Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, тағйири созишномаи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ кори “оқилона”мебуд, чун шанси боқӣ монданашро зиёд мекунад.
Нетаняҳу дар ин бора рӯзи 13-уми январ дар як тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳури Фаронса сӯҳбат кардааст ва як рӯз баъд аз онки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз кишварҳои аврупоӣ тақозо кард, “нуқсҳои” созишномаро ислоҳ кунанд, дар акси ҳол Амрико аз он хориҷ мешавад.
Дар баёнияе, ки ҳукумати Исроил нашр кард, омадааст, Нетаняҳу ба Эммануэл Макрон гуфтааст, суханони Доналд Трампро “бояд ҷиддӣ гирифт ва ҳар касе мехоҳад, созиши атомӣ бимонад, бояд оқил бошад ва онро дуруст кунад.”
Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин ба раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки “панҷ ҷинояти режими Эронро башиддат маҳкум мекунад” ва он ҳам ба гуфтаи ӯ, “талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, сохтани мушакҳои балластикӣ, ҳимоят аз терроризм, таҷовуз дар минтақа, ва саркӯби золимонаи мардуми Эрон”.
Исроил дар гузашта ҳам гуфтааст, ки Эрон ҳамчунон мехоҳад, он кишварро аз байн барад ва аз терроризм ҳам ҳимоят мекунад. Доналд Трамп ва дигар мақомоти Амрико ҳам чунин иддао доранд. Исроил ҳамчунин мегӯяд, ки Эрон ба созмони тундрави фаластинии Ҳамос, гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ ва созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон кӯмак мекунад.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Фаронса хабар дод, ки Эммануэл Макрон хостааст, созиши атомӣ “ба таври зарурӣ риоят шавад.”
Дар як гуфтӯгуи телефонӣ бо Доналд Трамп дар рӯзи 11-уми январ, Эммануэл Макрон таъкид кардааст, ки “созишнома бояд иҷро шавад ва ҳамаи онҳое, ки зераш имзо гузоштаанд, ба он эҳтиром гузоранд.” Дар баробари Фаронса, Бритониё, Чин, Олмон ва Русия ҳам аз Амрико хостаанд, ки созиши атомӣ бо Эронро риоят кунад.
Аз он тараф ҳукумати Эрон рӯзи 13-уми январ гуфт, ки ҳеҷ гуна тағйир дар созиши атомии соли 2015-ро намепазирад. Бар асоси ин созишнома, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва қудратҳои ҷаҳонӣ баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эронро бардоштанд. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд, аммо Амрико ва дигар кишварҳо мегӯянд, ки Ҷумҳурии исломӣ мехоҳад, бомби атомӣ бисозад.
Рӯзи 12-уми январ Доналд Трамп гуфт, ки лағви таҳримот ба зидди Эронро тамдид кард ва гуфт, ки муқаррароти созиши атомиро иҷро мекунад ва ҳоло ба он даст намерасонад, вале ӯ хост, то 120 рӯзи дигар созиши атомиро ислоҳ кунанд, вагарна Амрико аз он берун мешавад.
Доналд Трамп аз ҷумла мехоҳад, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ назорати таъсисоти атомии Эронро зиёдтар кунад ва ҳам маҳдудиятҳое, ки бо гузашти вақт аз фаъолиятҳои атомии Эрон бардошта мешаванд, бимонанд.
Бар илова, Эрон бояд бигӯяд, ки барномаҳои атомӣ ва барномаи мушаксозии онҳо якҷоя ҳастанд. Мақомоти Амрикову дигар кишварҳо гуфтаанд, ки Эрон метавонад, ба осонӣ аз мушакҳои балластикӣ, мушакҳои қодир ба кулоҳакҳои атомӣ бисозад.