Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи сафари Раҳмон ба Чин аз имзои даҳҳо қарордоди ҳамкории ширкатҳои тиҷоратӣ хабар доданд

Акс аз khovar.tj
Акс аз khovar.tj

Дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Чин, дар доираи як ҳамоиши ширкатҳои ду кишвар созишномаи ҳамкориҳо дар ҳаҷми 647 миллион доллар ба имзо расидааст.

Дар ин бора рӯзи 11 май хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дода гуфт, ки IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» дар шаҳри Пекин ҷараён гирифт ва дар ҳошияи он 28 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин ҳамоиш даҳҳо ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology ва Lenovo иштирок намуданд. Ҷузъиёти бештар дар бораи созишномаҳо ваё мавзӯи ин лоиҳаҳо нашр намешавад.

Баргузории форум дар рӯзи шурӯи сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин рост омад, ки қарор аст то 14 май давом кунад.

22 сафари Раҳмон ба Чин

Ба навиштаи матбуоти расмии Чин, аз замони оғози шарикии стратегии Чину Тоҷикистон дар соли 2013, ин сафари 22-юми Эмомалӣ Раҳмон ба Чин буда, раҳбари Ҷумҳурии Мардумӣ дар ин муддат Тоҷикистонро се дафъа дар доираи сафарҳои давлатӣ зиёрат кардааст.

Чин шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон буда, ба иттилои сафири Чин дар Тоҷикистон Го Чжитзюн, ин сафар барои боз ҳам бештар тавсеа додани домани ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2026 назар ба як соли пеш панҷоҳ дарсад афзуда, 790 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора China Media Group хабар додааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки боздиди Эмомалӣ Раҳмон то 14-уми май идома мекунад ва қарор аст, дар ҷараёни масоили ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шавад.

Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион доллар қарздор аст. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Ҳузури ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд.

Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт.

Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.

Ин аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин пас аз марги чанд коргари чинӣ дар Тоҷикистон аст, ки нигарониҳои Чинро аз амнияти кормандонаш дар хоки Тоҷикистон барангехт.

Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд. Пас аз ин коргарони чинӣ аз кор дар корхонаву майдонҳои истихроҷи маъдан дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон даст кашиданд ва аз он ҷойҳо хориҷ шуданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG