Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ Абдулло. Аз “душмани халқ” то пешниҳод ба Ҷоизаи Рӯдакӣ


Ғанӣ Абдулло. Акс аз бойгонӣ
Рӯзи 11-уми март 110-солагии драматурги шинохтаи тоҷик, Ғанӣ Абдулло, ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат писараш, таҳлилгари саршинос Рашид Ғанӣ Абдулло, баъзе аз хотира ва андешаҳои худро пешкаши хонандагони гиромӣ мекунад.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Сухане чанд дар ёди падар

Падар ҳамеша мегуфтанд, ки зиндон ҷавҳару моҳияти аслии одамон, сустӣ ва нерӯи маънавияшонро ошкор мекунад. Инро касе мегуфт, ки соли 1937, бо вуҷуди хидматҳояш ба адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон, қурбони таъқиботи сталинӣ гашт.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Аз онҷо зинда баргаштанд. Қариб даҳ соли дигар бо доғи “душмани халқ” ба сар бурданд. Бо кӯшиши баъзе аз онҳое, ки аз боди марговари соли 1937 осеб надиданду аз бозгашташон чандон хушнуд набуданд, берун аз раванди адабии ҷумҳурӣ монданд. Дар ин амр ба онҳо қонунҳои замона ёрӣ медод – барои “душманони халқ” будубош дар пойтахтҳо манъ буд.

Бародарашон, шоир Рашид Абдулло, ҷавони нозуку олуфта, бо вуҷуди саломатии начандон хуб зидди таъқибҳои беасос гуруснанишинӣ эълон кард. Ин эътирози сиёсӣ сабаб гашт, ки ӯро дар худи зиндон нобуд кунанд.

Баъди 1937. “Бахшиданд, вале муносибат надоштанд”

Пас аз фавти Иосиф Сталин ва ба қудрат расидани Никита Хрушёв вазъи сиёсӣ дар кишвар мулоимтар гашт. Дар солҳои 1955-1957 барои “душманони халқ” – Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Ҳайдар Ҷӯра ва чанде аз дигарон – имкони нисбатан мусоиди бозгашт ба Душанбе фароҳам шуд. Нисбатан мусоид аз он лиҳоз, ки мушкили пайдо кардани кор ва ҷойи зисти доимӣ барои худу аҳли оилаи онҳо ҳамоно халли худро наёфта буд.

Бояд гуфт, таъқиби солҳои 1937-38 ҳамеша дар асоси санади муайян, умдатан, ба истилоҳи ҳамон замон, “донос”-нома бар зидди ин ё он шахс сурат мегирифт. Ин нома бояд имзои хабаррасонро медошт. Ҳангоми сафедкунӣ додситони минтақаи низомии Туркистон ба падар рӯйхати онҳоеро, ки дар омадани бало ба сарашон воситае шуда буданд, шинос кард. Ба гуфтаашон, байни онҳо суханони зерин радду бадал шуданд:

- Ҳаққи қонунӣ доред, ки алайҳи онҳо даъво кунед.

- Кофист, маро ҳар рӯз зинда мебинанд. Барояшон ҷазои доимист.

- Бино ба қарори болонишинон, бояд бароятон ҳаминро пешниҳод кунам, вале, рости гап, аз Шумо ҷавоби дигарро мунтазир набудам.

Тақрибан ҳамаи онҳое, ки бино ба фишоровариҳои замона воситаи зиндонӣ шудани падар ва хешу ақрабояшон шуда буданд, ба ин ё он шакл аз он кас узр пурсиданду бахшида ҳам шуданд, вале самимияти пешин дар муносибатҳояшон бебозгашт аз байн рафта буд. Онҳое низ буданд, ки кудурат нисбат ба падар аз дилашон нарафт, ҳарчанд бо мурури замон ночор мавқеъгириро то андозае тағйир доданд.

Баъд аз ҳамаи ногувориҳое, ки соли 1937 ва баъди он ба сари падар омад, худро аз доираи ҳамкасбони хамсинну сол дур кашиданду то ба ҳадди лозим ҳама гуна робитаҳоро бо онҳо кам карданд. Суҳбатро бо гӯлахтии ҳаммом, ки бо ҷурме зиндонӣ шуда буд ё кӯҳнадӯзи яҳудии серфарзанди Довуд, ки дар дӯконаш дар паҳлӯи Донишкадаи пешину Донишгоҳи имрӯзаи омӯзгорӣ заҳмат мекашид, аз дидори ҳамтоёни пешинаашон авлотар ва ҷамъияти онҳоро барои худ бароҳаттар медонистанд.

Албатта, дар Душанбе шахсоне аз доираи илму қалам ва фарҳанг буданд, ки ҳамеша майли суҳбат бо онҳоро доштанд. Баъди бозгашт аз маҳбас, омадан ба Душанбе ва то замони вафт дар соли 1984, Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Аловуддин Баҳоваддинов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Мирсаид Мишакар, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Шавкат Ниёзӣ, Абдусалом Раҳимов, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Меҳрубон Назаров, Ёқуб Сабзанов, Масъуд Муллоҷонов, Арнолд Одинтсов, Владимир ва Лариса Демидчикҳо, генерал Мастибек Тошмуҳамадов ва шояд боз як-ду каси дигар доираи начандон васеи ҳамсуҳбатони нисбатан доимиашонро ташкил мекарданд. То ҷое, ки дар ёдам ҳаст, таваҷҷӯҳи бештар ба дидору суҳбат бо Шарифҷон Ҳусейнзода ва Баҳром Сирус доштанд.

Таҷрибае, ки дар “Ҳуррият” акс ёфт

Пас аз бозгашт аз зиндону табъид барои падар то андозае ногаҳон ва ҳатто тааҷҷубовар ҳам буд, ки дар байни хелеҳо аз аҳли адаб ҳамоно ҳамчун нависандаи тавоно шинохта мешуданд, ҳарчанд робитае байнашон ва адибони ҷумҳурӣ вуҷуд надошт. Ин мақом ва эътирофу эътибор ба дастовардҳои пешин асос ёфта буд. Барои собит намудани мақоми худ дар раванди адабӣ дастоварди нав, далели нав ва бурҳони қотеъ лозим буд. Таълиф ва ба саҳна гузошта шудани “Ҳуррият” ҳамин гуна дастовард ва далелу бурҳон гашт.

Драмаи “Ҳуррият”, ки соли 1964 рӯйи саҳнаро дид, аз дидгоҳи инҷониб, яке аз асарҳои ҷолиби адабӣ ва, умуман, фарҳанги тоҷик дар аҳди пасоклассикии Шӯравист. Хатои чандон зиёд намешавад онро нахустин ва, шояд, беҳтарин асари бадеии сиёсӣ-интеллектуалӣ дар адабиёти Шӯравии тоҷик донист. Мазмуну муҳтавои “Ҳуррият”-ро маҷмӯи бархӯрду мушкилҳо муайян мекунанд. Мушкили ҳамешагии ҷомеа – мубориза барои ҳокимият; мушкили муносибати инсону соҳибони давлату давлатдорӣ ва ҷанбаи махсуси он – муносибатҳои усулан ноҳамвор байни аҳли фаҳму қалам ва давлату давлатдорон.

Дар офаридани ҳолатҳое дар “Ҳуррият”, ки одам бояд дар ҳарбу зарби шадиди ботинӣ ҷавҳари инсонияшро ҳифз кунад ва ё аз даст бидиҳад, таъсири таҷрибаи шахсии нависандаро нодида гирифтан нашояд. Таҷрибаи соли 1937, ки аз ҳабсу истинтоқ, ҳаёти даҳшатбор дар маҳбасҳои Шимоли Ақсо, пазируфтани дарду шиканҷа, вале напазируфтани хиёнат ва сиёҳ накардани дигарон иборат мебошад. Интихоби падар маҳз ҳамин буд.

Тақрибан баробари ба анҷом расидани “Ҳуррият”, кӯшишҳо шуданд, ки он рӯйи саҳна наояд. Нахуст ба воситаи сохторҳои сиёсӣ. Баъд аз суст гаштани низоми Шӯравӣ дар бораи монеагузориҳо барои чоп нашудани асарҳои ин ё он адиб гуфта шуданд. Бояд таъкид намуд, ки пас аз бардоштани доғи “душмани халқ” аз номи падар дар муносибаташон бо сохторҳои расмӣ кадом мушкили ҷиддӣ вуҷуд надошт.

Гузашта аз он, сохторҳои расмии ҷумҳурӣ, хоса ниҳодҳои сиёсӣ, намедонистанд, чӣ хатеро нисбати он кас пеш гиранд. Равоншиносиву рафторашон ба гунаи равоншиносиву рафтори нависандагони дигари тоҷик, ки аҳли султа онро хуб медонисту мефаҳмид, монандӣ надошт. Аз ин рӯ, барояшон ношинос ва нофаҳмо буд.

Таъсири муҳити Боку

Яке аз омилҳоро, ки байни падар ва нависандагони дигар фарқ мегузошт, бояд дар таҳсилашон дар Боку дид. Муҳити солҳои бистуми Боку аз муҳити шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ҷиддан фарқ мекард. Агар гӯем, ки дар солҳои бистум мардуми Боку ва мардуми Осиёи Марказӣ дар як замон, вале дар асрҳои гуногун ба сар мебурданд, хатои сахт намекунем. Сатҳи рушди Боку дар он солҳо аз ҳар ҷиҳат аз сатҳи рушди шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб баландтар буд.

Ақибмонии сатҳи рушди ҳаматарафаи шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз Боку чанд даҳсолаҳоро ташкил мекард. Марҳилаи хеле муҳими ташаккули шахсият ва андешаронии падар маҳз ба солҳои таҳсил дар Боку рост омада буд. Биноан, андешаронии падар аз андешаронии ҳамқаламони ҳамсиннашон, ки комилан дар муҳити Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта буд, тафовут дошт. Агар чунини таъбир ҷоиз бошад, падар ва ҳамқаламони ҳамсолашон дар Душанбе дар як вақт, вале дар замонҳои гуногун ба сар мебурданд. Вақте мусоҳибон дар замонҳои гуногун қарор доранд, фаҳмидани якдигар осон намебошад.

Маъмулан, сохторҳои сиёсӣ-идеологии ҷумҳурӣ бо адибе ё адибоне сар ба сар мешуданд, ки дар навиштаҳояшон як навъ хатари бевоситаеро ба мавқеи худ медиданд. Азбаски таваҷҷуҳи падар ба мавзуъҳое буд, ки аз доираи таваҷҷуҳи масъулин берун буд, роҳбарияти сиёсӣ нисбати он кас бино ба усули “ба мо кор надорад, мо низ ба ӯ кор надорем” рафтор мекарданд. Бино ба усули бетарафии том. Аммо азбаски падар дар таълифоти хеш усулан бо масоилу мушкилоти сиёсӣ сару кор доштанд, ниҳодҳои расмӣ аз вокуниши манфии сохторҳои сиёсӣ-идеологии болоӣ, яъне ниҳодҳои зирабти Маскав, то андозае дар ташвиш буданд.

Биноан онҳоро таъкиди расмиие лозим буд, ки дар асарҳои падар чизе нест, ки ба онҳо, ҳамчун роҳбарони ҷумҳурӣ, осеб мерасонда бошад. Ин мушкил ҳамеша бо осонӣ халли худро меёфт. Академик Аловуддин Баҳоваддинов ба ҳайси роҳбари Институти таърихи ҳизб дар назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҷумхурӣ ва шахсе, ки суханашон аз эътибори лозим бархурдор буд, бо қатъият таъкид мекарданд, ки навиштаҳои падар аз лиҳози сиёсӣ бо мақсаду мароми давлати Шӯравӣ дар ихтилоф нест. Барои роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ ҳамин баҳодиҳии Аловуддин Баҳоваддинов кофӣ буд. Ногуфта намонад, ки сарвазири вақти кишвар, Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки худ адиб буданд, ҳеч гоҳ таъйиди сиёсии худро барои падар дареғ намедоштанд.

Саҳми Мирсаид Миршакар

Азбаски сохторҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар масъалаи “Ҳуррият” бетарафиро авлотар дониста буданд, “бародарони” ҳамқаламашон ба ҳаракати ошкоро даромаданд, то намоишномаи аз рӯи он омодашуда пешкаши мардум нагардад. Дар раванди ба саҳна гузошта шудани ин ё он асар нуқтаи ниҳоро дар муҳити театру Вазорати фарҳанг «сдача» меноманд. Нияти онҳое, ки мехостанд пеши роҳи “Ҳуррият”-ро гиранд, аз он иборат буд, ки дар “сдача” ба намоишнома баҳои хуб дода нашавад. Шахсе, ки барои ботил сохтани ин тасмимгириҳо нақши асосӣ бозид, Мирсаид Миршакар буд.

Саҳми Мирсаид Миршакар барои он ки падар дубора мақоми аслии худро дар адабиёт ва театри тоҷик соҳиб гарданд, басо зиёд аст. Пеш аз пардохтан ба навиштани “Ҳуррият”, падар аз марҳилаи ҳамкориву ҳамқаламӣ бо нависандагони гуногун гузаштанд. Боре Мирсаид Миршакар ба падар гуфтанд: “Абдуғанӣ, кори шарикӣ маънову барака надорад. Кори асосиро худат мекуниву фоидаи бештарро дигарҳо мебардоранд. Шарикиро як тараф мону аз паси навиштани асаре, ки лоиқи худат бошад, шав”. Ҳамин тавр ҳам шуд. Падар кори шарикиро як тараф гузоштанду ба навиштани “Ҳуррият” пардохтанд.

Падар дар хона буданд. Занг шуд. Гӯшаки телефонро бардоштанд. Овози Мирсаид Мишакар омад:

- Абдуғанӣ, агар арақ хӯрда бошӣ, нағз. Агар нахӯрда бошӣ, як стаконро пур карда, бардору худи ҳозир ба театр биё. Як ҷанҷоли калон кардан даркор. Ин муттаҳамон дар ин ҷо ҷамъ шуда, бе худат тақдиратро ҳал карданӣ ҳастанд.

Агар хато накунам, он вақт Мирсаид Миршакар сарварии шуъба ё шӯрои репертуарии Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро ба уҳда доштанду аз нияти гирифтани пеши роҳи намоишнома сари вақт огоҳ шуда буданд. Маълум буд, ки тарҳрезони вайрон кардани «сдача» ва гардондани намоишнома тавонистанд, болонишинҳоро мутақоид кунанд, ки ин кор лозим аст. Биноан, Мирсаид Миршакар мехостанд, дар ҷаласа мардум ба тарафдории падар сухан гӯянду қарор ба фоидаи он кас ҳал шавад. Барои ин, ҳузури падар дар ҷаласа зарур буд, то ба ҳар эрод ҷавоб гардонанд.

Дар маросими «сдача» гапҳои пасту баланди зиёд гуфта шуданд. Аз ҷумла, падар бо лаҳни шадид аз эродгирандагон пурсиданд:

- Чаро ба Шумо ба ҳар мавзуъ, ки дилатон мехоҳад, даст задан мумкин будааст, барои ман не?

Яке аз сухангӯёни асосӣ, намояндаи адабиёти Шӯравии тоҷик, ки бештар на ба хоҳиши худ, балки бо дархости дигарон, бояд намоишномаро сиёҳ мекард, аз идомаи “рисолати” худ даст кашиду аз толор баромад. Ҳозирини дигар, аз ҷумла Мирсаид Миршакар бо ишора ба ҳусну қубҳи намоишнома қабули онро тавсия доданд.

Ҳама ҷоиза гирифтанд, ба ҷуз муаллиф

Намоишнома воқеаи назарраси адабиёт ва ҳунари тоҷик гардид. Аксар иштирокдорони намоишнома сазовори номҳои баланди фахрӣ ё мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ гаштанд. Танҳо ба муаллиф чизеро насиб надиданд. Дуруст аст, ки соли 1965 падар барои гирифтани ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ пешниҳод шуда буданд, вале ҷоизадиҳандагон ин пешниҳодро “бомуваффақият” рад карданд.

Вале надодани ҷоиза дигар барои падар аҳамият надошт. Драма ва намоишномаи “Ҳуррият” на танҳо мақоми пештараро ба падар баргардонд, балки болотар ҳам бурд. То ба дараҷае, ки пас аз гузаштани беш аз се даҳа аз марг, ҷояшон дар драмнависии тоҷик ҳамоно холист ва барои тахте, ки аҳли театр соли 1982 барояшон лоиқ дониста буданду нишастгоҳашон карданд, то ҳоло даъвогаре пайдо нашудааст.

(Бо ихтисор чоп шуд)

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG