Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Тарона Алидӯстӣ ба маросими Оскар намеравад? ВИДЕО


Тарона Алидӯстӣ

Тарона Алидӯстӣ – ситораи филми эронии "Фурӯшанда", ки ба ҷоизаи имсолаи Оскар пешбарӣ шудааст, гуфт, моҳи оянда дар маросими тақдими ҷоизаҳои Академияи синамои Амрико иштирок нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ба дастури президенти Амрико Доналд Трамп дар мавриди манъи сафари шаҳрвандони кишварҳои исломӣ ба Амрико мухолиф аст. Алидӯстии 33-сола дар шабакаи Твиттер навиштааст, манъи тақдими визаи сафар ба эрониҳо амали табъизӣ аст ва аз ин рӯ дар маросими тақдими ҷоизаҳо иштирок намекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Доналд Трамп, президенти нави Амрико, рӯзи 25 январ дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷират ду амреро имзо кард, ки рӯзҳои оянда ба ҳукми иҷро медароянд. "Миллати бидуни марз миллат нест. Аз имрӯз Амрико марзҳояшро таҳти назорат мегирад", - гуфт ӯ. Ба навиштаи расонаҳо, яке аз ин иқдом манъи муваққатии тақдими раводиди сафар ба шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Эрон дар як идда кишварҳои дигари исломист.

Филми дигари Асғар Фарҳодӣ бо номи "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар соли 2012 ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскарро ба даст овард.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи 24 январ яке аз панҷ номзади аслӣ барои дарёфти ҷоизаи Оскар дар бахши филмҳои хориҷӣ муаррифӣ шуд. "Фурӯшанда" соли гузашта дар ҷашнвораи Канн ҳам муваффақ шуда буд ду ҷоиза барои "беҳтарин филмнома" ва "беҳтарин бозигари мард"-ро дарёфт кунад.

Асғар Фарҳодӣ аввалин филмсозӣ эронӣ аст, ки барандаи Ҷоизаи Оскар шудааст. Ӯ ин ҷоизаро барои филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" гирифта буд. Филми "Фурӯшанда" як филми муштараки эронӣ-фаронсавӣ мебошад ва нақшҳои асосиро дар он Шаҳоб Ҳусайнӣ ва Тарона Алидӯстӣ бозӣ кардаанд. Ин филм аз муносибати зану шавҳар бо номи Раъно ва Имод ҳикоят мекунад, ки зиндагии онҳо дар пайи як ҳодиса ба Раъно, дучори мушкил мешавад.

Дар акс: Тарона Алидӯстӣ, Асғар Фарҳодӣ ва Шаҳоб Ҳошимӣ
Дар акс: Тарона Алидӯстӣ, Асғар Фарҳодӣ ва Шаҳоб Ҳошимӣ

Ин барои бори аввал нест, ки филмҳои сохтаи Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвора ва озмунҳои синамоии ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза мешаванд. Дар соли 2013 як зани ҳунарманд дар филми "Гузашта", ки онро Асғар Фарҳодӣ сохта буд, ҷоизаи беҳтарини ҷашнвораи Каннро ба даст оварда буд.

Филми дигари Асғар Фарҳодӣ бо номи "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар соли 2012 ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскарро ба даст овард. Филм дар бораи марди эроние қисса мекард, ки баъд аз чаҳор соли ҷудоӣ бо хонуми фаронсавияш ба хотири хатми раванди талоқ ба Фаронса бармегардад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG