Пайвандҳои дастрасӣ

Гугуш: Дастури Трамп шояд монеи рафтанам ба Амрико шавад. ВИДЕО


Фармони раиси ҷумҳури Амрико дар бораи мамнӯияти вуруди паноҳҷӯён ва шаҳрвандони ҳафт кишвари умдатан мусалмонӣ ба хоки Амрико, ба зиндагии ҳазорон нафар таъсир гузоштааст. Аз ҷумлаи касоне, ки ин дастур барномаи кориашонро халалдор кардааст, Гугуш, хонандаи маъруфи эронӣ мебошад. Хонум Гугуш, ки "грин-корт" дорад ва сокини Лос-Анҷелес аст, қарор аст аз Лондон ба Амрико сафар кунад. Ӯ дар як сӯҳбат ба шабакаи хабарии "Евронюс", дар мавриди нигарониҳояш аз вуруд ба Амрико ҳикоят кардааст.

Гугуш дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи ин нигарониҳояш аз ҷумла гуфтааст, чунин ҳис ба ӯ айнан 37 сол қабл, дар соли 1980 замоне ки инқилоби исломӣ дар Эрон ба пирӯзӣ расида ва фаъолиятҳои ҳунарӣ мутаваққиф шуд, ҳини бозгашташ аз Лондон ба Теҳрон даст дода буд.

Фармони раиси ҷумҳури Амрико дар бораи мамнӯияти вуруди паноҳҷӯён ва шаҳрвандони ҳафт кишвари умдатан мусалмон ба хоки Амрико, ба зиндагии ҳазорон нафар таъсир гузоштааст.

Вай мегӯяд, ки чанд рӯз қабл бо вакилаш дар парвандаи муҳоҷират дар ин робита сӯҳбат дошт ва ба ӯ гуфт, накунад ба сабаби онки дар хонаводаи мусалмон ба дунё омадааст ва як эронӣ ҳаст, дубора даргири мушкилоте дар фурудгоҳ бишавад. Аммо хонум Гугуш мегӯяд, ба ӯ амнияти хотирро додаанд ва ӯ ба Амрико, ки хонаи дувумаш мебошад, бармегардад.

Хонум Гугуш дар посух ба ин суол ки вақте нахустин бор аз дастури Доналд Трамп хабарор шуд, онро чигуна қабул кард, гуфт, “ҳамон ҳиссе, ки накунад аз хонаи дувумам низ ронда бишавам. Чун агар ронда бишавам, маҷбуран ҷое барои мондан бояд интихоб бикунам, чун визаи Шенгенам ҳам барои чанд моҳи дигар тамом мешавад. Ба мамлакатам наметавонам баргардам. Агар ин иттифоқ биафтад, боз ман ҳастаму истодан дар нокуҷообод."

Гугуш умедворӣ кардааст, ки ҳангоми сафар ба Амрико мушкиле пеш намеояд ва орзу кардааст, ки ҳеҷ инсоне пушти ҳеҷ марзе намонад ва орзуву рӯъёҳояш аз байн наравад. Соли 1979 дар давраи инқилоби исломии Эрон Гугуш дар хориҷ аз Эрон буд, вале бо хоҳиши худ ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашту тӯли беш аз бист сол хомӯш монд. Дар соли 2000-ум Гугуш имкон ёфт Эронро тарк намуда, дар Ғарб маскун шавад.

Ин сӯҳбати Гугуш бо шабакаи хабарии "Евронюс" дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд соат баъд маъмурияти Кохи Сафед ба сокинони доимӣ ё ба истилоҳ соҳибони "грин-корт" иҷозат дод, ки ба ИМА ворид шаванд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ин тағйирот ба дастурамали иҷрои фармони ахири баҳбарангези Доналд Трамп, президенти нави Амрико ворид шудааст.

Президенти нави ИМА ахиран фармонеро имзо кард, ки вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз манъ мекунад. Ҳамчунин бар пояи он, қабули паноҳандагон 120 рӯз ва фирориёни суриягӣ барои муҳлати номаълум мамнӯъст. Ин фармон ҳатто нисбат ба шахсоне ҳам иҷро шуд, ки раводиди ИМА ё "грин-корт" доранд.

Доналд Трамп дар маъракаи пеш аз интихоботияш мусулмононро барои Амрико "хатар" хонда, даъват кард, ки вуруди онҳо ба ин кишвар манъ карда шавад. Ин суханҳои миллиардер баҳсҳои тундеро дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Баъдан ҷонибдорони Трамп гуфтанд, ки ӯ тундравони исломиеро дар назар дошт, ки мехоҳанд ба ИМА ворид шаванд.

Ин тарона маҳсули эҷодии Гугуш дар замони зиндагиаш дар Амрико аст:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG