Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши тунди Қасри Сафед ба суханони Хоманаӣ. ВИДЕО


Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед.

Сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти раҳбари Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ гуфтааст, "агар Эрон мутаваҷҷеҳ нест, ки президенти наве сари кор омадааст, худашро масхара кардааст." Шон Майкл Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбеи 7 феврал дар нишасти хабарии худ бо хабарнигорон изҳор дошт, “оятуллоҳо хоҳанд фаҳмид, ки раиси ҷумҳури наве омадааст. Ин раиси ҷумҳур бепарво наменишинад, ки Эрон бо қонуншиканиҳояш дар тавофуқи муштарак (БАРҶОМ) шикоф эҷод кунад, балки даст ба иқдомҳои муносиб хоҳад зад.”

Вай афзуд, ки “албатта раиси ҷумҳур борҳо ва борҳо гуфтааст, ки ин иқдомҳоро пешакӣ эълон намекунад ва ҳеҷ гузинаеро канор намегузорад. Фикр мекунам, агар Эрон мутаваҷҷеҳ нест, ки президенти наве сари кор омадааст, худашро масхара кардааст."

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон.

Изҳороти сухангӯи Кохи Сафед вокуниш ба суханони раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ аст, ки гуфта буд, “эронӣ аз таҳдиде наметарсад”. Вай бо ишора бо Доналд Трам афзуда буд, “мо аз ин оқои тозаомада сипосгузорем, зеро, ки заҳмати моро кам кард ва бо нишон додани чеҳраи воқеии Амрико, суханони 37-солаи Ҷумуҳрии исломии Эронро дар бораи фасоди сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии дастгоҳи ҳоким бар Амрико собит кардааст."

Доналд Трамп, ки ду ҳафта пеш савганд ёд кард, дар ин муддат дар баробари Эрон, ба хусус пас аз озмоиши мушакии Ҷумҳурии исломӣ, мавзеи тундтаре гирифтааст. Вай гуфтааст, ки “Эрон бо оташ бозӣ накунад” ва “Эрон мутаваҷҷеҳ нест, ки раиси ҷумҳур Обама то чӣ андоза бо онҳо меҳрубон будааст, аммо ман ин тавр нестам.”

Ҳамзамон бо ин изҳороти Доналд Трамп, вазорати молияи Амрико алайҳи 25 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ дар робита ба озмоиши мушакии Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард. Муовини раиси ҷумҳури Амрико низ ба Эрон ҳушдор додааст, ки дар “ҷиддият”-и раиси ҷумҳури нави Амрико шаку шубҳа надошта бошанд. Вай низ мисли сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки беҳтар аст Эрон нигоҳе ба тақвим (календар) биандозад ва дарёбад, ки президенти наве дар Кохи Сафед ҷобаҷо шудааст.

Амрико дар замони раҳбарии Барак Обама ҳамроҳ бо панҷ кишвари дигар, тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро имзо кард, ки бар асоси он, Теҳрон бисёре аз фаъолиятҳои атомии худро дар баробари лағви таҳримҳои байналмилалӣ, ба таъхир андохт.

Доналд Трамп дар замони маъракаи интихоботӣ борҳо мухолифаташро ба ин созишнома эълон намуда ва гуфта буд, ки он “бадтарин муомилаи мумкин будааст”. Тавре мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Доналд Трамп дар назар дорад, ки ин созишномаро бознигарӣ намояд. Ин дар ҳоле, аст ки Эрон бознигарӣ дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё БАРҶОМ-ро рад карда ва онро созиши байналмилалӣ хондааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG