Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико пойбандии Эрон ба созиши ҳастаиро таъйид кард


Ҳукумати Амрико рӯзи душанбеи 17-уми июл тасдиқ кардааст, ки Эрон ба тавофуқи атомӣ, ки ду сол қабл бо қудратҳои ҷаҳонӣ имзо кард, пойбанд будааст. Бо ин вуҷуд як мақоми баландпоя дар ҳукумати Амрико гуфтааст, ки ҳамзамон бо ин таъйид, таҳримҳои ғайри атомӣ алайҳи Теҳрон, дар роҳ аст.

Ҳукумати Доналд Трамп то рӯзи душанбеи 17-уми июл (ба вақти Амрико) муҳлат дошт то гузориши худ дар мавриди иҷрои тавофуқи атомиро ба Конгресс ироа кунад. Бинобар созиши анҷомшуда, ин гузориш бояд ҳар 90 рӯз як бор ба Конгресс пешниҳод шавад.

Доналд Трамп аз мухолифони сарсахти гуфтугӯ ва тавофуқ миёни Теҳрон, ҳукумати Барак Обама ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар буд ва ваъда дода буд дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, аз баҳри он мегузарад.

Доналд Трамп аз мухолифони сарсахти гуфтугӯ ва тавофуқ миёни Теҳрон, ҳукумати Барак Обама ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар буд ва ваъда дода буд дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, аз баҳри он мегузарад. Пас аз пирӯзии оқои Трамп, мақомҳои амрикоӣ бар канор гузоштани як тарафи ин созиш, таъкиди зиёде накарданд. Ҳарчанд борҳо гуфтанд, онро мавриди бозбинӣ қарор хоҳанд дод.

Гузориши пешниҳодшуда ба Конгресс нишон медиҳад, ки Вашингтон феълан иҷрои ин тавофуқномаро таъйид карда ва Теҳрон низ ҳамчунин метавонад аз рафъи таҳримҳои вобаста ба он, баҳра барад. Ин гузориш дар дувумин солгарди тавофуқи атомӣ пешниҳод шудааст. Оқои Трамп беш аз шаш моҳ аст, ки раиси ҷумҳури Амрико мебошад.

Як мақоми баландпояи Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, ки ба "ӯҳдадориҳо, бар пояи маълумоте, ки ба дасти Амрико расидааст", амал шудааст. Бори охир дар моҳи апрел ҳукумати Амрико таъйид карда буд, ки ҳукумати Эрон ба ин созишнома пойбанд будааст.

Аммо мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, ки акнун интизор меравад таҳримҳо дар пайванд бо барномаи мушакӣ ва "барномаи тавлиди қаиқҳои тундрав", иҷро шаванд. Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, ки ин масъули Кохи Сафед аз пешниҳоди ҷузъиёт дар мавриди ин таҳримҳо худдорӣ кардааст. Ҳукумати Амрико Эронро муттаҳам кардааст, ки бо истифода аз "қаиқҳои тезрав" дар Халиҷи Форс, фаъолиятҳои таҳрикомез алайҳи нерӯҳои низомии он кишвар ва низ "гаштҳои баҳрӣ", анҷом медиҳад.

Ду рӯз пеш Маҷлиси намояндагони Амрико ба қонуни дифои он кишвар иловае ворид кард, ки аз вазорати дифои он кишвар хостааст барои дурӣ ҷустан аз даргириҳои тасодуфӣ бо нерӯҳои эронӣ дар Халиҷи Форс, як хатти иртиботӣ бо Эрон барқарор шавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG