Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Сталин дар Ашти Боло


Дар деҳаи Ашти вилояти Суғд муҷасаммаи “пешво ва падари миллатҳо”-и Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин то имрӯз ҳифз шудааст.

Муҷассамаи Иосиф Сталин, раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Ашти Боло, дар саҳни собиқ колхози ба номи Молотов то ҳол побарҷост.

Рустам Бегматов, мудири пешини мактаби рақами 14-и деҳаи Ашт ва нафақахӯр, ки ҳоло довталабона нигоҳубини ин муҷассамаро ба ӯҳда гирифтааст, мегӯяд, ин муҷассамаи гаҷӣ бо мурури замон фарсуда шуда ва панҷ сол қабл дасти чапаш аз оринҷ поён шикаст. Корманди тибби беморхонаи деҳа Ҷамол Маҳмудов бо истифода аз гаҷ ва семент муҷассамаро тармим кардааст.

Ҷаноби Бегматов гуфт, ки рӯзи 9 майи соли гузашта Азимбой Азимов, раиси ноҳияи Ашт аз муҷассамаи Иосиф Сталин пас аз тармим дидан кардааст.

Ӯ мегӯяд, як ҳайкалтароши касбӣ дар шаҳри Хуҷанд маслиҳат додааст, ки барои вуҷуди тӯлонии муҷассамаи Сталин бояд ба он рӯкаши мисӣ кашида шавад. Дар ин сурат ба муҷассама боду борон таъсире нахоҳад кард.

Рустам Бекматов
Рустам Бекматов

Вале барои ин кор маблағи зиёде лозим буда ва “сталинчиён” ё ҳаводорони Иосиф Сталин мехоҳанд дар ин замина барои кумак ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кунанд. Ҳамчунин, онҳо ният доранд, дар назди муҷассама осорхонаи кӯчаки Иосиф Сталинро таъсис диҳанд. Ба ин манзур китобҳои Сталин ба забонҳои русию тоҷикӣ ва аксҳои ӯ ҷамъоварӣ шудааст.

Муҷассамаи мувофиқи қадди Иосиф Сталин 172-сантиметрии раҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1956 бо пули кишоварзони колхози ба номи Молотови деҳаи Ашт бунёд шуда ва аз мавҷи саркӯбу нобудсозии муҷассамаю аксҳои Иосиф Сталин дар замони “мубориза бо шахспарастӣ”-и раҳбари баъдии Шӯравӣ Никита Хрушёв эмин мондааст.

Арабҷон Толибов, сармутахассиси хадамоти назорат ба маорифи ноҳияи Ашт ва аз ҳаводорони шахсияти Иосиф Сталин мегӯяд, гурӯҳи “сталинчиёни ашаддӣ”, ки бештарашон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё Ҷанги Ҷаҳонии дуюм буданд, он замон атрофи муҷассамаро бо ғӯзапоя пӯшонда ва аз назари ҳайати ҳукуматии масъули харобсозии муҷассамаҳои Сталин пинҳон доштаанд.

Ҷаноби Толибов гуфт, пас аз барканории Никита Хрушёв дар соли 1964 муҷассамаи Иосиф Сталин дубора дар маърази тамошои умум қарор гирифт. Сокинони деҳаи Ашт мегӯянд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто гурӯҳе аз сокинони шаҳри Гории Гурҷистон (зодгоҳи Иосиф Сталин) ба зиёрати ин муҷассама омада буданд.

Арабҷон Толибов мегӯяд, собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945 аз Иосиф Сталин ба унвони як раҳбари хирадманд, тавоно ва сахтгир ёдоварӣ мекунанд, ки маҳз ба шарофати ӯ СССР артиши муқтадири Гитлерро саркӯб карда ва ватанро аз нобудӣ наҷот додааст. Ӯ мегӯяд: “Дар замони Сталин интизом буд, дуздӣ, порахурӣ ва бекорӣ набуд. Кас ғами фардоро намехурд. Агар Сталин зинда мебуд, СССР барҳам намехӯрду мардуми мо саргардону хизматгори дари бегонаҳо намешуданд.”

Зимнан, дар солҳои ахир дар Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ мавориди носталҷӣ ё пазмонӣ ба низоми “панҷаи оҳанин”-и даврони сталинӣ бештар шудаааст, ки як аломаташ ифтитоҳи муҷассамаҳои Сталину ташкили осорхонаҳои ӯст.

Нимпайкараи Иосиф Сталин дар деҳаи Пӯлодони шаҳри Конибодом
Нимпайкараи Иосиф Сталин дар деҳаи Пӯлодони шаҳри Конибодом

Дар соли 2006 Мӯъминҷон Додоҷонов, сокини деҳаи Пӯлодони шаҳри Конибодом нимтанаи Иосиф Сталинро дар назди манзилаш гузошта ва дар паҳлӯи он чойхонае бо номи Сталин бунёд кардааст. Ӯ низ нимтанаи Сталинро дар тӯли солиёе дар манзилаш пинҳон карда буд.

Бар асоси як назарпурсие, ки созмони “Левада-центр” дар моҳи равон дар Русия анҷом додааст, 54 дарсади пурсишшудагон нақши Иосиф Сталинро дар таърихи кишвар мусбӣ арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, бештари муҳаққиқон Иосиф Сталинро золиму хунхор ва даврони сталиниро “террору таъқиби умумӣ” талақӣ мекунанд, ки миллионҳо тан аз шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ба иттиҳомоти сохтаи “душмани халқ” ё “ҷосуси хориҷӣ” дар зиндонҳо кушта шуда ё ба урдугоҳҳо дар Сибир бадарға шуда буданд.

Ҳанӯз дар Тоҷикистон омори расмие дар мавриди қурбониёни “террору таъқиби сталинӣ” мунташир нашудааст. Вале бар асоси асноди таърихӣ теъдоди зиёди чеҳраҳои саршиноси сиёсию давлатӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, назири Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум ва Абдулло Раҳимбоев, раҳбарони вақти ҳизбу ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамон даврони раёсати Сталин бо айбномаҳои “душманони халқи тоҷик, миллатгароёни буржуозӣ ва тротскийчиҳо” боздошт, аз суфуфи ҳизби коммунист ихроҷ ва сипас, қатл шуданд.

XS
SM
MD
LG