Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкати чинӣ мехоҳад дар Балҷувон нафт истихроҷ кунад

CNPC ё ширкати миллии нафту гази Чин, дар минтақаи нафтхези Балҷувон дар вилояти Хатлон, ба ҷустуҷӯйи нафт оғоз кардааст.

Солҳои пеш дар ин ноҳияи кӯҳӣ нафти хом тавлид мешуд ва бо сабаби куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот, ҳоло нафт кам истихроҷ мешавад. Як сабаби дигарро ба умқи замин рафтани нафт медонанд.

Тибқи маълумоти Идораи геологияи Тоҷикистон, ба ширкати CNPC парвона ё иҷозаномаи кор то соли 2033 дода шудааст. Бар асоси ин санад, ширкат ҳақ дорад дар 57 майдон дар ҷануб-ғарби Тоҷикистон нафту газ ҷустуҷӯ кунад.

Мақомоти ноҳияи Балҷувон ҳам аз таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба нафти ин минтақа гап мезананд. Ба гуфтаи онҳо, соли 2022 як сармоядори чинӣ омада, чоҳҳои нафтро дид, аммо сармоягузорӣ накард. Умеди мақомот ҳоло ба шикати миллии нафту гази Чин ё CNPC аст.

Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, "мо бо роҳбарони ин ташкилот гуфтушунид доштем ва бояд рӯзҳои наздик омада, ба кор шуруъ кунанд. Мо маълумот дорем, ки дар ноҳия чӣ қадар захира аст. Бовар дорам, ин кор дар оянда хуб мешавад".

Ширкати чинӣ мехоҳад дар ноҳияи Балҷувон нафт истихроҷ намояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Раиси вилояти Хатлон ҳам мегӯяд, танҳо ин ширкат дар соли 2025-ум 62 милион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, "фаъолияти ширкати СNPC вобаста ба иктишофи газу нафт дар ҳудуди вилояти Хатлон. Соли гузашта аз ҷониби ҳамин ширкат дар ҳудуди вилоят 62 миллион доллар кор сурат гирифтааст ва ин сармояи мустақим аст".

Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва минтақаи кӯҳист. Дар гузашта ноҳияҳои Ховалингу Восеъ ва Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин мекард.

Тибқи омори Саридораи геология, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна захираи нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ муайян шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки талошҳо барои истихроҷи нафту гази Балҷувон то куҷо самар медиҳанд. Дар гузашта талошҳо барои пайдо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон камҳосил будаанд.

Аз ҷумла, ширкатҳои "Газпромнефт", "Total" ва "Тетрис Петролиум" талош карданд, ки дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ кунанд, аммо дертар аз кишвар рафтанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG