазъияти Байтулмуқаддас ҳушдор дод, кишварҳое, ки бар хилофи мавқеи Амрико раъй медиҳанд, бо қатъи кӯмакҳои молии ИМА рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, президент Доналд Трамп рӯзи 20-уми декабр дар посух ба ин пурсиш, ки вокуниш ба кишварҳое, ки дар қатъномаи вобаста ба Байтулмуқаддас мухолифи мавқеи Амрико раъй диҳанд чист, гуфт, "бигузор алайҳи мо раъй диҳанд, дар иваз мо дар будҷа сарфаҷӯӣ хоҳем кард."

Вазирони умури хориҷии Туркия ва Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи чаҳоршанбе дар Фурудгоҳи Отатурки Истанбул ва пеш аз сафар ба Ню-Йорк гуфтанд, онҳо бовар доранд, ки кишварҳои узви СММ фишорҳои Никки Ҳейлиро нодида хоҳанд гирифт.

Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ ҳам ба кишварҳои узви ин созмон ҳушдор дод, ки дар бораи раъйи худ дар мавриди қатъномаи вазъи Байтулмуқаддас фикр кунанд, зеро Доналд Трамп чунин ҳаракатеро "шахсӣ" бардошт мекунад ва "номи онҳоро дар феҳристе дар канор мегузорад."

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми декабр дар гузорише гуфт, хонум Никки Ҳейли дар номаи таҳдидомез ба бештари намояндагони доими СММ ва паёме дар "Твиттер", аз иқдоми вазирони умури хориҷии Туркия ва Ташкилоти худгардони Фаластин, ки дар ҳоли сафар ба Ню-Йорк ҳастанд, то дар ҷаласаи умумии СММ иштирок карда ва раъй диҳанд, интиқод кард. Туркия ва Ташкилоти худгардони Фаластин аз Амрико интиқод карда ва Вашингтонро ба "тарсонидан"-и дигарон, муттаҳам намуданд.

Пас аз ин, ки Амрико дар Шӯрои амнияти СММ қатъномаи марбут ба Байтулмуқаддасро вето кард, фаластинҳо раъйгирӣ дар Маҷмаи Умумии СММ-ро пешниҳод намуданд. Қатъномаи таҳияшуда барои пешниҳод ба Маҷмааи умумӣ, аз Трамп мехоҳад, ки аз тасмими худ дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил ва ҳамчунин интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас, худдорӣ кунад.

Никки Ҳейли, намояндаи домии Амрико дар СММ.
Никки Ҳейли, намояндаи домии Амрико дар СММ.

Бар хилофи қатъномаи Шӯрои Амният, асноди содиршуда аз сӯи Маҷмааи Умумии СММ ҳатмӣ нест иҷро шавад ва фақат гӯёи дидгоҳҳои кишварҳои дунё аст. Қатъномаеро, ки қарор аст имрӯз, панҷшанбеи 21-уми декабр дар Маҷмааи Умумии СММ дар бораи он раъйдиҳӣ сурат бигирад, ба ҳамон лаҳне таҳия шудааст, ки Амрико онро вето карда буд.

Ба гузориши "Ассошиэйтед пресс", ин нахустин бор нест, ки хонум Никки Ҳейли таҳдид кардааст, ки иқдомоти мухолифони Амрикоро пайгирӣ мекунад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ вақте хонум Никки Ҳейли ба мақоми намояндаи доимии Амрико дар СММ муаррифӣ шуд, гуфт, ки равиши кории Амрико дар СММ иваз шудааст. Дар он вақт хонум Никки Ҳейли гуфт, ҳукумати Доналд Трамп ҳадафаш ин аст, ки қудрати Амрикоро нишон диҳад, сухан бигӯяд ва аз муттаҳидони худ дифоъ кунад. Ва низ гуфта буд, кишварҳое, ки мухолифи Амрико ҳастанд, "номашонро ёддошт мекунем."

"Ассошиэйиел пресс" менависад, рафтори Никки Ҳейли аз нигоҳи шуморе аз дипломатҳои бособиқаи СММ, ёдовари рафторҳои Амрико дар соли 2002 ва дар хусуси қатъномаи иҷозаи амалиёти низомӣ алайҳи Ироқ дар замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буши писар аст. Он вақт оқои Буш мавзеи сахт дар барои Фаронса ва дигар кишварҳое гирифт, ки ҳозир нашуданд аз иқдоми низомӣ дар Ироқ ҳимоят кунанд.

Ин ки Амрико дар баробари кишварҳое, ки рӯзи панҷшанбе хилофи назари Вашингтон раъй медиҳанд, чӣ мекунад, ҳанӯз маълум нест. Қатъномаи ёдшуда бо ҳамкории Туркия, ки раиси Созмони иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст ва Яман, ки раиси гурӯҳи арабӣ дар СММ аст, таҳия шудааст.

Пеш аз ирсоли номаи Никки Ҳейли ва интишори паёмаш дар "Твиттер", Риёз Мансур, сафири Фаластин дар СММ ба "Ассошиэйтед пресс" гуфта буд, интизор дорад, ки ҳимояти густурда аз ин қатънома сурат бигирад. Риёз Ал-Моликӣ, вазири умури хориҷии Ташкилоти худгардони Фаластин ва Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар Фурудгоҳи Отатурки Истанбул ва пеш аз сафар ба Ню-Йорк гуфтанд, онҳо бовар доранд, ки кишварҳои узви СММ фишорҳои Никки Ҳейлиро нодида хоҳанд гирифт.

Оқои Моликӣ гуфт, бовар дорад, ки райъи рӯзи панҷшанберо кишварҳо бар асоси виҷдони худ хоҳанд дод, зеро ин раъй барои адолат аст ва онҳо ба нафъи ин қатънома раъй медиҳанд. Вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, "ҳеҷ кишвари шарифе зери бори чунин фишоре камар хам намекунад. Ҷаҳон иваз шудааст. Он дидгоҳе, ки мегуфт ман қудрат дорам, дар натиҷа дуруст ҳам мегӯям, дигар иваз шудааст. Ҷаҳон алайҳи беадолатӣ ба хурӯш меояд."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG