Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Бонкҳои бузург барои ҳамкорӣ бо Эрон дудилаанд


Вошингтон мегӯяд, ки мухолифи ҳамкории бонкҳои хориҷӣ бо Эрон нест. Аммо чаро ин бонкҳо ҳанӯз ҳам аз рӯ овардан ба бозори молиявии Эрон парҳез мекунанд?

Вошингтон садди роҳи ҳамкории ширкату бонкҳои хориҷӣ бо Эрон нахоҳад шуд. Ин изҳороти Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 22 апрел қабл аз мулоқот бо ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Ню-Йорк пахш шуд.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, Амрико дар роҳи тиҷорату ҳамкорӣ бо Эрон, ки баъд аз иҷрои созиши ҳастаӣ дар моҳи январ ҳамвор шудааст, монеъа эҷод намекунад ва нахоҳад кард. "Барои бонкҳо имкони ҳамкорӣ бо Эрон пайдо шудааст, аммо, мутаассифона, ба назар мерасад, ки баъзе бонкҳои хориҷӣ то ҳол дудилаанд ва мо талош мекунем то вазъро барои онҳо рӯшан намоем", афзуд Ҷон Керрӣ.

Ҳамзамон ӯ аз Теҳрон даъват кард, ки низоми бонкдорияшро нав кунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, дар навбати худ, гуфт, ки Теҳрон ба татбиқи пурраи ҳама нуктаҳои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон умед бастааст. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, баёнияи Ҷон Керрӣ воқеъан ҳам роҳеро боз мекунад, ки қаблан барои бонкҳои хориҷӣ бар асари ҳарос аз бархӯрди Амрико баста буд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, пас аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоияш иқрор кард, ки миёни Вошингтону Теҳрон дар бисёр бахшҳо ихтилофи назари амиқ мавҷуд аст. Мавҷудияти ихтилофи назар миёни ду кишварро Ҷон Керрӣ ҳам тайид кард. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ИМА барои рафъи ин ихтилофи назарҳо талош мекунад ва кӯшишҳояш барои сулҳу оромӣ дар минтақаро идома медиҳад.

Аз ин пеш раиси Бонки Марказии Эрон Валиуллоҳ Сайф дар долонҳои ҷаласаи муштараки баҳории Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ изҳор намуд, ки баъзе аз нуктаҳои созиши ҳастаӣ аз сӯи Ғарб иҷро намешаванд ва Теҳрон то ҳанӯз ба баъзе ҳисобҳои мунҷамидшудааш дар бонкҳои хориҷӣ дастрасӣ пайдо накардааст.

Раиси Бонки Марказии Эрон Валиуллоҳ Сайф
Раиси Бонки Марказии Эрон Валиуллоҳ Сайф

Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд.Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июли соли гузашта баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш дод.

Ба думболи лағви таҳримҳо, Валиуллоҳ Сайф изҳори умедворӣ карда буд, ки 32 миллиард доллари дар бонкҳои хориҷӣ мунҷамидшудаи Эрон ба зудӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор мегирад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 19 январ аз қавли ӯ хабар дода буд, ки 28 миллиард доллар аз ин маблағ ба ҳисобҳои Бонки Марказӣ ворид карда мешавад. Маблағи боқимонда – беш аз 4 миллард доллар ба хазинаи давлатӣ чун ҳаққи ҳукумат интиқол дода хоҳад шуд, гуфта буд Валиаллоҳ Сайф.

Ризо Тақизода, таҳлилгари сиёсии муқими шаҳри Глазгои Шотландия мегӯяд, сабаби дудилагии бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бонкҳои аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо Теҳрон ва мунҷамид боқӣ мондани баъзе ҳисобҳои бонкии Эрон он аст, киин бонкҳо ҳамчунин аз эҳтимоли ҷаримаҳои бузурги низоми бонкии ИМА ва вазорати молияи он кишвар ба хотири ҳамкорияшон бо Эрон нигаронанд. Бонкҳои бузург тули ҳафт соли гузашта барои нақзи таҳримҳои зиддиэронӣ тақрибан 200 миллиард доллар ба Амрико пардохт карданд ваё ҷарима шуданду ҳанӯз ҳам пардохти ҷаримаро идома медиҳанд, аз ин рӯ аз ҳамкорӣ бо бонкҳои эронӣ парҳез мекунанд, мегӯяд ӯ.

Аз нигоҳи Ризо Тақизода, агар Амрико иҷоза медод, ки Эрон ба бозори молиявии Амрико дастрасӣ пайдо кунад ваё Теҳрон иҷоза дарёфт мекард, ки муомилоти тиҷоратияшро бар пояи доллар мустақиман анҷом диҳад, шояд он гаҳ тарс аз дили бонкҳои бузурги хориҷӣ рафъ мешуд. Аммо ҳалли ин қазия хело мушкил аст, зеро давлати Амрико ба мухолифати дохилӣ мувоҷеҳ аст ва Конгресси ИМА бо додани иҷозаи дастрасии Эрон ба бозори молиявии Амрико мувофиқ нест, мегӯяд мусоҳиби мо.

XS
SM
MD
LG