Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Трамп созиши ҳастаӣ бо Эронро боқӣ гузошт, аммо...

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ӯ бар асоси созиши ҳастаии соли 2015-и Эрон ва қудратҳои ҷаҳон рафъи таҳримҳоро тамдид хоҳад кард ва дар ҳоли ҳозир ин мувофиқатнома ба ҷои худ боқӣ хоҳад монд.

Аммо оқои Трамп рӯзи 12-уми январ дар як эъломия гуфт, ҳукумати ӯ мақомҳои баландпояи Эронро мавриди ҳадафи таҳримҳои нав қарор медиҳад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бори охир барои коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон розӣ гардидааст ва хостори ислоҳот дар мувофиқатнома шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Амрико гуфтанд, алайҳи 14 шахсу ниҳодҳои Эрон, ки бо созиши атомӣ иртиботи мустақим надоранд, таҳрим ҷорӣ мекунанд. Дар миёни онҳое, ки шомили таҳрими нав шуданд, Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон низ ҳаст. Ӯ бародари Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Амрико як ширкати узбекистониро барои тиҷорат бо Русия таҳрим кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кардааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 28--уми июн хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, дониста бошед, шумо ҳам ба рӯйхати таҳримҳо ворид мешавед", - омадааст дар хабар.

Ҳамакнун ҳамаи дороиҳои ширкати "Promcomplektlogistic" дар ИМА ҳабс мешаванд ва ширкатҳои амрикоӣ бо "Promcomplektlogistic" тиҷорат намекунанд.

Ширкати "Promcomplektlogistic" соли 2018 сабт шуда, ба хидматрасонии заминӣ машғул аст.

Соҳиби ин ширкат, ки дар шаҳри Тошканд сабт шудааст, Олег Грабилин мебошад. Грабилин дар Русия чанд ширкати дигар доштааст.

Шикояти Украина: Русия ба ғайринизомиён ҳамла мекунад

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо

Украина алайҳи Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурда, Маскавро дар мудохилаи низомӣ ва ҳамлаҳои ҳадафмандона ба ғайринизомиён муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи матбуотии додгоҳи Страсбург гуфтаанд, шикояти Киевро рӯзи 23-юми июн пазируфтанд ва шаби 28-уми июн ба додрасҳо супурданд. Ба иттилои манбаъ, ҷониби Русияро дар ин маврид огоҳ кардаанд.

Дар шикоятнома Русия ба нақзи оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина муттаҳам мешавад. Ба иддаои Киев, сарбозони рус ҳазорон ғайринизомиро куштаву захмӣ карда, садҳо манзили маскуниро хароб намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми июн тарҳи қонунеро имзо кард, ки ба иҷро накардани қарорҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо таъкид мекунад.

Раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Агора” Кирилл Коротеев мегӯяд, ин лоиҳаи қонун хилофи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аст.

Бар асоси ин санад, Русия муваззаф аст ҳукмҳои ниҳоии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро вобаста ба ҳар парвандае, ки тараф ба ҳисоб меравад, бечунучаро иҷро кунад.

Дар Қазоқистон бештар аз 100 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 110 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Аз 110 ҳолат 56 маврид дар шаҳри Алмато ва 29 ҳолати дигар дар шаҳри Нурсултон сабт шудааст. Ҳолатҳои боқимонда ба шаҳру ноҳияҳои дигари Қазоқистон рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки бори охир дар Қазоқистон дар моҳи март бештар аз 100 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд

Дар маҷмуъ дар Қазоқистон 1 миллиону 306 ҳазор ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.

Туркия, Шветсия ва Финландия дар мавриди НАТО ба созиш расиданд

Мадрид

Туркия, Шветсия ва Финландия дар пайи музокирот дар шаҳри Мадрид созишномаи амниятӣ бастанд, ки раванди пайвастани онҳоро ба НАТО ҳамвор мекунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт.

Дафтари президенти Финландия Саули Ниинистё гуфтааст, қадамҳои мушаххас барои шомил шудани Финляндия ва Шветсия ба НАТО аз ҷониби муттаҳидон давоми ду рӯзи оянда мувофиқа мешаванд.

Дафтари раисиҷумҳури Финландия ҳамчунин эълом кард, Туркия дар нишасти ин ҳафта дар Мадрид аз узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО ҳимоят мекунад. Дафтари президенти Финландия тасдиқ кард, ки Ҳелсинки, Стокҳолм ва Анкара вазифадор мешаванд, дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ҳамдигарро комилан дастгирӣ намоянд.

Маъмурияти президенти Туркия иброз доштааст, Шветсия ва Финландия уҳдадор шудаанд, ки Ҳизби Коргарии Курдистон ва дигар созмонҳоеро дастгирӣ накунанд, ки Анкара террористӣ мешуморад.

Йенс Столтенберг дар пайи ин мулоқот гуфт, ба узвияти паймон шомил шудани Финландия ва Шветсия мухолифи он чизест, ки Владимир Путин, президенти Русия талош мекард.

«Ассошиэйтед Пресс» бо истинод ба як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико хабар медиҳад, Иёлоти Муттаҳида дар ивази тасмими Анкара барои лағви эътирозаш ба даъвати Шветсия ва Финляндия ба НАТО ба Туркия ҳеч ваъдае надодааст.

Байден: ИМА ҳузури низомияшро дар Аврупо тақвият мебахшад

Ҷо Байден ва Йенс Столтенберг. Мадрид, 29-уми июни 2022

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бинобар таҳдидҳое, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина сарчашма мегиранд, Иёлоти Муттаҳида ҳузури низомии худро дар Аврупо тағйир хоҳад дод. Дар ҳоле ки Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 29-уми июн аз ӯ дар нишасти сарони ин эътилофи низомӣ истиқбол кард, Байден гуфт, Амрико шумораи киштиҳои ҷангии худро дар Испания аз 4 ба 6 афзоиш хоҳад дод. Вай афзуд, барои сипоҳи панҷуми Артиши Амрико дар Лаҳистон як қароргоҳи доимӣ таъсис хоҳанд дод ва ду искадрони ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 дар Бритониё. Раиси ҷумҳури Амрико илова кард, ки имрӯз аз ҳар замони дигар ба ин эътилоф ниёз аст ва афзуд, НАТО дар ҳама ҷабҳаҳо - заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ тақвият хоҳад шуд.

Интиқоди корбарони украинӣ аз зиёфати Путин дар Душанбе

Ин нахустин сафари Путин пас аз оғози ҷанг дар Украина ба хориҷ аст

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмондории бошукӯҳи президенти Русия Владимир Путинро дар Душанбе нашр кардааст.

Бино бар он, ду раҳбар дар яке аз қароргоҳҳои муҳташам дар байни наққошиҳо бо меваву сабзиҷот қадам мезананд.

Владимир Путин рӯзи 28-уми июн вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кардаанд.

Ин нахустин сафари Путин пас аз оғози ҷанг дар Украина ба хориҷ аст.

Дар саҳифаи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар Фейсбук чанд нафар бо забони украинӣ раиси ҷумҳури Русияро носазо гуфтаанд.

Дар гузашта корбарони зиёде аз чунин мизбонии раиси ҷумҳури Чин дар Тоҷикистон танқид карда буданд.

Зимнан Владимир Путин дар Душанбе гуфтааст, Русия бо Толибон робита барқарор кардааст. Раисиҷумҳури Русия рӯзи 29-уми июн барои ширкат дар саммити Каспий ба Ашқобод рафтааст.

Amnesty International ҳукумати Узбекистонро танқид кард

Рамзи созмони Афви Байнулмилал

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International мегӯяд, дар Узбекистон ҳуқуқи фаъолон ва блогерон маҳдуд мешавад. Дар ин бора созмони мазкур 25-уми июн изҳорот нашр кард.

Amnesty International рӯйхати блогерони узбекистониеро нашр кард, ки ба далели танқидҳояшон аз ҳукумати марказӣ ё мақомоти маҳаллӣ таҳти таъқиб, фишор ва ё боздошт қарор гирифтаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, соли 2019 ваъдаи пуштибонӣ аз блогеронро дода буд. "Президент ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунад", - гуфта буд он замон Мирзиёев.

Сарфи назар аз ин изҳорот, ба гуфтаи созмонҳои байналхалқӣ, озодии баён дар Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст, ки онро ҳам маҳдуд мекунанд.

Бештаре аз блогерони узбекистонӣ, ки мавзуъҳои ҷиддитареро баррасӣ мекунанд, мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд. Ин блогерон аз маҳдудшавии озодии баён дар Узбекистон хабар медиҳанд.

Блогер аз Сурхандарёи Узбекистон Отабек Сатторӣ, ки аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекард, 7 сол зиндонӣ шуд.

Фозилҷон Орифхоҷаев, блогери тошкандӣ, ки аз сиёсатҳои Узбекистон дар бахши дин интиқод мекард, 7,5 сол зиндонӣ шуд.

"Ҳюман Райтс Вотч", "Хабарнигорони бидуни марз", "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" ва дигар созмонҳои байналхалқӣ фишор ва таъқиби блогеронро дар Узбекистон интиқод мекунанд.

Тазоҳурот ба зидди ифтитоҳи қиморхонаҳо дар Бишкек

Мухолифони ифтитоҳи қиморхонаҳо дар Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми июн мухолифони қонунигардонии қиморхона ё казиноҳо дар Қирғизистон назди бинои ҳукумат гирди ҳам омаданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, эътирозгарон ҳудуди 10 нафар ҳастанд. Тартиботи ҷамъиятиро кормандони пулис назорат мекунанд.

Як ҳафта пеш чунин иқдоми эътирозӣ дар назди "Кохи Сафеди Бишкек" баргузор шуда буд. Эътирозгарон аз вакилони порлумон талаб карданд, ки қонун дар бораи қонунигардонии казиноҳоро қабул накунанд.

Сокинони шаҳри Уш низ алайҳи ифтитоҳи казино эътироз карданд.

Ҳафтаи гузашта Жогорку Кенеш лоиҳаи қонуни ҷанҷолбарангезро дар бораи қонунигардонии казиноҳо қабул кард. Рӯзи дигар, 24-уми июн, иддае аз сокинони Бишкек дар гирдиҳамоии эътирозӣ аз раисиҷумҳур Содир Ҷабборов хостанд, санадро имзо накунад.

Аксар мухолифони лоиҳаи қонунигардонии казино барои шаҳрвандони хориҷӣ аз он хавф доранд, ки шаҳрвандони Қирғизистон низ ба қиморбозӣ ҷалб мешаванд.

Дар Чин аз афзоиши додугирифти Тоҷикистон гуфтанд

Сарҳади Тоҷикистону Чин

Пас аз пандемияи коронавирус иқтисоди баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо Чину Русия додугирифти зиёд дорад, “дар ҳоли барқарор шудан” будааст.

Як сомонаи вобаста ба ҳукумати Чин, бо такя ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон навиштааст, дар 5 моҳи охир сатҳи тиҷорати хориҷии кишвар беш аз бист дарсад афзуда, ба 2,9 миллиард доллар расидааст.

Чунин маълумот дар вебсайти Хадамоти гумруки Тоҷикистон феълан дастрас нест.

Сомонаи чинӣ менависад, Тоҷикистон асосан гандуму сӯзишворӣ ва оҳану мошин харида, тилло, алюминий ва пахтаи хом содирот мекунад.

“Тоҷикистон дар фикри рушди саноаташ аст ва дар ҳоле ки як кишвари кӯҳӣ мебошад, аз назари стратегӣ метавонад чун пуле миёни Чин, Осиёи Марказӣ ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон истифода шавад,” – навиштааст манбаъ.

Дар хабар омадааст, “баррасиҳо дар бораи сохтмони роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, вуҷуд доранд, вале роҳи мустақим тавассути кӯҳҳои Помир тақрибан номумкин аст.” Бар иваз, менависад манбаъ, “роҳ ба Тоҷикистон тавассути сарҳадҳои шимолӣ бо Қирғизистон мавриди баррасӣ аст.”

Ситоиши Путин аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар рушди кишвараш

Владимир Путин, Душанбе, 28-уми июни 2022

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар иқтисоди кишвараш “муҳиму чашмрас” арзёбӣ кард.

Ӯ дар ин бора рӯзи 28-уми июн ва дар мулоқоти расмияш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гап зад.

Ба навиштаи сомонаи расмии президенти Русия, Путин муҳоҷиронии кории тоҷикро “пули зиндаи дӯстӣ” байни ду кишвар номид. Вай гуфт, онҳо дар рушди иқтисоди Русия саҳми чашмрас доранд.

Ин тавсифи Путин аз муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон аз монеаву мушкилот дар кор ва зиндагии худ дар Русия шикоят доранд.

Муҳоҷирон мегӯянд, дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои Ғарб кору зиндагӣ дар ин кишвар мушкилтар шудааст.

Ҳар сол садҳо нафар дар ҷустуҷӯйи кору зиндагии муносиб аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 60 ҳазори онҳо ба ватан баргаштаанд.

Оғози музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико

Даври нави гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико барои эҳёи созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми июн дар Давҳа (Доҳа), пойтахти Қатар, оғоз шуд.

ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон дар ин рӯз аксе аз Алӣ Боқир Канӣ, музокиракунандаи баландпояи Эрон бо Энрике Мора, муовини раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро нашр кард. Онҳо дар ҳоли гуфтугӯ буданд. Энрике Мора масъулияти ҳамоҳангии ин музокиротро ба уҳда дорад.

Эрон таъкид кардааст, ки "ҳеч музокираи мустақиме бо Амрико анҷом нахоҳад шуд" ва аз ин рӯ Энрике Мора паёмҳои ҳар ду ҷонибро ба якдигар мерасонад.

Лора Рузан, хабарнигори бахши сиёсати хориҷии Амрико, таҳаввулоти созиши ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Ӯ дар "Твиттер" навишт, аз як музокиракунандаи ғарбӣ пурсидааст, гуфтугӯи ғайримустақими Амрико ва Эрон дар Давҳа чӣ гуна пеш меравад ва ӯ дар посух гуфтааст, "ба кундӣ".

Лиз Дюсет, гузоришгари Би-би-сӣ низ ба нақл аз як музокиракунандаи ғарбӣ навишт, эҳтимол ин гуфтугӯ давом биёбад.

Чанд соат пас аз оғози музокирот, сухангӯи робитаҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, мулоқоти Давҳа оғози шикастани бунбасте аст, ки дар моҳи марти имсол дар Вена сурат гирифта буд.

​Рӯзе пеш аз он Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, гуфта буд, тавофуқ барои барқарории созиши ҳастаӣ ба тасмими Эрон вобаста аст, ки онро қабул мекунад ё рад. Вай ҳамчунин афзуд, бозгашти Эрон ва Амрико ба созиши ҳастаӣ дар ростои манфиатҳои Вашингтон ва ҳампаймонҳои ин кишвар аст.

Бо ин ҳол, Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар изҳороташ рӯзи сешанбе таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ "аз хатти сурхи худ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузашт".

Вай ҷузъиёте надод, аммо гуфт, "хатҳои сурхе, ки дар гуфтугӯҳо муайян шудааст, бар асоси манфиатҳои миллии кишвар аст ва ин мавзӯе аст, ки наслҳои баъдӣ дар мавриди он қазоват хоҳанд кард".

Эрон тайи моҳҳои гузашта хоҳони берун кардани номи Сипоҳи посдорон аз рӯйхати созмонҳои террористии Амрико ва замонат додани ҳукумати Ҷо Байден барои набаромадани ҳукуматҳои ояндаи ИМА аз созиши ҳастаӣ шудааст. Ҳукумати Ҷо Байден мегӯяд, салоҳияти додани кафолат аз тарафи ҳукуматҳои ояндаро надорад.

Зиёни селро дар Исфара ҳисоб кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Сел дар Исфара ба зиёда аз 50 хона зарар расондааст. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, офати табиӣ ба 10 иншооти иҷтимоӣ низ осеб расонд ва 3 километр роҳро вайрон кард. Сел рӯзи 26-уми июн омад. Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, кӯчаҳои ҷамоати Ворух дар зери обанд ва сокинон талош доранд, ашёи худро берун кашанд. Дар як моҳи охир дастикам чаҳор дафъа сел ба деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон зарар расондааст. Зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рӯй додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, аз миллионҳо сомонӣ гузаштааст.

Зеленский хост, СММ ҳамлаи Русияро ба Кременчук таҳқиқ кунад

Нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, 28-уми июни 2022

Раисиҷумҳури Украина аз Созмони Милали Муттаҳид хост, дабири кулли созмон ва ё намояндаи махсуси худро ба маҳалли ҳамлаи мушакӣ ба фурӯшгоҳи шаҳри Кременчук бифристад.

Владимир Зеленский гуфт, ба Созмони Милал имкон хоҳад дод, мустақилона иттилоъ ҷамъ оварда, бубинад, ки “дар воқеъ онҷо ҳамлаи мушакии Русия будааст.”

Президенти Украина дар ин бора зимни суҳбати онлайнӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи 28-уми июн сухан гуфт.

Нишасти изтирории Шӯрои Амният бо даъвати Киев ва баъди ҳамлаи рӯзи 27-уми июн сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 18 нафар кушта шуданд.

Вазорати дифои Русия гуфт, фурӯшгоҳро ҳадаф нагирифтааст ва таркиши мушак дар анбори аслиҳа дар шаҳри Кременчук сабаби оташ гирифтани фурӯшгоҳ шудааст.

Маскав бардурӯғ иддао кард, ки фурӯшгоҳ дар замони ҳамла “кор намекард.”

Додгоҳ Алмосбек Отамбоевро «бегуноҳ» донист

Алмосбек Отамбоев ҳангоми мурофиа

Додгоҳи шаҳри Бишкек раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки ба барангехтани тазоҳуроти хушунатбор дар соли 2020 муттаҳам мешуд, бегуноҳ донист.

Додгоҳ гуфтааст, иддао дар бораи ӯ ва шаш ҳамроҳи дигараш, ки дар беназмиҳои оммавӣ, ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа ва таҳдид ба мақомоти интизомӣ муттаҳам мешуданд, собит нашуд.

Пештар аз ҳукми додгоҳ дар рӯзи 28-уми июн додситонҳо тақозо доштанд, ки Алмосбек Отамбоев ба 12 сол зиндон ва ҳамроҳонаш аз 7 то ба 9 соли зиндон маҳкум шаванд.

Алмосбек Отамбоевро соли 2020 бо гуноҳи раҳоии ғайриқонунии Азиз Батукаев, як ҷинояткори бонуфузи бадном дар Қирғизистон ба 11 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Тарафдоронаш Отамбоевро ҳангоми тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар моҳи октябри соли 2020 аз зиндон раҳо карданд. Ин тазоҳурот баъди интихоботи порлумонӣ сурат гирифт, чун бисёриҳо мегуфтанд, дар он таққаллуби зиёд шудааст.

Отамбоев ва ҳамроҳонаш ба тазоҳургарон пайвастанд, вале баъдан ӯ дигарбора дастгир ва ба зиндон баргардонда шуд.

Сиёсатмадори 65-сола айни замон барои ду беназмӣ дар қароргоҳаш дар Бишкек ва сарпечӣ аз се даъват ба Вазорати корҳои дохилӣ барои бозпурсӣ дар бораи парвандаи раҳоии Батукаев муҳокима мешавад.

Ҳамсараш Далери Имомалиро дар боздоштгоҳ дидааст, вале бе шарҳ

Далери Имомалӣ, блогери тоҷик.

Пайвандони Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, гуфтанд, ки ҳамсараш бо ӯ дар боздоштгоҳ вохӯрдааст.

Ӯ рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дастгир ва ба "соҳибкории ғайриқонунӣ", "дурӯғпароканӣ" ва "пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ" гумонбар аст. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон раҳоии ӯро хостаанд.

Наздикони Далери Имомалӣ рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамсараш 25-уми июн дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахт "бо ӯ 10-15 дақиқа дидор дошт." Онҳо бо баёни онки "аҳволи Далер хуб аст", дар бораи вохӯрӣ ҷузъиёт надоданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Дар ҳамин ҳол, мақомот то ҳол ба пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дигари тоҷик, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуд, иҷозаи вохӯрӣ надодаанд. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар мекунанд, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти ин ду рӯзноманигори шинохта, мақомот ҳеч шарҳи расмӣ намедиҳанд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва вакили дифоъ ҳам гуфт, дар бораи ҷузъиёти парванда ҳаққи суҳбат надорад.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳ барои Ютуб гузориш омода мекарданд, вокунишҳои зиёдро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён овард. Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомот хостанд, иттиҳоми зидди ду блогерро бекор карда, онҳоро озод намоянд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Украинаву Русия асиронро табодул карданд

Сарбозони украинӣ. Акс аз бойгонӣ.

Раёсати асосии иктишофии Вазорати мудофиаи Украина рӯзи 28-уми ибн хабар дод, ки бо Русия табодули асирон сурат гирифтааст.

Ба иттилои ин раёсат, 16 низомӣ ва як сокини осоиштаи Украина бо 15 низомии Русия табодул шудаанд.

Нашрияи "Украинская правда" навишт, ки низомиҳои табодулшудаи Украина ду моҳ пеш асир афтода буданд. Панҷ низомӣ то табодул шудан дар бемористонҳои Русия бистарӣ буданд ва панҷ тани дигар захмӣ ҳастан ва ба табобати фаврӣ ниёз доранд.

Табодули асирон дар вилоятҳои Херсон ва Николаеви Украина сурат гирифтааст. Ин вилоятҳо айни замон таҳти идораи артиши Русия ҳастанд.

Вазорати мудофиаи Русия дар бораи табодули асирон иттилоъ надодааст.

Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина бори чандум аст, ки табодули асирон сурат мегирад.

Ҷавобгариро барои таблиғи "пирамидаҳои молӣ" сахттар мекунанд

Рӯзи 28-уми июн аъзои Сенати Қазоқистон лоиҳаи қонунро дар бораи “муқовимат ба фаъолияти пирамидаҳои молиявӣ” баррасӣ карданд.

Он ҷавобгариро барои эҷоди пирамидаҳои молиявӣ шадидтар карда, барои таблиғи онҳо ҷавобгарии ҷиноиро дар назар дорад. Қонун барои имзо ба президенти он кишвар фиристода шуд.

Дар сурати қабули лоиҳаи қонун, барои таблиғи пирамидаҳои молиявӣ аз 1000 то 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 9,1 миллион танга) ҷарима пешбинӣ мешавад. Дигар намуди ҷазо то 1200 соат корҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз се то панҷ сол маҳрум кардан аз озодӣ мебошад. Қарор аст, барои таъсис ва идораи аҳромҳои молиявӣ муҷозот то 12 соли зиндон (ҳоло то 10 сол) ҷорӣ карда шавад.

Пешниҳодҳо дар бораи ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои шахсиятҳои ҷамъиятӣ барои таблиғоти пирамидаҳои молиявӣ пас аз оғози парвандаи ҷиноии марбут ба аҳромҳои молиявӣ алайҳи вайнерҳои маъруф бештар садо дод. Ба гуфтаи муфаттишон, вайнерҳо дар таблиғоти ширкати Mudarabah Capital ширкат карда, ҳамчун шарикони он даромад мегирифтаанд.

Моҳи апрел сокини шаҳри Алмаато Боғила Досмаилова, ки дар ин қазия ҷабрдида эътироф шуда буд, бо нишони эътироз аз рафти тафтишот худро назди бинои ВКД дар шаҳри Нур-Султон оташ зад.

Қаблан вай изҳор дошта буд, ки муовини сардори раёсати пулиси Алмато Рустам Абдураҳмонов “барои бастани парвандаи ҷиноӣ шитоб мекунад” ва талаб кард, ки вайнерҳо Мейрҷон Турабоев ва Мейирхон Шерниёзов, ки ширкати Mudarabah Capital-ро таблиғ мекарданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба иттилои пулиси Алмаато, Турабоев ва Шерниёзов дар ин парванда ҳамчун гумонбар шинохта шудаанд.

Тафтишотро шӯъбаи тафтишотии Раёсати пулиси Алмато бар асоси моддаи "Таъсис ва идоракунии пирамидаи молиявӣ (сармоягузорӣ)” анҷом медиҳад. Мейрҷон Турабоев ва Мейрхон Шерниёзов дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд. Бино ба маълумоти Оҷонсии мониторинги молии Қазоқистон, то 15 июн беш аз 17 000 шаҳрванди Қазоқистон ба аҳромҳои молӣ ҳудуди 27 миллиард танга сармоягузорӣ кардаанд.

Путину Раҳмон дар Душанбе аз чӣ гуфтанд? ВИДЕО

Путин ба Душанбе омад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Бино ба иттилои расмӣ, раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Душанбе вохӯрда, аз тақрибан 50 дарсад афзудани тиҷорат дар панҷ моҳи охир гуфтаанд, аммо шарҳ надодаанд, ки он чӣ гуна ба даст омад.

Қисми бештари ин давра ба замони ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав рост меояд. Дар мулоқот вазъияти Афғонистон ва ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо он кишвар низ баррасӣ шудааст.

Хабари алтернативӣ аз мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дастрас нест.

Раисиҷумҳури Русия дар сафари нахустинаш, аз замони ҳамлаи Маскав ба Украина, бегоҳи 28-уми июн ба Тоҷикистон омад.

Як мушовири президенти Украина дар остонаи ин сафар ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба фиреби таҳримҳои Ғарб ба Маскав ёрӣ накунад. Урмас Пает, намояндаи Эстония дар порлумони Аврупо, низ 27-уми июн аз Тоҷикистон хостааст, Путинро мизбонӣ накунад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд. "Ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд," – афзудааст манбаъ.

Ба хабари Кремлин, ин мулоқот хеле пештар баргузор мешуд, аммо "ба сабаби пандемияи коронавирус" ба таъхир уфтода буд. Путин гуфтааст, масъалаҳои зиёде ҳаст, ки бояд дар борааш гап зананд. На ҷониби Русия ва на ҷониби Тоҷикистон ин масъалаҳоро зикр накардаанд.

Пештар коршиносон дар Тоҷикистону Русия тахмин заданд, ки Путину Раҳмон дар баробари вазъияти Афғонистон, эҳтимоли давр задани таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва интиқоли қудрат дар Тоҷикистонро баҳс кунанд. Чизе, ки расман тасдиқ ё инкор нашудааст.

Тасмими Узбекистон баҳсҳоро дар Қароқалпоқистон ба бор овард

Акс аз бойгонӣ

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон, ки рӯзи 26-уми июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд, миёни сокинони Қароқалпоқистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Қароқалпоқистон тасмими берун кардани мафҳуми “истиқлол”-и ин ҷумҳурии мухтор аз Конститутсияи Узбекистон нигарон кардааст.

Ба як саҳифаи Telegram, ки таҳти номи "Конститутсия Қароқалпоқистон" рӯзи 26-уми июн таъсис шуд, якбора 100 ҳазор корбар обуна шудаанд. Ин обуначиҳо ба эътироз даъват доранд. Субҳи 27-уми июн дастрасӣ ба Интернет дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Қароқалпоқистон маҳдуд шудааст.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қароқалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қароқалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қароқалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад.

Нашрияҳои Узбекистон бо такя ба кумисюни ислоҳи Конститутсия менависанд, ин пешниҳод аз сӯи вакилони порлумони Қароқалпоқистон таҳия шудааст.

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25-уми июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2021 пешниҳод кард, ки ба Конститутсияи он кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати президентӣ аз 5 соли кунунӣ ба 7 сол дароз шавад. Инчунин, ду давраи роҳбарии президенти ҳозира "ба сифр" баробар гардад. Ин маънои онро дорид, ки Мирзиёев бори дигар метавонад, номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Қароқалпоқистон аз се як қисми Узбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қароқалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистони Шӯравӣ берун шуда, мустақим ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Узбекистони Шӯравӣ буд.

Соли 1990 порлумони ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати Узбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Ҳукумати Узбекистон дар соли 1993 бо Қароқалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Узбекистон кард.

Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати "Алға, Қароқалпоқистон", ки ин масъала бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

Путин ба Душанбе расид, хиёбонҳои марказиро бастанд. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Фурудгоҳи Душанбе

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки моҳҳо боз барои таҷовузи кишвараш ба хоки Украина танқид мешавад ва зери бори таҳримҳои Ғарб аст, бегоҳи 28-уми июн ба Тоҷикистон омад. Дар Душанбе хиёбонҳои Айнӣ ва Рӯдакиро барои равуои мошинҳо бастанд.

Барномаи сафари Путин ба Душанбе аз мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон иборат аст. Мақомот гуфтанд, дар ҷараёни сафари Путин ягон санад имзо нахоҳад шуд.

Путин ба Душанбе омад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Пештар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ва ёвари раисиҷумҳури Русия гуфтанд, ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва бахусус Афғонистон аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯ хоҳад буд.

Аз замони таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар таърихи 24-уми феврали имсол, ин сафари нахустини хориҷии Путин мебошад.

Ҳарчанд мақомоти расмии ду кишвар ҳадафи сафарро густариши ҳамкориҳо меноманд, танҳо ба танҳо мулоқот кардани ду президент ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе аз коршиносон тахмин мекунанд, ки дар ин дидор баъзе аз масъалаҳои "ҳассос"-и байни ду кишвар ва ҳам вазъи дохилии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар ин қатор аз эҳтимоли истифода шудани Тоҷикистон ҳамчун "равзан"-е барои наҷоти Русия аз таҳримҳои Ғарб, оштӣ додани Раҳмон бо Толибон ва масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон аз падар ба писар ном мебаранд. Мақомоти расмӣ ин баёнияҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Олекси Арестович, мушовири президенти Украина, дар як мусоҳибааш рӯзи 28-уми июн ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон набояд ба Русия дар фиреб додани таҳримҳои Ғарб кумак кунанд.

Урмас Пает, намояндаи Эстония дар порлумони Аврупо, рӯзи 27-уми июн ва дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Русия ба фурӯшгоҳе дар Украина, аз Тоҷикистон хост, Путинро мизбонӣ накунад.

Видео: Назару тахминҳо дар бораи сафари Путин ба Душанбе:

Назарҳову тахминҳо дар бораи ҳадафи сафари Путин ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Сарони НАТО дар Мадрид ҷамъ меоянд

Йенс Столтенберг

Сарони кишварҳои узви НАТО рӯзи 28-уми июн дар Мадрид, пойтахти Испания, ҷамъ меоянд. Ин муҳимтарин нишасти эътилофи кишварҳои ғарбӣ дар чанд соли охир ва дар пасманзари ҳамлаи Русия ба Украина мебошад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 27-уми июн гуфт, дар нишасти серӯза дар мавриди бастаи ёриҳои нав ба Украина ба тавофуқ хоҳанд расид.

Президенти Украина Владимир Зеленский маҷозӣ ё онлайн дар нишаст суханронӣ хоҳад кард.

Мухолифати Туркия ба пешниҳодҳои Финландия ва Шветсия барои пайвастан ба паймони низомӣ низ яке аз мавзуъҳои муҳим дар нишаст хоҳад буд. Туркия пас аз Амрико дувумин артиши бузургро дар ин эътилоф дорад.

Дабири кулли НАТО гуфтааст, интизор дорад, "ҳампаймонҳо ба таври ошкор эълон кунанд, ки Русия таҳдиди мустақим ба амнияти мо, арзишҳои мо ва низоми байнулмилалии қонунмеҳвар аст".

НАТО нерӯҳои зудамалашро ба бештар аз 300 ҳазор кас мерасонад

Йенс Столтенберг

"НАТО теъдоди нерӯҳои зудамалашро ба бештар аз 300 ҳазор кас мерасонад," -- хабар доданд расонаҳо бо такя ба гуфтаҳои дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.

"Мо ба бозомӯзии нерӯҳои зудамали НАТО машғул мешавем ва теъдоди онҳоро ба бештар аз 300 ҳазор мерасонем", - гуфтааст ӯ.

Ба қавли Столтенберг, дар нишасти Мадрид, ки рӯзҳои 28-30-юми июн баргузор мешавад, ҳампаймонони НАТО консепсияи роҳбурдии наверо қабул мекунанд, ки дар он Русия яке аз "хатарҳои умда ва мустақими амниятӣ" эътироф мегардад. Ҳамчунин дар ҳуҷҷати мазкур бори аввал аз хатарҳое ёд мешавад, ки аз Чин меоянд.

Нерӯҳои зудамали НАТО - аз низомиҳои пиёдагард, ҷузъу томҳои ҳавоиву баҳрӣ, инчунин, нерӯҳои вижа иборат аст, ки эътилофи низомии НАТО дар сурати зарурат ба таври фаврӣ онҳоро истифода мекунад. Айни замон теъдоди чунин неруҳои НАТО, ба навиштаи расонаҳо, то ба 40 ҳазор кас мерасад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз протокол имзо карданд

Ҷанҷол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боиси кушта шудани одамон ва вайронии хонаҳо мегардад

Дар шаҳри Душанбе музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сарҳад ба поён расид.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҷаласа аз 21 то 26-уми июн гузаштааст.

Дар поёни ҷаласа протокол ба имзо расидааст, вале муҳтавои он ба монанди ҳуҷҷатҳое, ки дар гузашта имзо шуда буданд, ифшо нашудааст. Тафсилоти мулоқот ҳам ошкор нашудааст. Дар хабари расмӣ таъкид шудааст, ки “мулоқот дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт”.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кориро дар қаламрави Қирғизистон баргузор кунанд.

Рӯзи 16-уми апрели имсол раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки дар мавриди 664 километр хати сарҳад тавофуқ ҳосил шудааст. Рӯзи 17-уми апрел ин иттилоъро раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам такрор кард.

Қирғизистону Тоҷикистон 970 километр сарҳад доранд, ки беш аз 500 километри он мушаххас шудааст.

Қитъаҳои миёни вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баҳсбарангез мондаанд, ки дар наздикии он деҳаҳо ва баъзан ҳатто манзилҳои сокинони ду ҷумҳурӣ ҷойгиранд ва ин муайян кардани хати марзро мушкил мекунад. Ба далели ин номуайянӣ, аксар вақт миёни сокинон ва марзбонони ду кишвари ҳамсоя даргирӣ рух медиҳад.

Дар ин даргириҳо силоҳ низ истифода мешавад, ки боиси талафоти одамон мегардад. Яке аз чунин муноқишаҳо охири моҳи апрели соли 2021 ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар ҷароҳат бардошта, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар доданд.

Нархи орд дар Хоруғу Мурғоб гаронтар шудааст

Бино ба мушоҳидаҳо, нархи бисёре аз маводи ғизоӣ дар аксар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳафтаҳои пешин бетағйир мондааст.

Фақат дар бозорҳои Хоруғ ва Мурғоб қимати орд 3 дарсад ва дар Қубодиён як дарсад боло рафтааст. Айни замон нархи як халтаи орд дар бозори Хоруғ то ба 400 сомонӣ мерасад.

Дар хабарномае, ки Идораи Озуқавории Созмони Милал нашр мекунад, омадааст, арзиши картошка ва пиёз, ки ҳафтаҳои гузашта баланд буданд, аз 2 то 6 дар сад поин омадаанд.

Бо вуҷуди ин, дар муқоиса ба моҳи май нархи орду биринҷ дар бисёре аз бозорҳо аз 4 то 3 дарсад ва нархи тухм 10 дар сад баландтар будаанд.

Ҷанг дар Украина ва дигар омилҳои мавсимӣ имсол дар Тоҷикистон сабаби болоравии қимати аксари маводи ғизоӣ дар кишвар шуд.

Дар Амрико ҷасади 46 муҳоҷири ғайриқонуниро ёфтанд

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 27-уми июн аз дохили як мошини боркаш дар шаҳри Сан Антонио дар иёлати Техаси Амрико ҷасади 46 муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо кардаанд.

Телевизиони шаҳрии КСАТ гузориш дод, ки мошинро дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Сан Антонио дар наздикии марзи Амрикову Мексика ёфтанд.

Мақомоти пулис гуфтанд, дар дохили мошин 12 калонсол ва 4 наврасро зинда пайдо карда, ба бемористон бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, нидои кумак аз дохили мошинро, ки дараш нимабоз будааст, як коргаре шунида ва ба мақомот хабар додааст.

Рон Ниренберг, раиси шаҳри Сан Антонио, ҳодисаро “фоҷиаи ваҳшатангез” номид.

Ҳазорон нафар ҳар сол аз марзи Мексика ғайриқонунӣ ба қаламрави Амрико ворид мешаванд ва қочоқбарони инсон низ дар интиқоли ғайриқонунии онҳо нақши зиёд доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG