Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти ИМА бо як қарори худ иҷрокунандаи вазифаи вазири адлия ва ҳамзамон додситони кулли ин кишварро баъди он аз мақом озод кард, ки нахост дар додгоҳҳои ин кишвар қарори Трампро оид ба манъи вуруди муҳоҷирони 7 кишвар ҳимоят кунад.

Президент Доналд Трамп шоми душанбе Салли Йетс, иҷрокунандаи вазифаи вазири адлияро барои он аз мақомаш озод кард, ки иҷрои амри ӯро дар заминаи манъи сафари муҳоҷирон аз саросари ҷаҳон ва бахусус 7 кишваре, ки дар онҳо созмонҳои террористӣ махсусан фаъол ҳастанд, рад кард. Дар изҳороти Йетс гуфта шуд, ки “аз рӯи мақоме, ки дорад, вазифадор аст, ки аз адолат ва ҳақиқат ҳимоят кунад”.

Табъйизи инсонҳо бар асоси арзишҳои мазҳабии онҳо бароям ғайри қобили қабул аст. Барак Обама

Йетс, ки ба ин мақом аз ҷониби Барак Обама таъйин шуда буд, то замони аз ҷониби Сенат ба ин мақом тасдиқ шудани номзадии Ҷефф Сенш ба иҷрои масъулиятҳояш машғул буд. Рӯзи душанбе вай бо пахши изҳороте гуфт, ки ба ҳама зердастонаш дар додгоҳҳо амр додааст, ки қарори президентро дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон иҷро накунанд. Баъди чанд соати ин ҳодиса, Кохи Сафед изҳорот пахш кард, ки “бо тасмими ин ки аз иҷрои қароре, ки ба ҳимояи шаҳрвандони ИМА равона шудааст, Йетс дар нисбати вазорати адлия хиёнат кардааст”.

Дар изҳорот омадааст, ки кори вазир “дар умури марзҳо ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ заъиф аст”.

Чанд соат пеш аз ин раҳбари демократҳо дар Сенат Чарлз Шумер

талош кард қатъномаи манъи билофосилаи иҷрои фармони президентро ба овоздиҳӣ гузорад, вале ин иқдомро ҷумҳурихоҳҳо масдуд карданд. Айни замон, як демократи дигар дар Маҷлиси намояндагон Ҷеррӣ Надлер гуфт, ки ин иқдом баъдан бо ташаббуси додгоҳҳо, на қонунгузорон амалӣ хоҳад шуд. Баъзе додгоҳи федеролӣ рӯзҳои истироҳати гузашта иҷрои чанд бахши қарор, аз ҷумла, ирсоли дубораи муҳоҷирон ба ватанашонро боздоштанд.

Барак Обама аз анъанаи худдории президентони собиқ аз интиқоди кори раҳбарони ояндаи Амрико сарфи назар кард ва бо пахши изҳороте рӯзи душанбе норизоияти худро бо қарори Трамп баён кард. Вай аз мардуме, ки ба нишони эътироз аз қарори Трамп дар фурудгоҳҳои Амрико тазоҳурот мекунанд, пуштибонӣ кард ва гуфт, ки “табъйизи инсонҳо бар асоси арзишҳои мазҳабии онҳо бароям ғайри қобили қабул аст”.

Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи вазири адлия Дана Боенте таъин шудааст, ки дар мақоми додситони аёлати Вирҷиния ифои вазифа мекард. Дар изҳороти Боенте гуфт: “Барои иҷрои амрҳои қонунии президенти мо” вазифадор шудааст.

Бо ваъдаи ин ки Амрикоро аз «террористони хориҷӣ» муҳофизат мекунад, Трамп рӯзи 27 январ амр дод, ки иҷрои барномаи вуруди муҳоҷирон ба ИМА-ро то 120 рӯз мутаваққиф кунад. Мушаххасан, вуруди муҳоҷирони суриягӣ манъ шуда, ҷараёни муҳоҷират аз 7 кишвари асосан мусалмоннишин барои 90 рӯзи баъдӣ боздошта мешавад. Ин тасмим боиси эътирозу интиқодҳои шадид дар саросари ҷаҳон шуд. Ҳамаи ҳафт кишвар, яъне Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Сурия, Судон ва Яман – аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки шаҳрвандони аксари онҳо аз оташи ҷанг ва истибдод фирор мекунанд, мавриди ҳадафи амри президент Трамп қарор гирифтаанд.

Вале худи Трамп аз қарораш ҳимоят карда гуфтааст, ки масъала дар амният аст, на мазҳаб.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG