Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Амрико даъвои ҳукумати Трампро қонеъ накард


Додгоҳи федералие дар шаҳри Сан-Франсискои Амрико, даъвои вазорати адлия барои баргардонидани ҳукми эътибори фармони раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусулмонӣ ва ҳам паноҳҷӯён ба Амрикоро қонеъ накард.

Додгоҳи 9-уми таҷдиди назар дар шаҳри Сан-Франсиско рӯзи 5-уми феврал ба ҷойи он аз аёлати Вашингтон ва ҳукумати Доналд Трамп хост, барои собит кардани даъвояшон ваҷҳ ва далели бештар биёранд.

Аз ин пештар ​вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ шикоят бурд, то фармони беэътиборшудаи раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди сокинони 7 кишвари мусулмонӣ, аз ҷумла паноҳҷӯён ба Иёлоти Муттаҳидаро қонунӣ эълон кунад.

Пеш аз эълони вазорати адлия дар рӯзи 4-уми феврал Доналд Трамп ҳукми додрас Ҷеймс Робарт аз Сиетлро “масхараомез” хонда, танқид кард ва худи ӯро “ба ном” додрас номид. Раиси ҷумҳури Амрико чанд соат баъд аз ин гуфтааш дар Твиттер ба ин шабакаи иҷтимоӣ баргашт ва танқиди ҳукми додрасро идома дод.

Ӯ навишт: “Бо кишвари мо чӣ мешавад, вақте як додрас, манъи сафари вазорати амнияти дохилиро беэътибор мекунад ва ҳар кас ҳатто бо нияти бад метавонад, ба Амрико биёяд?”

Ҳушдор ба мусофирон, ҳарчӣ зудтар ба Амрико ворид шавед

Пеш аз даъвои вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ, ба шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишин, ки раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро доштанд, гуфтанд, ки ҳарчӣ зудтар ба ҳавопаймоҳои озими Амрико биншинанд, зеро мумкин аст, дар сурати қонеъ шудани даъвои вазорат, дигарбора аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум шаванд.

“Мо ба онҳо гуфтем, ки ҳарчӣ зудтар парвози наздиктаринро интихоб кунанд” –гуфт, Руло Оун, мудири Иттиҳодияи ҳуқуқи мадании арабҳои Амрико дар шаҳри Диборн дар аёлати Мичиган.

Айни замон хабаргузории “Рейтерс” гуфт, ки вазорати умури хориҷии Амрико дигарбора қабули паноҳандагон, аз ҷумла аз Сурияро аз сар гирифтааст ва мумкин аст, ин афрод рӯзи 6-уми феврал ба Иёлоти Муттаҳида ворид шаванд.

Як сухангӯи Созмони Милал ба рӯзномаи Ню Йорк Таймс гуфтааст, тақрибан 2 ҳазор муҳоҷир омодаи сафар ҳастанд.

Мо пирӯз мешавем. Барои амннияти кишвар мо пирӯз мешавем.

Пеш аз баррасии даъво Доналд Трамп дар осоишгоҳи хусусиаш Мара-а-Лаго дар аёлати Флорида гуфтааст, бовар дорад, ки даъвои вазорати адлия дар додгоҳ қонеъ карда мешавад.

“Мо пирӯз мешавем. Барои амннияти кишвар мо пирӯз мешавем” –гуфтааст, ӯ.

Ҳукми як додрас, вале ҳукми саросарӣ

Фармони Доналд Трамро рӯзи 3-уми феврал додрас Ҷеймс Робарт, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш таъйин шудааст, беэътибор эълон кард, чун ба гуфтаи ӯ, то замони баррасии шикоятҳои расмӣ аз дастури ӯ дар ду аёлат, Вашингтон ва Миннесота амалӣ кардани дастур номумкин аст. Иҷрои ҳукми ин додрас барои саросари Амрико ҳатмист ва аз ин рӯ ба Хадамоти гумрук ва марзбонии Амрико гуфтаанд, ба ҳар мусофире, ки раводиди қонунии Амрикоро доранд, иҷозаи вуруд ба хоки кишвар дода шавад.

Баъди фармони Доналд Трамп раводиди шаҳрвандони ҳафт кишвар амалан беэътибор шуд. Раиси ҷумҳури Амрико судури амри манъи вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари умдатан мусулмониро рӯзи 27-уми январ содир кард ва гуфт, ки ин дастур барои таъмини амнияти Амрико ва муҳофизати он зарур аст, вале мунтақидон мегӯянд, дастур ғайриконститутсионӣ аст, зеро ҳадафи он пайравони фақат як мазҳаб ҳастанд.

Бар асоси ин дастур, шаҳрвандони Эрону Ироқ, Либияву Сомалӣ ва Судону Яман ҳақ надоранд, то 90 рӯзи оянда ба Амрико ворид шаванд. Бояд қабули тамоми паноҳҷӯён ба Амрико барои 120 рӯз муттавақиф шавад ва баррасии муроҷиати паноҳҷӯён аз Сурияро барои муддати номуайян боздоранд.

XS
SM
MD
LG