Пайвандҳои дастрасӣ

Раисони шаҳрҳои бузург аз фармони Трамп сарпечӣ мекунанд


ИМА - Шаҳрдори Ню Йорк Билл де Бласио бо номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон сӯҳбат мекунад

Раисони як қатор шаҳрҳои Амрико гуфтанд, ки амри Трамп, дар заминаи ошкор ва ба мақомот таслим кардани муҳоҷирони ғариқонуниро иҷро намекунанд..

Як қатор раҳбарони шаҳрҳои бузурги Амрико рӯзи 25 январ гуфтанд, ки ҳатто бо таҳдиди ихтисори "трансферт" ё интиқоли молии федеролӣ ба шаҳрҳо низ, онҳо ин амрро қабул надоранд.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе фармонеро имзо кард, ки мақомоти маҳаллиро ба ошкор кардани муҳоҷирони ғариқонунӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти федеролӣ муваззаф мекунад.

Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботяш қавл дода буд, ки "шаҳрҳои паноҳгоҳ"-ро барои монеасозӣ дар таъқиби муҳоҷирони ғайриқонунӣ, муҷозот зхоҳад кард.

"Фармони президент ба таҷрибаи истифодаи қонунҳо дар Ню Йорк таъсир надорад"- гуфт Билл де Блазио, шаҳрдори Ню Йорк. "Агар Трамп, ҳамчун сокини таҳҷоии Ню Йорк, маблағҳои шаҳрро коҳиш диҳад, ин пеш аз ҳама ба пулис зарба мезанад, ки бисёр ҷиноятҳоро бо кӯмаки ҷамъиятҳои қавмӣ ошкор мекунад" -афзӯд шаҳрдори Ню Йорк.

Ба гуфтаи раиси Бостон Мартин Уолш, фармони Трамп фишор ба сокинони шаҳр ва арзишҳоест, ки дар тӯли таърих ҳифз шудаанд. "Онҳое ки ниёзманд ҳастанд ҳамеша дар ҳар як гушаи шаҳрдории мо барои худ сарпаноҳ меёбанд"- таъкид кард Уолш.

Дар бораи сарпечӣ аз фармони Раиси Ҷумҳур шаҳрдорони Сиетл, Сан-Франсиско ва Чикаго, сеюмин шаҳри бузурги ИМА низ хабар доданд. "Мо шаҳри паноҳгоҳ боқӣ мемонем"- гуфт мири Чикаго Рамм Эммануэл ва афзӯд, "ҳеҷ инсон, сарфи назар аз куҷое омада бошад, дар инҷо бегона нахоҳад буд"- гуфт шаҳрдори Чикаго.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG