Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душмани халқ". Чӣ қадар аз тоҷиконро куштанд, зиндонӣ ва бадарға карданд? ВИДЕО


Ҳамасола 30-юми октябрро дар Русия ба унвони Рӯзи хотираи қурбониёни саркӯби даврони Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Аз солҳои 1920 то 1950 миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ "душмани халқ" эълон шуда, дар натиҷа зиндонӣ, кушта ва ба урдугоҳҳо фиристода шуданд.

Бо вуҷуди ин ки танҳо дар солҳои 1937-1938 аз ҳисоби аҳолии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон бештар аз 15 ҳазор нафар мавриди саркӯб қарор гирифтанд, дар кишвар дар робита ба ин қазия рӯзи хосе ҷашн гирифта намешавад.

Сарнавишти домулло Олимхон

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, соли 1938 дар Ставропол, замоне ки волидонаш дар бадарға буданд, таваллуд шудааст. Олимхон – падари Муҳиддин Хоҷазод – дар солҳои 1920 устоди мадраси "Ҳазрати Бобо"-и шаҳри Хуҷанд буд.

Домулло Олимхон
Домулло Олимхон

Яке аз шогирдонаш аз ақидаҳои ҳукумати Шӯравӣ розӣ набуда, алайҳи Артиши Сурх шӯриш кардааст. Бо миёнҷигарии Олимхон шогирдаш аслиҳаро ба замин мегузорад ва ба ҳукумат таслим мешавад, вале боз ҳам эъдом (қатл) мешавад. Ба мақомот хабар мерасонанд, ки домулло Олимхон аз кушта шудани шогирдаш ғамгин аст.

Ин хабар боиси мутаҳҳам ва бадарға кардани ӯ ба Ставропол мешавад. "Падарам дар Қафқоз посбони анбори гандум буд. Он ҷо ватани гандум аст ва ӯ шабу рӯз дар онҷо кор мекард", -- ба ёд овард Хоҷазод.

Толеи ин хонавода дар муқоиса бо дигарон баландтар будаву онҳо бо кумаки дӯстони худ ба Самарқанд бармегарданд. Аммо барои ҳазорон нафари дигар ин бадарға макони охирашон мешавад.

Давраҳои "террори сурх"

Муҳиддин Хоҷазод
Муҳиддин Хоҷазод

Саркӯби густурдаи солҳои 30-юм ба қишрҳои гуногуни аҳолии Тоҷикистон асар гузошт, аз ҷумла ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони рӯшанфикрон, кормандони давлатӣ, деҳқонон, рӯҳониён ва мардуми оддӣ, ки таъқиб, дастгир ва эъдом шуданд.

Тибқи омори умумии дастгиршудаҳо аз сӯи Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ (НКВД) танҳо дар солҳои 1937-1938 15 ҳазору 704 нафар саркӯб шудаанд, ки бештари онҳо ҳадафи тир қарор гирифтаанд. То ҳанӯз иттилооти дақиқ ё ҳадди ақал тақрибӣ дар мавриди теъдоди қурбониёни “террори сурх” дар Тоҷикистон эълом нашудааст.

“Ин саркӯбҳо вобаста аз марҳилаҳои таърихӣ хусусияти гуногун доштанд. Агар дар солҳои аввал шахсони мутааллиқ ба Русияи подшоҳӣ ва Аморати Бухоро қурбонӣ мешуданд, баъдан дар замони давлатӣ кардани заминҳо деҳқонон ва онҳое, ки муқобили таъсис колхоз буданд, мавриди саркӯб қарор мегирифтанд. Аз соли 1936 саркӯби кормандони ҳизбӣ ва давлатӣ шурӯъ шуд”, -- мегӯяд рӯзноманигори тоҷик Қурбон Аламшоев.

Қурбон Аламшоев
Қурбон Аламшоев

Ӯ таъкид мекунад, дар ин давра шахсоне, дар саргаҳи барқарории ҳукумати Шӯравӣ буданд ва шахсони аввали сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳрҳо саркӯб мешуданд.

Дар Тоҷикистон дар миёни афроди саркӯбшуда симоҳои барҷастае ба монанди Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва дигарон буданд, ки бештарашон бо мурури замон куллан бегуноҳ ҳисоб шуданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чӣ қадар аз тоҷиконро куштанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:35 0:00

Ҷой додани тарс

Абдураҳмон Абдуманнов
Абдураҳмон Абдуманнов

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд, ин саркӯбҳо ба рӯҳияи миллӣ ва пешрафти фарҳанги мардуми тоҷик таъсир дошт; то ҳадде, ки тарс ба ғаризаи асосии мардум табдил шуд.

“Ходимони адабии мо садамаи азиме диданд. Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдулло, Холиқ Мирзозода ва Ҷалол Икромӣ як муддат дастгир шуда буданд. Тамоми хонаводаи Ғанӣ Абдулло бо шумули падар ва бародараш Рашид Абдулло дар зиндон ҷон бохтанд. Худи Ғанӣ Абдулло баргашт, аммо ду додарарӯсаш Абдулҳаким Қосимов ва Маъруф Расулӣ, ки аз чеҳраҳои матраҳи илму фарҳанг буданд, даргузашанд”, -- мегӯяд Абдуманнонов.

Муносибат ба саркӯб

Дар Тоҷикистон муносибат ба Сталин ва саркӯби солҳои 30-юм ба тадриҷ тағйир меёбад. Ҳадди ақал дар ҷомеа ва расонаҳо ин мавзуъ бештар матраҳ мешавад. Бархе то ба имрӯз моил ба тавҷеҳи саркӯбҳои сталинӣ ҳастанд. Ин қишри ҷомеа қоидатан саркӯбҳоро зарурати сиёсии он даврон ва Сталинро “наҷотдиҳандаи сайёра” мешуморанд.

Рустам Бегматов бо муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт
Рустам Бегматов бо муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт

Рустам Бегматов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт, замоне омӯзгори мактаби миёна буд. Аз маблағи худ нимпайкараи партофташудаи Сталинро бозсозӣ ва то имрӯз онро посбонӣ мекунад. Ғайр аз ин, нияти бунёди осорхонаи замонавӣ ва чойхона ба номи Сталинро дорад.

“Падари ман иштирокчии Ҷанги ҷаҳонии дуввум ва то охири умраш коммунист буд. Теъдоди китобҳои китобхонаи ӯ бештар аз 500 нусха аст. Ман ҳам аз соли 1991 ба ин сӯ узви Ҳизби коммунистӣ мебошам”, -- мегӯяд Бематов.

Бе китоби хотира

Ҷамъияти “Мемориал” дар Русия бар асоси Китоби хотира, ки дар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар мавриди саркӯбҳои сталинӣ навишта шудааст, пойгоҳи воҳиди додаҳо (маълумот)-и “қурбониёни террори сиёсии Шӯравӣ”-ро роҳандозӣ кардааст. Ин пойгоҳ дорои 3 миллиону 100 ҳазор ёддошт мебошад. Аммо тавре дар сомонаи ташкилот зикр шудааст, ин маълумот аз чор як ҳиссаи шумораи умумии террори сиёсиро ҳам ташкил намедиҳад.

Аз бойгонии “Мемориал” дар як суҳбати телефонӣ ба “Радиои Озодӣ” гуфтанд, ки онҳо дар мавриди Тоҷикистон тақрибан ҳеч иттиллоъ дар даст надоранд, чунки ин кишвар то ҳанӯз қонун “Дар бораи сафед кардани қурбониёни саркӯби сиёсӣ”-ро қабул накардааст ва ин дастрасӣ ба иттилоот дар бораи қурбониёнро номумкин месозад.

Таърихнигорон набудани Китоби хотираи миллии тоҷиконро ба далелҳои гуногун рабт медиҳанд. Яке инро бо ангезаҳои сиёсии роҳбарияти Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад ва бархеи дигар набуди рағбати илмӣ ба ин мавзуъро далел меорад.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Таърихнигор Камолуддин Абдуллоев ин падидаро ба сабабҳои зерин рабт медиҳад:

  • "Далели воқеӣ. Аз ҳама аввал худшиносии заифӣ миллӣ. Мо худшиносии маҳаллӣ ва ҷамъиятии қавӣ дорем. Ҳар кас қаҳрамони худро дорад. Мардуми Ғарм дар сӯги Нусратулло Махсум нишастаанд ва мардуми Бадахшон Шириншо Шотемур ва хуҷандиҳо Абдураҳим Ҳоҷибоевро ёд мекунанд. Ин хотира бо навиштани зиндагиномаҳое бо як сатри “саркӯб – кушта – бегуноҳ дониста шудааст” хулоса мешавад. Ба ин давра баҳои таърихӣ дода нашудааст. Ҳеч маҳкумияте вуҷуд надорад. Танҳо баёни воқеият аст. Сукут хосияти хоси таърихнигорони тоҷик аст.
  • Далели субъективӣ. Бисёре аз тоҷикон ба даврони Шӯравӣ ва Сталин муносибати хос - ҳамроҳ бо ҳаяҷон доранд, ки онҳоро аз интиқоди саркӯб ва дар маҷмуъ ин марҳилаи таърихӣ боз медорад."

Ин олими мегӯяд, таърихнигорони тоҷик таъкид меварзанд, ки Шӯравӣ новобаста аз иштибоҳҳои худ тоҷиконро аз омехташавӣ бо “пантуркҳо” наҷот дод. Интиқоди саркӯб ба интиқоди Сталин меорад, ки барои баъзе аз тоҷикон “қаҳрамон ва наҷотдиҳандаи харизматик” мондааст.

Ба андешаи Камол Абдуллоев, боз шудани бойгонӣ метавонад, суботи афкори ҷомеаро халадор кунад, чунки кормандони давлатии замони Шӯравӣ, ки қаблан ба таври мусбат баҳогузорӣ мешуданд, ба далели тааллуқот ба даврони саркӯб ҷойгоҳи баланди худро аз даст медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Абдуллоев бовар дорад, боз шудани бойгонӣ мавзӯи замон аст ва дер ё зуд роҳҳали худро пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG