Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо мегӯянд, ки Трамп онҳоро "шантаж" мекунад


Доналд Трамп қабл аз имзои қонуни молиёт дар дафтари кориаш. 22 декабри соли 2017
Доналд Трамп қабл аз имзои қонуни молиёт дар дафтари кориаш. 22 декабри соли 2017

Фаластиниҳо ба изҳороти президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи қатъи кӯмакҳо бо хашм вокуниш карданд ва гуфтанд, Байтулмуқаддас барои фурӯш нест ва Трамп онҳоро "шантаж" мекунад.

"Байтулмуқаддас моли фурӯшӣ нест, ин тилло ё нуқра нест",- гуфт сухангӯи раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос рӯзи 3 январ дар Каронаи Ғарбии руди Урдун. Як рӯз пеш президент Трамп дар Твиттер навишт, ки "агар Фаластиниҳо хоҳиши сулҳу созиш надоранд, чаро мо ба онҳо дар оянда пул диҳем?".

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола барои барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Каронаи Ғарбии Руди Урдун ва Навори Ғазза беш аз 300 миллион доллар тахсис медиҳад.

Дар ҳоле, ки Трамп мехоҳад дар баномаи сулҳи миёни Исроил ва фаластиниҳо саҳм бигирад, иқдоми ахири ӯ - эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил, ба таври густарда хилофи ҳадафи сулҳ арзёбӣ мешавад.

Фаластиниҳо мехоҳанд Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти давлати ояндаи онҳо шавад.

Бо эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил, Трамп "худсарона" бунёди сулҳро хароб кард,- гуфт Ҳанан Ашравӣ - сухангӯи раҳбари Фаластиниҳо ва афзӯд, ки "Фаластиниҳо ба шантаж дода намешаванд".

Сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ ба хабарнигорон дар Ню Йорк гуфт, то замоне, ки Фаластиниҳо барои бозгашт ба мизи музокирот ризоият надиҳанд, Трамп тасмим дорад аз ироаи кӯмакҳои молӣ ба онҳо худдорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG