Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Эрон "густохтар" шудааст


Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Fox News аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон интиқод намуда ва гуфтааст, ки ҳукумати Эрон аз он вақт ба ин тараф "густохтар" шуда ва ба Амрико "комилан беэҳтиромӣ" мекунад. Доналд Трамп мегӯяд, ки Эрон ҳукумати шумораи яки пуштибон аз терроризм аст.

Дар посух ба пурсиши шабакаи хабарии Fox News дар мавриди созиши атомӣ бо Эрон, Доналд Трамп гуфтааст, "ман фикр мекунам ин бадтарин созиши атомии мумкин буд. Фикр мекунам ин созише буд, ки ҳаргиз набояд дар мавриди он гуфтугӯ мешуд. Аз назари ман, шармовар аст, ки созише монанди он доштем ва бояд онро имзо намекардем ва ҳеҷ зарурат набуд, ки ин корро бикунем. Агар қарор аст ин корро бикунем (имзо кунем), бояд тавофуқи хубе дошта бошем."

Доналд Трамп мегӯяд, ки Эрон кишвари шумораи яки пуштибон аз терроризм аст.

Ҳукумати Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико аз созиши атомӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ пуштибонӣ кардааст. Аз нигоҳи ҳукумати пешини Амрико, Эрон то пеш аз созиши ҳастаӣ, наздик буд ба маводи лозим барои сохтани ҷангафрзоҳои ҳастаӣ даст ёбад ва бинобар ин тавофуқ, ин кор ба таъхир афтод.

Доналд Трамп ҳини маъракаҳои интихоботи президентӣ борҳо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон интиқод карда ва низ борҳо ҳукумати Барак Обамаро барои фиристодани пули нақд ба Эрон муттаҳам карда буд. Дар ҳамин мусоҳиба бо шабкаи Фокс Нюс, оқои Трамп мегӯяд, ки "мо ба онҳо 1,7 млрд доллар пули нақд додем."

Амрико борҳо ҳукумати Эрон муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст. Ин суханон чӣ дар замони ҳукумати Обама ва ҳоло акнун дар замони Доналд Трамп такрор шудаанд. Эрон ҳамеша ин суханонро рад карда ва дар муқобил кишварҳои муттаҳиди Амрико дар минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудиро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кардааст.

Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ созишномаи ҳастаиро имзо кард.
Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ созишномаи ҳастаиро имзо кард.

Доналд Трамп дар посух ба ин пурсиши шабаки Фокс Нюсз, ки оё созиши ҳастаиро бекор хоҳад кард, мегӯяд, "хоҳем дид чӣ иттифоқе хоҳад афтод... ман метавонам инро бигӯям, ки онҳо комилан ба кишвари мо беэҳтиромӣ мекунанд. Эрон кишвари шумораи яки пуштибони терроризм аст. Онҳо пул ва аслиҳа ба ҳама ҷо мефиристанд."

Доналд Трамп сипас бо ишора ба рӯёрӯиҳои баҳрӣ дар Халиҷи Форс ва мавридҳои дигаре аз рӯёрӯиҳои низомӣ миёни нерӯҳои Эрон ва артиши Амрико дар минтақа гуфтааст, ки "онҳо на танҳо эҳтироме ба мо намегузоранд, балки ҳавопаймоҳои моро пайгирӣ мекунанд. Бо киштиҳои хурдашон дар киштиҳои мо мечарханд ва эҳтиромашонро аз даст додаанд. Чун боварашон намешавад касе он қадар аблаҳ бошад, ки чунин созише бо онҳо имзо кунад."

Нақшаи Халиҷи Форс.
Нақшаи Халиҷи Форс.

Мақомҳои эронӣ қабл аз ин ва дар чанд маврид, киштиҳои амрикоиро ба нодида гирифтани марзҳои баҳрии худ муттаҳам карда буданд. Аммо Амрико ҳамеша инро рад карда ва гуфтааст, ки онҳо дар обҳои байналмилалӣ дар ҳаракат будаанд.

Гуфтаи нави раиси ҷумҳури Амрико дар бораи Эрон, идомаи интиқодҳои мақомоти ҳукумати ӯ дар мавриди Теҳрон мебошанд. Пеш аз ин вазири дифои Амрико низ Эронро бузургтарин пуштибони давлатии терроризм номида буд ва мушовири амнияти Трамп низ гуфта буд, ҳукумати Амрико талошҳои "таҳрикомез"-и Эронро дигар таҳаммул нахоҳад кард.

Муовини раиси ҷумҳури Эрон ба гуфтаҳои пешин дар мавриди "ҳимояти давлатӣ аз терроризм" вокуниш нишон дода буд. Ҳукумати Эрон ҳанӯз вокунише ба гуфтаҳои ахири Доналд Трамп интишор накардааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG