Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиб Холид. Ҷадидон, Миллат ва Ватан


Бомбаборони Бухоро. 2 сентябри соли 1920

Дар мақолаи пешинаи худ Адиб Холид, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота (ИМА) шароити таърихии рӯ задани ҷунбиши Ҷадидияро тасвир кард. Дар бахши дувуми ин матлаб ӯ талош кардааст, мафҳумҳои "миллат" ва "ватан"-ро дар низоми андешаҳои ҷадидҳои Осиёи Марказӣ озмоиш кунад. Он ҳам дар ҳоле ки мафҳуми аввал дар ин ҷо нав ва мафҳуми дувум маҳдуд буд. Агар Шумо дар ин бобат фикру ақидае доред, хоҳишмандем, барои "Блогистон" бинависед.

Адиб Холид. Ҷадидон, миллат ва ватан


Бедор шав имруз, эй миллати азизам
То беҳуда намирад неруи муҳоҷират.
Фикрам ҳамеша бо туст, меҳри ман, эй миллатам,
Ранги заъфарону дидаи пурхун, инаст суратам.


Ин сатрҳоро шоири тошкандӣ Тавалло (Толаган Хоҷамёров) навишта, дар як маҷмӯае соли 1916 ба чоп расондааст. Миллат дар маркази барномаи ислоҳотии ҷадидон буд. Миллат маркази майдони фаъолияти онҳо, меҳвари асосии ҷунбиш ва меҳри ҷадидон буд. Ислоҳот ба нафъи миллат равона шуда буд. Дар навбати худ, миллат бо ғояи ватан пайванд буд.

Аслан, ғояи миллат - ҷомеае, ки бо манфиатҳои муштарак муттаҳид буда, ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ва фарҳанги муштарак дорад - дар масири ҷаҳони муосири онҳо пайдо шуда ва дар Осиёи Марказӣ ин ғоя маҳз тавассути ҷадидон падид омад. Қабл аз истилои Русия, худшиносии мардуми Осиёи Миёна дигар буд, онҳо худро ҳамчун узви гурӯҳҳои (қабилаҳои) насабӣ ва ё тобеи сулолаҳо ва ҳокимони онҳо мешинохтанд. Ба мисли ин, ватан маънои ҷой - шаҳр ё деҳа– зодгоҳи касро дошт, на воҳиди васеътар аз ин, масалан Туркистон.

Дар воқеъ, мафҳуми миллат ва ватан барои ҷадидон воҳидҳои табиии ҳувият ва ҳамбастагӣ буданд. Дар шароити империяи Русия, замоне ки ҳокимият дар дасти мардуми минтақа набуд, барои зиндамонди худ миллат боистӣ бозсозии худро оғоз ва захираҳои худро барои беҳбуди худаш истифода мекард.

Он ҷунбиши ислоҳотпарастӣ буд, ки мафҳумҳои масъулият ва ӯҳдадориҳоро барои аъзои миллат нав кард. Онҳое, ки сарватманд буданд, боистӣ пули худро на барои корҳои ғаразнок, аз қабили мизбонии туй, балки тавассути ташкили созмонҳои хайрхоҳ, маблағгузории мактабҳо, китобхонаҳо, толорҳои хониш сарф мекарданд ва тавассути бахшидани бурси таҳсилӣ ба донишҷӯёни ниёзманд дар омӯзишу парвариши фарзандони миллат саҳм мегирифтанд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ вазоифи миллатро чунин шарҳ дода буд:

“Албатта, падарон ба фарзандони худ ба андозае, ки барои тӯю маъракаҳои онҳо пул сарф мекунанд, бояд дар таҳсили онҳо ҳам саҳмгузор бошанд. Барои кӯдакон тарбиятхона (пансион) кушодан лозим аст. Ва ин мактабҳо бояд замонавӣ ва ба рӯҳияи миллӣ ва мазҳабӣ созгор бошанд. Барои кушодани ин гуна боғчаҳо ва омода кардани кӯдакон ба мактабҳои давлатӣ ба мо созмонҳои маърифатӣ ё хайрия ё ҷамъияти кӯдакон ва ё ба ибораи дигар, ҷамъиятҳо лозим ҳастанд. Барои он ки ин созмон (ҷамъиятҳо) аз мардум пул ҷамъ кунад, то имкон диҳад, ки фарзандони миллат таҳсил кунанд, ва дар оянда қозии миллат бошанд, яъне қозӣ, додситон, муҳандис, муаллим, як мактабдори муосир, сарпараст ва корманди миллат ... касе шаванд, ки корхонаҳоямонро, соҳаҳои гуногуни миллии моро ислоҳ ва эҳё карда тавонанд, яъне дар соҳаи техникӣ, тиҷорӣ ва бонкӣ ба мо кӯмак карда тавонанд, яъне, ки ба мо илми тиҷоратиро омӯзонанд ... барои мо ... барои дини мубини Ислом, барои хизмати шаҳрвандон бояд ашхосеро таълим дод, ки ходимони миллат шаванд.”

Миллат ба одамоне ниёз дошт, ки ба манфиати он кор кунанд ва ин кор танҳо дар сурате рӯй дода метавонист, ки агар аъзои миллат масъулияти худро дар назди миллат дарк кунанд.

Ва онҳое, ки соҳиби маълумот шудаанд, бояд онро ба хидмати миллат гузоранд. Ин ақида дар ҳикояи кӯтоҳи Чулпон "Доктор Муҳаммадёр", ки соли 1914 ба табъ расидааст ба хубӣ дида мешавад. Падари Муҳаммадёр, сартарош, арзиши дониш ва таҳсилро дар тули сафарҳояш ба Русия ва ҷаҳони Ислом дарк карда буд. Аз ин рӯ ӯ тасмим гирифт, ки писараш маълумоти хуби усули нав бигирад. Вале пеш аз он ки писар таҳсилро ба анҷом расонад, падар кушта мешавад (он ҳам натиҷаи ҳукми ҷаҳолат дар ҷомеа). Муҳаммадёр маҷбур буд Туркистони азизи худро тарк кунад, аммо бо истодагарии шахсӣ ва кӯмаки мусалмонони Боку, ки ба ӯ бурси таҳсилӣ доданд, ба Санкт-Петербург барои таҳсил дар соҳаи тиб меравад. Саъю кушиши ҳамаҷониба муваффақияти ӯро таъмин мекунад ва ӯ ба таври бояду шояд донишгоҳро бо баҳои олӣ хатм мекунад. Пеш аз он ки ба хонааш баргардад, ӯ барои сайқал додани малакаву тахассусаш ба Швейтсария меравад. Тули ҳамаи ин давраи таҳсил ғаму ғуссаҳои ватанаш ҳеҷ гоҳ аз зеҳни ӯ дур набудааст. Пас аз бозгашт ба ватанаш ӯ дармонгоҳе мекушояд ва дар он ҷо сарватмандонро пулакӣ ва камбизоатонро ройгон табобат мекунад. Ғайр аз ин Муҳаммадёр толори хониш ва ҷамъияти хайрхоҳонро мекушояд ва ба нашри рӯзнома шурӯъ мекунад. Ӯ ходими миллат мешавад.

Узви миллат киҳо буданд? Ҷадидони Туркистон то соли 1917 миллати худро ҳамчун «Мусулмонони Туркистон» (Туркистон мусулмонлари) мепиндоштанд. Дар ин таъриф, миллат, ватан ва дин ба ҳам мувофиқ ва пайванди якдигар буданд. Ватан Туркистон буд ва аъзои миллатро як дини умумӣ ба ҳам пайванд мекард.

Ҷадидони Бухоро, ки он ба Туркистон шомил набуд, Бухороро ҳамчун ватан мешинохтанд. Абдурауфи Фитрат дар бораи Бухоро навиштааст:

Ватани ман, аҳ, аҳ, чи ватан!
Саҷдагоҳи ҷону тани ман
Ҳам Каъбаи ман, қиблаи ман, ҳам чамани ман.


Ва мардуми Бухоро на танҳо тобеъони амир, балки миллати наҷибаи Бухороӣ буданд.

Дин ва миллат ба ҳам пайваст буданд. Ватандошлар (ҳамватанон) ҳамзамон диндошлар (ҳамдинон) низ буданд. Тавре ки як муаллиф соли 1914 навишта буд, "Дин бо миллат ва миллат бо миллат бақо доранд». На мусулмонҳои Туркистон ва на миллати наҷибаи Бухороиро забон муайян накардааст. Ин аст, ки Беҳбудӣ боре навишта буд, ки туркистониҳо бояд на ду, балки чаҳор забонро аз худ кунанд – «туркӣ, форсӣ, арабӣ ва русӣ. Забони туркӣ забони аксарияти аҳолии Туркистон, аммо форсӣ забони мадраса ва удабо буд; Забони арабӣ забони Ислом ва забони русӣ забони империяе буд, ки дар он мусулмонони Туркистон зиндагӣ мекарданд. Ин забонҳо барои зинда мондан ва дар ҷаҳон зистан заруранд.» Ин амри охир барои мо як ёдраси муфидест, оиди он ки ҷадидон дар шароити мустамлика кору зиндагӣ кардаанд. Беҳбудии миллатро боистӣ дар чаҳорчӯбаи императорӣ ба даст меоварданд.

Ва ҷадидон забонро низ чун хосияти миллат як падидаи муҳим мешумориданд. Андешаи Беҳбудӣ дар бораи он, ки мусулмонони Туркистон бояд ҳам туркиро донанд ва ҳам форсиро, ҳамзамон бо боваре ба он падид омад, ки аксарияти мардуми Туркистон туркӣ ҳарф мезаданд ва онҳо турк ҳастанд. Ин ғояи туркпарастӣ (на пантуркизм) дар солҳои баъд аз соли 1917 нақши хеле муҳим бозидааст.

Имрӯз вазъ дигар аст. Империя аз байн рафтааст ва Туркистону Бухоро низ. Ба ҷои он, мо дар Осиёи Марказӣ давлатҳои миллие дорем, ки миллатро бо забон ва таърихи беназири худ муайян мекунанд. Насиҳати Беҳбудӣ, ки мардуми Осиёи Миёна ба чаҳор забон ниёз доранд, то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Ҳадди аққал, он ба мо робитаҳои амиқи туркҳо ва форсҳоро (яъне, узбекҳо ва тоҷикони имрӯзаро) ба ёд меоварад, ки то ҳол дар сатҳи зиндагии ҳамарӯза вуҷуд доранд. Ва ғояи асосии ҷадидон хидмат ба миллат - манфиати дастаҷамъӣ, ӯҳдадории кумак ба ҳаммиллатон - ҳанӯз ҳам зиндааст, ҳатто агар аксари ин ӯҳдадориҳо аз тарафи давлат талаб карда мешаванд. Ҷадидон ҷомеаро ба тарзи нав тасаввур мекарданд - ин диди онҳо то ба ҳол арзиши худро гум накардааст.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG