Коре, ки дар соли 1924 кард
Баъзе аз муҳаққиқону таърихнигорон Абдураҳим Ҳоҷибоевро "хатокор"-е ном мебаранд, ки дар тақсими милливу ҳудудии кишварҳои Осиёи Миёна дар соли 1924 ба "иштибоҳи фоҷиавӣ" роҳ доду боиси аз даст рафтани марказҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон гардид. Донишманди фақиди тоҷик, Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар китоби "Абдураҳим Ҳоҷибоев. Осор ва пайкор" (соли 2010 нашру паҳн шудааст) ин ақидаро бепоя шумурдааст.
Шакурӣ Ҳоҷибоевро "шахсияти барҷастаи таърихӣ" номида, гуфтааст, дар зеркомиссияи тоҷикӣ се нафар – Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов ва Мухтор Саидҷонов – буданд ва ин зеркомиссия ҳеч кор карда натавонист. Ӯ гуфтааст, нақшаи тақсими милливу ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна дар Маскав таҳия шуда, ба манфиати Узбекистон буд.
Ба навиштаи донишманди марҳум, Муҳаммадҷон Шакурӣ, зеркомиссияи тоҷикон рӯзи 16-уми августи соли 1924, чаҳор рӯз пеш аз оғози ҷаласаи Комиссияи марказии тақсимоти милливу ҳудудӣ таъсис ёфта буд. Чизи ҷолиб, ба навиштаи вай, он аст, ки зеркомиссияи тоҷикон дар кори кумисюни марказӣ бо овози машваратӣ иштирок мекарданд.
"Соддалавҳ буд"; "тарсуӣ ва хиёнат бар ӯ бегона буд"
Аз нигоҳи Субҳони Аъзамзод, муҳаққиқи зиндагӣ ва осори Абдураҳим Ҳоҷибоев, бо ҳукми таърих дар ҳамон лаҳзаи басо печида ва ҳассос рисолати намояндагӣ аз халқи тоҷикро ба дӯши Ҳоҷибоеви ҷавону ноозмуда гузоштанд. Ӯ мегӯяд, таънаи тарсуӣ ва хиёнат, ки ба Ҳоҷибоев мезананд, "бар ӯ комилан бегона буд".
Ба навиштаи Шукур Султонов, доктори илми таърих, Ҳоҷибоев ғайри иродаи худ пиромуни сарнавишти тоҷикон ба хатои ҷиддӣ роҳ дод. Ба қавли Султонов, Ҳоҷибоев соддалавҳона бар он ақида буд, ки ҳудудҳои аслан тоҷикӣ, аз ҷумла шаҳрҳои қадимии Самарқанду Бухоро, муваққатан дар ҳудуди Узбекистон мемонанд ва бо фаро расидани вазъи мусоид ба Тоҷикистон бозпас мегарданд.
Субҳони Аъзамзод мегӯяд, сипас, давраи асосии фаъолияти Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ду марҳила, дар соли 1924 ва аз он то соли 1929, сарфи ҳамин иштибоҳ гардид ва "то ҷое миллатдӯстиву талошҳояш" сари ӯро бо гуноҳҳои сохтаи сангин, аз ҷумла "миллатгароии буржуазӣ", бар бод дод.
Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китобе дувоздаҳ сол пеш гуфтааст, хидмати таърихии зеркомиссияи тоҷикӣ низ буд, ки дар соли 1924 Тоҷикистон на ба шакли вилояти мухтор, балки ҷумҳурии мухтор дар ҳайати давлати Узбекистон арзи ҳастӣ кард. Баъд дар соли 1929 дар пайи кӯшишҳо ва талошҳо ба ҷумҳурии алоҳида табдил ёфт.
Ба нақли ӯ, ҷолибтарин ва дурахшонтарин лаҳзаи зиндагии Абдураҳим Ҳоҷибоев (он замон муовини раиси Шӯрои нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон) ба соли 1929 рост меояд. Замоне ки ба ҳузури Сталин ба Маскав рафт (баъд аз номаҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шотемур), суҳбат кард ва розӣ кунонд, то Тоҷикистон аз Узбекистон ҷудо ва ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ шавад.
Ба қавли Шакурӣ, аммо дар оқибат Сталин аз тасмими худ пушаймон гашт ва он рафтори Абдураҳим Ҳоҷибоев мисли дидаву дониста, худро дар оғӯши оташ задан буд. Шакурӣ дар радифи Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳи Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва Нисормуҳаммади Афғонро 5 муборизи таъсиси давлати тоҷикон ва муқобилони зидди пантуркизм дониста, шоистаи унвони "қаҳрамонони миллати тоҷик" ҳисобидааст.
Таърихе, ки "дақиқ омӯхта нашудааст"
Вале таърихшиноси тоҷик, Нуралӣ Давлат, мегӯяд, таърихи даҳаҳои бист ва сивуми асри гузашта ба мавзуъ аз дидгоҳи нисбатан дигар назар мекунад. Вай ҳам бар он аст, ки тасмими таъсиси давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав аз сӯи давлати Шӯравӣ бе назардошти воқеият рӯи даст гирифта шуда буд ва агар аъзои зеркомиссияи тоҷикон талош ҳам мекарданд, дар ислоҳи он коре аз дасташон намеомад.
Аммо аз тарафи дигар, ба назари Нуралӣ Давлат, ходимони сиёсии тоҷики солҳои 20-и пурихтилоф, хусусан дар марҳалаи аввал, аз нигоҳи худшиносии миллӣ ба чунин талошу пайкор омода набуданд ва таъсиси давлати алоҳидаи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳам ба пайкору талошҳои онон бастагии умда надошт. Нуралӣ Давлат мегӯяд, қабл аз он ки дар бораи қаҳрамонҳои асри гузашта ҳарф зад, бояд таърихи он давраро аз нигоҳи нав, аниқу дақиқ ва ҳамаҷониба омӯхт.
Ба бовари ӯ, дар замони сохтани ҳукумати шӯроҳо ва тақсими ҳудудҳои миллӣ аз давлатмардони тоҷик зуҳури худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, шояд ба сабаби камсаводии сиёсӣ ба назар намерасад. Қисмате аз онҳо, мисли Абдулло Раҳимбоев ва Абдурауфи Фитрат дар Туркия таълим дида, ошкоро ба ҷараёни пантуркистӣ гаравида буданд ва тоҷик будани худро аслан рад мекарданд.
Нуктаи дигари муҳим аз нигоҳи таърихшиноси тоҷик ин аст, ки дар соли 1929 Маскав ба таъсири он ки дар Афғонистон тоҷикон таҳти раҳбарии Амонуллоҳхони Калаконӣ ё “Бачаи Саққо” сари қудрат омаданд, давлати алоҳидаеро бо номи ин халқ дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дод, то дар оянда судури “инқилоби ҷаҳонӣ” ба ин кишвар осон гардад. Вагарна эҳтимол дошт, талошҳои давлатмардони Тоҷикистони автономӣ барои табдил кардани давлати ҷудогона боз ҳам ба ҷое нарасад.
Аз таваллуд то марг
Абдураҳим Ҳоҷибоев моҳи апрели соли 1900 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи боғбон ба дунё омадааст. Вай дар солҳои 1912-1914 дар мактаби маҳаллии русӣ хонда, дертар Донишгоҳи халқии Туркистонро дар Тошканд аз рӯйи ихтисоси соҳаи кишоварзӣ хатм кардааст.
Тақрибан 15 соли зиндагии Ҳоҷибоев аз соли 1918 то соли 1933, сарфи вазифаҳои гуногуни кишоварзиву хоҷагидорӣ ва сиёсӣ дар бунёди сохтмони Шӯравӣ шудааст.
Абдураҳим Ҳоҷибоев узви зеркомиссияи тоҷикон дар комиссияи тақсими ҳудудҳои миллӣ ва аз октбяри соли 1929 то соли 1933 раиси Шӯрои нозирони халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Муҳаққиқин хидматҳои ӯро дар бунёди муҳимтарин бахшҳои хоҷагии Тоҷикистони он давра, саноат, фарҳанг, кишоварзӣ муҳим медонанд. Аз ҷумла, корхонаҳои абрешими Хуҷанд, шоҳибофии Душанбе, коркарди фулузоти Консой, нерӯгоҳи барқи обии Варзоб, қисмати бузурги роҳҳои нақлиётӣ дар ҳамон давра бунёд шудааст.
Соли 1933 Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи раиси ҳукумати Тоҷикистон ва Нусратулло Махсум аз вазифаи котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ, раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон бо гуноҳҳои зиёд, бавижа “миллатгароии буржуазӣ” сабукдӯш ва ба Маскав бурда шуданд. Дар соли 1938 бо ҳамин гуноҳ (баъд аз як соли қатли Нусратуллоҳ Махсум) кушта шуд.
Матлубаи Мирзоюнус, набераи Абдураҳим Ҳоҷибоев (аз тарафи модарӣ) мегӯяд, баъд аз мавриди репрессияи сталинӣ қарор гирифтани Абдураҳим Ҳоҷибоев зану фарзандонаш ҳам зери шиканҷаву азият монданд ва солҳои зиёдеро дар Русия дар бадарға гузаронданд. Танҳо дар соли 1958, давраи нармии сиёсати хрушевӣ, Ҳоҷибоев дар қатори дигар қурбониёни репрессияи сталинӣ сафед гардид, вале дигар дар ҳаёт набуд.