Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ иҷрои дастури Доналд Трампро муттавақиф кард (ВИДЕО)


Дар Ню Йорк садҳо нафар дар назди фурудгоҳ ба зидди дастури Доналд Трамп эътироз карданд.

Як додраси федеролии Амрико бо судури ҳукми фаврӣ дар рӯзи 28-уми январ, мақомотро муваққатан аз ҳаққи ихроҷи хориҷиёне, ки бо раводиди қонунӣ вориди фурудгоҳҳои кишвар шуданд, маҳрум кард. Иттиҳодияи Озодиҳои Шаҳрвандии Амрико гуфт, бар асоси амри мазкур бештар аз 200 нафаре, ки зимни вуруд, ё транзит дар фурудгоҳҳо дастгир шудаанд, аз Амрико хориҷ карда намешаванд.

Вазорати амнияти миллии Амрико гуфт, ки баъди 23 соати судури дастури нав дар бораи маҳдуд кардани муҳоҷират, ба 109 нафар иҷоза надодаанд, ба қаламрави Амрико ворид шаванд. Вазорат гуфт, амри додрасро ҳанӯз надидааст, вале ҳаргуна дастур дар ин заминаро дуруст иҷро мекунад.

Ҳукми додгоҳ баъд аз он содир шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико амр дод, сокинони ҳафт кишвари мусулмонӣ пеш аз вуруд ба кишвар “дақиқ тафтиш” шаванд. Амри мазкур сабаби бебандуборӣ дар фурудгоҳҳои Амрико шуд, мавҷи эътирозҳоро барангехт ва парвандаҳои зиёди шикоятиро ба миён овард.

Доналд Трамп гуфт, бо ин дастур "террористон"-ро аз кишвар дур нигаҳ медорад.
Доналд Трамп гуфт, бо ин дастур "террористон"-ро аз кишвар дур нигаҳ медорад.

Натиҷаашро дар фурудгоҳҳо, дар ҳамаҷо мебинед.”

Доналд Трамп рӯзи 27-уми январ бо ин ваъда, ки Амрикоро аз “террористони хориҷӣ” эмин нигаҳ медорад, дастуре содир кард, ки бар асоси он қабули паноҳҷӯён аз ҳафт кишвари умдатан мусулмонӣ барои 90 рӯз муттавақиф мешавад ва то замоне, ки шеваи нави тафтиши дақиқи паноҳҷӯён аз ин кишварҳо ба роҳ андохта нашавад. Дастур ба сокинони Эрону Ироқ, Либияву Сомалӣ, Сурияву Судон ва Яман дахл дорад.

Билофосила баъди имзои дастур, рӯзи 28-уми январ теъдоде аз хориҷиёни дорои ҳаққи қонунии иқомат дар Амрико ва мусофирон дар фурудгоҳҳои саросари кишвар дармонданд ва мардум ҳам дар назди баъзе аз фурудгоҳҳо эътироз карданд.

Маълум нест, чӣ қадар аз мусофирон ба чунин сарнавишт гирифтор шудаанд вале рӯзномаи Ню Йорк Таймс гуфт, ки банд мондан дар фурудгоҳҳо шаби 27-уми январ шурӯъ шудааст.

Доналд Трамп гуфтааст, ки дастури маҳдуд кардани муҳоҷират то кунун “бо муввафақият” пеш меравад. Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Бисёр хуб кор мекунад, Натиҷаашро дар фурудгоҳҳо, дар ҳамаҷо мебинед.”

Баъди дастур вакилони дифои ду шаҳрванди Ироқ, ки бо нерӯҳои амрикоӣ кор мекардаанд ва дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннедӣ дар Ню Йорк дармонданд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро ба додгоҳи федеролӣ дар Бруклин кашиданд. Дар даъвои додгоҳӣ омадааст, ки ҳамкории ҳарду ироқӣ бо нерӯҳои амрикоӣ, сабаби таъқиби онҳо дар Ироқ шудааст ва онҳо раводиди қонунии Амрикоро ҳам доранд.

Ин ду нафарро баъди чанд муддат озод кардаанд, вале ба гуфтаи Ҷерролд Надлер, вакил аз Ҳизби демократи Амрико, 10 нафари дигар дар фурудгоҳи ба номи Ҷон Кеннедӣ дармондаанд. Худи вакил барои раҳоии шаҳрвандони ироқӣ ба фурудгоҳ омад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG