Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рақобат" дар Бухоро. Чаро Хоҷаев ва Фитрат Муҳиддиновро "таҳаммул" накарданд?


Файзулло Хоҷаев
Имсол аз таваллуди Абдуқодир Муҳиддинов 130 сол ва 1-уми июн аз замони маргаш 88 сол сипарӣ мешавад. Ӯ кӣ буд? Қисми аввали навиштаро дар инҷо хонед

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Тоҷикистону Узбекистон дар сарнавишти Муҳиддинов. Қисми 2

Нависандаи амрикоӣ, муаллифи китоби “Ташкили Узбекистон: миллат, империя ва инқилоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ" (2015) Адиб Холид бар ин аст, ки нухбагони мусулмони Бухоро дар даҳаи дувуми асри 20, аз ҷумла Абдуқодир Муҳиддинов, ҷонибдорони ашаддии туркизме буданд, ки аз шаҳри Истанбул оварда шуда, Бухороро ба «як гӯшаи дурдасти ҷаҳони сиёсии Усмонӣ» табдил дода буд. Ба назари Холид, ташкил шудани Узбекистон дар соли 1924 «лоиҳаи миллии чағатай» (чағатай — кӯчманчиҳои турки асрҳои 13-15 — муаллиф)-и зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна» буд ва зиёиёни мусулмон тарҳи миллати узбек ва Узбекистонро кашиданд.

Адиб Холид
Адиб Холид

Гузашта аз ин, Холид мегӯяд, дар саргаҳи ташкили Узбекистону сипас Тоҷикистон маҳз бухороиҳои форсизабон меистоданд, на туркҳои Тошканду Фарғона ва Хоразм. Адиб Холид дувумиро, ки дар аввал дар ҳайати Узбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ташкил шуда, ба назари туркҳои Бухоро, минтақаи аз нигоҳи фарҳангӣ ақибмонда, мазлум ва дорои кӯҳистониҳои фақир» буд, «категорияи бозмонда», «партовгоҳи нокомҳо»-е, меномад, ки «дар муборизаҳои сиёсии Бухоро шикаст хӯрда буданд».

Худи Холид аз он дар тааҷҷуб аст, ки тоҷикон – ворисони тамаддуни шаҳрнишин ба як ҷомеаи кӯҳистонии аз нигоҳи фарҳангӣ ақибмонда табдил ёфтанд. Бинобар ин, Холид зуҳури Муҳиддиновро дар Душанбе натиҷаи нокомӣ дар муборизаҳо бо қабилаи Файзулло Хоҷаев барои раҳбарии тарҳи “Чағатай”-и табдили Бухоро ба Узбекистон меҳисобад. Мегӯянд, гуё Муҳиддинов, ки аз шикасти карераи худ ба хашм омада буд, бо таваҷҷуҳ бар он ки ҳизби болшевикҳо аз афзоиши туркгароӣ нигарон шуда, чағатайҳоро интиқоду ба пантуркизм айбдор мекунад, фурсатро аз даст надода, соли 1924 аз як турк ва узбек ба тоҷик табдил меёбад.

Дар ҳақиқат миёни Абдуқодир Муҳиддинов ва Файзулло Хоҷаев низоъ сар зада буд. Хоҷаев дар давоми солҳои 1921-1922 талоши сахт кардааст, то Муҳиддиновро аз Бухоро бозхонд кунад. Ӯ дар бораи “нақши зиддиинқилобӣ”-и Муҳиддинов ба фиристодаҳои Ленин С.Орҷоникидзе, В.Куйбишев, Л.Карахан (муовини вазири умури хориҷии РСФСР), намояндаи ваколатдори РСФСР дар Бухоро гузориш додааст. Илова бар ин, тавре таърихнигори тоҷик Намоз Ҳотамов гуфтааст, гурӯҳи Хоҷаев, ки илҳомбахши идеологи он Абдуррауф Фитрат буд, дар ҳаққи падари Абдуқодир Муҳиддинов туҳматҳои ифлосе мекунанд ва дар натиҷа Муҳиддин Мансурови тавоно маҷбур мешавад, Бухороро тарк карда, писарашро бо мухолифонаш танҳо гузорад.

Моҳи апрели соли 1921 миёни ду шохаи ҳокимияти Бухоро задухӯрд сурат мегирад ва Муҳиддинов, ки раиси Кумитаи инқилобӣ (раҳбари давлат) буду дар ихтиёри худ нерӯҳои мусаллаҳ дошт, чандин ҷонибдори раиси Шӯрои нозирон (сарвазир) Хоҷаевро бо шумули Фитрат ҳабс кард. Хоҷаев тарсида, ба Когони “русӣ”, воқеъ дар канори Бухоро, фирор кард ва аз намояндаи ваколатдори РСФСР Юренев кумак хост.

Юренев дар навбати худ фавран ба Хоҷаев зиреҳпӯш додааст. Хоҷаев тақрибан 300 тарафдорашро сафарбар карда, бо ёрии Артиши Сурху тавассути зиреҳпӯш вориди шаҳри қадимӣ шуда, боздоштшудагонро озод мекунад. Балвогарон маҷбур мешаванд, ки фирор кунанд.

Адиб Холид иштибоҳан фикр мекунад, ки миёни онҳо ихтилофи амиқи идеологие ба вуҷуд наомадааст ва Хоҷаев нисбат ба ҳамтои худ маъруфтар ва муваффақтар аст. Дар ҳақиқат, Муҳиддинов барои ба даст овардани истиқлол, берун кардани Артиши Сурх аз марзҳои ҶХШБ ва таъсиси артиши миллии Бухоро бидуни тобеият ба Ҷабҳаи турк исрор меварзид.

Абдуқодир Муҳиддинов ва ҳукумати Бухоро. Аксро муаллиф фиристодааст
Абдуқодир Муҳиддинов ва ҳукумати Бухоро. Аксро муаллиф фиристодааст

Ӯро аксарияти раҳбарони Ҷумҳурӣ дастгирӣ карданд. Аммо Муҳиддинов баҳори соли 1921 шикаст хӯрд, зеро Сталин ӯро “хатарнок” ва “исломгаро” ҳисобида, ба рақибаш Файзулло эътимод кард. Яъне ӯ дарк кард, ки Муҳиддинов ҳамчун сиёсатмадор аз рақибаш тавонмандтару мустақилтар аст ва бинобар ин, маҳз бояд Муҳиддинов “бардошта” шавад. Дар натиҷаи Муҳиддинов баъди як сол аз раҳбари ҷумҳурӣ интихоб шуданаш дар моҳи августи соли 1921 зимни ташкил шудани Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҶХШБ, ки мебоист ба ҷои Кумитаи инқилобӣ муваққатан фаъолият мекард, раиси КИМ интихоб нашуд ва ба ҷои ӯ амакбачаи Файзулло – Усмон Хоҷаевро таъйин карданд. Бояд гуфт, Усмон Хоҷаев, ки назар ба Муҳиддинов “ростгаротар” буд, дертар ба душмани ошкорои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.

Муҳиддинов муборизаро бохт, аммо ҷангро на. Абдуқодир солҳои 1921-1924 бо корҳои муҳим, вале дувумдараҷа машғул буд. Ӯ нахуст нозир (вазири)-и савдо ва саноат, раиси Шӯрои олии хоҷагии халқ ва баъдан маҷлиси иқтисодии ҶХШБ шуд. Ба ибораи дигар, вайро ба иқтисод банд кунонданду аз саҳнаи сиёсати бузург, ки дар он рақибаш Файзулло Хоҷаев таҳти рақами як баромад мекард, дур андохтанд. Файзулло Хоҷаев он замон дар назари маскавиҳо, бахсус дар пасманзари рушди босмачигароӣ, шахси боварбахшу русгаротар менамуд. (Ёдрас мешавем, синни ин ду бозигари саҳнаи сиёсии Бухоро дар соли 1921 ба 30 нарасида буд ва имрӯз онҳо ҳатто наметавонистанд, довталаби курсии президентӣ шаванд)

Зуҳури Анвар Пошо дар тирамоҳи соли 1921 дар Бухоро миёни раҳбарони маҳаллӣ ҷудоӣ андохт. Анвар дар мулоқоташ бо бухороиҳо ба таври умумӣ таъкид мекард, ки Бухоро бояд мустақил бошад. Дар ҳоле ки баъзеҳо ошкоро ва бархе пинҳонӣ аз туркҳо ба умеди он ки онҳоро аз болшевикҳо наҷот хоҳанд дод, пуштибонӣ мекарданд. , Файзулло Хоҷаев моҳи январи соли 1922 ба Маскав рафт. Ӯ нахуст ба Л.Карахан муроҷиат кард ва ба мулоқоти Сталин, ки барои худашу сарнавишти “Руми мусулмонҳо” муҳим буд, роҳ ёфт.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Файзулло Хоҷаев дар он мулоқот тасмими қатъӣ гирифт, ки бояд ба ҳукумати Шӯравӣ бипайвандад. Дар натиҷа, Ҳизби коммунистии Бухоро, ки байналхалқӣ (яъне, мустақил) буд, моҳи феврали соли 1922 ба Ҳизби коммунистии Русия ҳамроҳ шуд. Ҳамакнун Маскав ба воситаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказӣ метавонист, на танҳо раванди маҳви Анвар Пошо, балки Бухороро низ раҳбарӣ карда, ҳамзамон ба раиси Шӯрои комиссарҳои халқии ҶХШБ Файзулло Хоҷаев такя кунад. Хоҷаев бо бохтани Бухорову касби эътимоди Русия дастҳои худро барои иҷрои “тарҳи узбекӣ”-и худ, ки муаллифи он Фитрат буд, боз намуд. Ба сокинони Бухоро пешниҳод шуд, ки минбаъд худро узбек ва Узбекистонро вориси давлати Темур биҳисобанд.

Шефтагии Фитрат ба асосноккунии фарҳангӣ ва таблиғоти “узбекгароӣ” норозигии болшевиконро ба бор овард. Зеро рушди миллатгароӣ ба нақшаи бунёди Шӯравӣ шомил намешуд. Илова бар ин, Фитрат бо донишмандии худ ҳамчун хатмкардаи мадрасаи Бухоро ва донишгоҳи Истанбул хашми ходимони ҷавони чалласаводи ҳизбиро, ки шомили ҳукумат шуда буданд, барангехт. Дар натиҷа, ӯ моҳи июни соли 1923 дар ҷараёни яке аз поксозиҳо “барои суистифодаи қудрат ва боварии мардум” аз ҳайати ҳукумат берун карда шуд. Сипас ӯ барои анҷоми корҳои илмӣ ба муҳлати ду сол ба Маскав рафт.

Тарзи мутолиа ва тафсири дастнависҳои қадимаи ӯ шарқшиносони русро ба ҳайрат оварда, ба вай унвони профессорӣ доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Бухоро муборизаҳо бар зидди миллатгароӣ, панисломизм ва пантуркизм оғоз шуданд.

ТОҶИКИСТОН

Муҳиддинов дар ин вазъият, охирҳои соли 1924, зодгоҳаш Бухороро тарк карда, ба Душанбе, пойтахти эълоннашудаи Бухорои шарқии балвогару ҳаммарз бо Афғонистон ва воқеъ дар наздикиҳои Помир, ки аз сӯи босмачиҳо ишғол шуда буд, рафт, то раҳбари ҷумҳурии худмухтори навтаъсиси Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон шавад.

Ӯ дар аввал ҷонишини якуми Кумитаи инқилобӣ ва аз 16-уми декабри соли 1926 то 12-уми январи соли 1929 сарвазир (раиси Шӯрои нозирони халқ) шуд. Аз соли 1924 то 1929 якҷоя бо раҳбарони дигари ҷумҳурӣ ба ҳукумати Шӯравӣ пешниҳод кард, ки тақсимоти миллию ҳудудӣ бозбинӣ шавад. Пешниҳод шуд, ки Самарқанду Бухоро ва баъзе аз минтақаҳои водии Фарғонаву Ҳисор ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад.

Муҳиддинов ҳам монанди Айнӣ Бухороро танҳо дар ҳайати Тоҷикистон дидан намехост. Баръакс, онҳо орзу доштанд, ки Тоҷикистонро дар ҳайати Бухоро бубинанд.

Мақомоти он вақт пешниҳоди сиёсатшиноси машҳуру ботаҷриба ва раҳбари ҷумҳурии Тоҷикистонро наметавонистанд нодида бигиранд. Албатта, Муҳиддинов намехост, ба муддати дароз дар Душанбе бимонад, ӯ муштоқи баргашт ба Бухоро буд. Ӯ мехост, ҳамчун баранда ва раҳбари ҷумҳурие баргардад, ки пойтахти он дар зодгоҳаш бошад. Аммо соли 1930 карйераи хонаводаи маъруфу сарватманди бухороӣ, Мансуровҳо якбора поин рафт. Ӯро дубора ба Тошканд бозпас хонданд.

Сабабҳо маълум набуданд, вале эҳтимолан дар пушти бозхонди Муҳиддинов аз Тоҷикистон Файзулло Хоҷаев меистод. Вай як муддат дар вазифаи пасти комиссари нозирони таъминоти Узбекистон кор карда, 21-уми августи соли 1933 бо гумони “миллатгароии буржуазӣ” боздошт шуда, робитаҳояш бо туркону мукотиботро бо афғонҳо низ ёдрас карданд. Муҳиддиновро 1-уми июни соли 1934 паронданд. Аммо соли 1965 (шояд 1957) пурра сафед карда, дубора шомили ҳизб намуданд. Файзулло Хоҷаев ва Абдуррауфи Фитрат рақиби худро ҳамагӣ 4 сол таҳаммул карданд.

Аммо эроду танқидҳои Муҳиддинов дар бораи тақсимоти миллию ҳудудӣ дар соли 1924 бо шарофати заҳматҳои ӯ, ҳамчунин, талошҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемуру эътирозҳои қаблии ҷомеаи тоҷикони водии Фарғона (Конибодом ва Исфара) шунида шуд ва дар охирҳои соли 1929 Хуҷандро ба Тоҷикистон доданд.

Тавассути худи Хоҷаев эътироф карданд, ки дар Самарқанду Бухоро асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, вале беҳтар аст, онҳо дар ҳайати Узбекистон бимонанд ва ба ҷояшон, ба Тоҷикистон мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ дода, аз ҳайати Узбекистон ҷудо карданд.

Тоҷикистон бо шарофати ин тасмими таърихӣ, ки дар гирифта шудани он Муҳиддинов нақши калидиро бозидааст, моҳи декабри соли 1991 мустақил ва кишвари соҳибихтиёр шуд.

ТОҶИКИСТОН БО БУХОРО, БУХОРО БЕ ТОҶИКИСТОН. БА ҶОИ ХУЛОСА

Ташкилшавии Узбекистон ва ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати он дар соли 1924 маънои аз даст додани шанси ҳифзи ягонагии Бухоро ва давлатдории онро дошт. Таблиғоти туркизм сохти мусулмониро дигар карда, байни ду мардуми асосии муқими Бухоро – тоҷикон ва узбекҳо – ҷудоӣ андохт. Он Бухороро ҳамчун қисми шарқии эронзамин ва маркази муҳими фарҳанги чандинасраи форсӣ-исломӣ аз байн бурд.

Бухорои гуногунмиллат, ки онро «ҷадидони кӯҳна» ба раҳбарии Мансуров пеш мебурданд, имкон буд, тавассути оммаи мардум ҳифз карда шавад. Зеро он робита бо динро наканда буд ва шаҳри Бухоро маркази ҳокимият эътироф шуда буд. Вируси усмонигароӣ ва туркгароӣ, ки Адиб Холид дар бораи он ҳарф мезанад, воқеан ҳам, танҳо як қисми хурди нухбагон ё элитаҳоро фаро гирифта буд. Барои намуна, Айнӣ худро ба хоҷа пайванд медод. Ба нухбагони динӣ ва ғайриэтникӣ як оилаи сарватманди дигари Бухоро – арабҳои Қурайш (авлоди пайомбар Муҳаммад (с) шомил мешуданд. Онҳоро дар Тоҷикистон ва Узбекистон нағз мешиносанд. Раҳбари арабҳо Ҷӯрабек бо хонаводаи Мансуровҳо ва Хоҷаевҳо робитаи дӯстӣ дошт, аммо аз фаъолиятҳои сиёсии онҳо, ки ба назари ӯ, ифротгароӣ буд, канорагирӣ мекард.

Дар миёни нухбагони Бухоро, ки Муҳиддинов низ ба онҳо мансуб буд, чунин шуури ғайриқавмӣ, гуруҳӣ ва динӣ ҳукмфармо буд. Онҳо то даҳаи дувуми асри 20 аз баҳсу мунозираҳо дар бораи мансубиятҳои нажодӣ чандон нигарон набуданд, зеро мухолифи усули эътирофшудаи динӣ ва сулолавии дарки ҳуввияти мардуми муқими Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва узбекҳо) буданд. «Узбекҳо» дар фаҳмиши ашрофони Бухоро кӯчманчиҳои дағал ва «тоҷикон» кӯҳистониҳои фақиру бесавод буданд. «Бухороӣ» будан мояи ифтихор буд. Обрӯи Бухоро дар ҷаҳони Ислом ҳамеша баланд буд. Хусусан солҳои 1920 ва 1930 зоирони Макка ва онҳое, ки аз дасти болшевикон ба Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ фирор мекарданд, бо вуҷуди аз минтақаҳои дигари Осиёи Миёна будан беҳтар мешумурданд, ки худро «бухороӣ» номанд.

«Ифтихори бухороӣ» ба оташи муқовимати Артиши Сурх дар ҷануби Тоҷикистон ва Узбекистон равған рехт. Барои намуна, яке аз раҳбарони шӯришгарон, турктабори тоҷикзабон аз Балҷувон Давлатманди Бий гуфтааст: «То ҳол пойи русҳо ба замини Бухоро нарасидааст... То пойи русҳо аз хоки Бухоро канда нашавад, ҷангро бас нахоҳем кард».

Фолклори халқӣ суқути Бухороро ба таври худ чунин тасвир кардааст: «Сад ҳайфи Бухоро, ғазоро фарз дорам».

Ба шахсияти қаҳрамони худ бармегардем. Абдуқодир Муҳиддинов ҳам аз нигоҳи зуҳур дар саҳнаи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи муқоисавӣ аввалин арбоби давлатии тоҷик буд. Муҳиддинов бар хилофи ҳамзамонону ҳаммаслаконаш Садриддин Айнӣ ва Абдуррауф Фитрат – зиёиёни табақаи миёна, ки огоҳӣ ва ба сиёсат чандон таваҷҷуҳ надоштанд, фаъолияти фарҳангию маърифатӣ ва адабиро аз он авлотар медонистанд, “марди кор”, савдогар, миллионер, бонкире буд, ки инқилобро дар Бухоро сармоягузорӣ карда, дар сарнагун кардани амир, барпо намудани Бухорои халқӣ ва баъдан дар давлатдории точикон шахсан иштирок кардааст.

Ӯ ҳамзамон олигарх ва ашрофзода буд. Ин чиз ӯро бо намояндаи хонаводаи дигари ашрофзода ва сарватманди бухороӣ — Файзулло Хоҷаев ҳамроҳ мекард. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки қишри умдаи нухбагони форсизабон (тоҷик)-и Бухоро ин ду раҳбари олимақом дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин боистеъдодтарин адибон ва донишмандон – Фитрат ва Айниро додаанд.

Муҳиддинов бар хилофи раҳбарони дигари тоҷик, ки аз табақаҳои камбизоат буданд, Шириншо Шоҳтемури бадахшонӣ, Нусратулло Мақсуми ғармӣ, Абдураҳим Ҳоҷибоеви хуҷандӣ ва Чинор Имомови панҷакентӣ бо қарор доштанаш дар сафи Ҳизби коммунисти болшевикон сарсупурдаи болшевизм, ҳукумати Шӯравӣ ва сиёсатҳои Русия набуд. Аз аввал то охири умраш сиёсатмадори мустақил, соҳибмаълумот, сарватманд ва серталаб буд.

Ӯ ба монанди ҳар як тоҷики дигар сахт ошиқи шаҳри азизаш буд. Бухоро барои ӯ танҳо як "ватани кӯчак"-и ҳасратангезе набуд, ки тавонад дар он рухсатияшро дар иҳотаи хонавода гузаронад. Бухоро барои ӯ аҳамияти бузург дошт. Муҳиддинов ба монанди Айнӣ дарк карда буд, ки Бухоро танҳо як шаҳр нест, он кишварест, ки таъриху фарҳанги ғании ҳазорсола дорад ва таърихаш онро дар радифи абарқудратҳои дигари минтақавӣ, аз қабили Эрону Чин қарор медиҳад. Ба андешаи ӯ, Бухоро аз ҷумҳурии "боқимонда"-и Тоҷикистон, ки пойтахти он дар як замини бекорхобида дар доманаи кӯҳҳо қарор дорад, хеле муҳимтар буд.

Муҳиддинов ҳам монанди Айнӣ Бухороро танҳо дар ҳайати Тоҷикистон дидан намехост. Баръакс, онҳо орзу доштанд, ки Тоҷикистонро дар ҳайати Бухоро бубинанд. Аз ин рӯ, ба Муҳиддинов ва Айнӣ аз нуқтаи назари миллатгароии ҳудудии тоҷикӣ (тоҷикистонӣ), ки имрӯз паҳн шудааст, баҳо додан мумкин нест. Айнӣ ва баъд аз ӯ Бобоҷон Ғафуров таърихи Тоҷикистонро нанавиштаанд. Онҳо таърихи тоҷиконро навиштаанд ва ҳар ду аз ҳам фарқ доранд. Муҳиддинов ва Айниро наметавон ба узбекбадбинӣ айбдор карду гуфт, онҳо мехостанд, “Бухороро аз Узбекистон бигиранд”. Назари онҳо дар бораи минтақа, таърих ва ояндаи сиёсии он аз доираи сохтусози миллии Шӯравӣ дар солҳои 20-ум берун аст.

Ба назари онҳо, тақсимоти миллӣ сунъӣ менамуд ва ба он танҳо омода набуданд. Масалан, Айнӣ ҳам ба забони узбекӣ ва ҳам ба тоҷикӣ хеле хуб менавишт. Вай то охири умраш дар ду хона зистааст. Дар Сталинобод кор ва дар Самарканд зиндагӣ мекард. Ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва сиёсии Айниву Муҳиддинов ва равшанфикрони дигари Бухоро бо тартиботи маъмурию сиёсие, ки аз берун таҳмилшуда буд, мухолиф буданд. Онҳо натавонистанд ва нахостанд бар ин тазод ғалаба карда, идеяи сохти давлатдориеро ба тадриҷ пеш баранд, ки дар он мардум танҳо аз нигоҳи забонӣ фарқ карда, таъриху фарҳанг, аз ҷумла одобу русум, дин, мазҳаб, мусиқӣ, ошпазӣ, одоби муошират ва ғайраи муштарак доранд.

Ин аст, портрети фишурдаи сиёсии Абдуқодир Муҳиддинов.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG