Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашӣ дар Балҷувон, вале бо таҷҳизоти фарсуда. ВИДЕО


Таҷҳизоти нафткашӣ дар Балҷувон дубора ба чархиш даромад, вале дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ нафти кам истеҳсол мекунад.

Дар ҳукумати Балҷувон мегӯянд, заминҳои минтақа аз нафту газ саршор аст. Ҳамзамон эътироф мекунанд, ки бо фанновариҳои кӯҳнаву фарсуда нафткашӣ ва коркарди он мушкил аст.

Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, гуфт, “солҳои Шӯравӣ ва то давраи истиқлол нафт ҳам интиқол мекард. Мутаассифона, дар айни ҳол интиқол намекунад. Баъзе чоҳҳоро аз дигар парма кардан даркор. Технология кӯҳна шудааст, рости гап.”

Ҳоло дар ин ноҳия “Балҷувонгаз” ва ширкати “Ҳасан-компания” ба коркарди нафту газ машғуланд. “Балҷувонгаз” идораи давлатист, “Ҳасан-компания” ширкати хусусист.

Масъулони ҳукумат мегӯянд, баъди кам шудани газу нафт дар чоҳҳо, “Ҳасан-компания” аз молиёт як миллиону дусад ҳазор сомонӣ қарздор шуд.

“Ҳоло имкониятҳо шуд, созишномаҳо шуд. Ҳар моҳ 30 ҳазор сомонӣ медиҳад,” – гуфт Аҳлиддин Раҳимзода, муовини раиси ноҳияи Балҷувон.

Наворро дар Ютуб бинед:

Моҳи марти имсол президенти Тоҷикистон ба масъулони ноҳияҳо дастур дода буд, ки ширкатҳои хориҷиро ба сармоягузорӣ ҷалб кунанд.

Мақомот мегӯянд, сафорати Туркия ба ноҳияи Балҷувон таваҷҷуҳ кард. Як гурӯҳи корӣ аз ҷумҳурии Миср ҳам ба инҷо омадаанд.

Ба гуфтаи масъулон, онҳо дақиқ кардаанд, ки ҳоло ҳам дар Балҷувон газу нафти зиёде ҳаст, вале барои баровардани он заминро бояд парма кард.

Бахтиёр Сафарзода, раиси Балҷувон, мегӯяд, “дар кӯҳи Говкуш захираҳои нафт ҳаст, захираи газ ҳаст, фақат парма кардан даркор, зиёда аз шаш ҳазор метр, яъне шаш километр.”

Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва минтақаи кӯҳист. Дар гузашта ноҳияи Ховалингу Восеъ ва Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин мекард.

Ҳоло ҳукумати Балҷувон бовар дорад, ки бо парма кардани чоҳу овардани фанновариҳои муосир, дубора нафту гази бештар мебарораду камбуди сӯзишвориро дар кишвар ҷуброн хоҳад кард, вале маълум нест кай.

Дар Балҷувон ба зудӣ бензин истеҳсол мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG