Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз қурбониёни "таъқиботи сталинӣ" ёд меоранд?


Вазорати адлияи Тоҷикистон созмонеро сабтином кардааст, ки ҳадафаш гиромидошти чеҳраҳои ҷабрдида аз таъқиботи сталинӣ ва таҳқиқу сабти саргузашти онҳо гуфта мешавад. Дар солҳои истибдоди сталинӣ ҳазорҳо нафарро аз Тоҷикистон бо гуноҳҳои гуногун, асосан, ба гумони “душмани халқ” кушта ё ба зиндон маҳкум кардаанд. То ҳол дар бораи теъдоди дақиқи чунин афрод иттилои дақиқ нест.

Репрессия. Киҳоро куштанду зиндонӣ карданд?

Созмони навро “Бунёди Тӯрақул Зеҳнӣ” ном ниҳодаанд. Ба хотири Тӯрақул Зеҳнӣ, шоиру забоншинос ва муаллифи "Санъати сухан", ки дар солҳои чилуми асри гузашта зери истибдоди сталинӣ ба Сибир бадарға шуда буд.

Дар Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва мақомоти он вақт зидди ин раванд буданд. Бо оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ин мавзуъ аз таваҷҷуҳи ҷомеа тамоман дур шуд.
Қаҳҳор Маҳкамов

Фаршед Зеҳнӣ, набераи ӯ, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шахсонеро, ки солҳои репрессия азоб кашидаанд, аз ҷумла Вадуд Маҳмудӣ, Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Муҳсинзода, Шанбезода ва дигарон муаррифӣ мекунем. Онҳо барои ҷомеаи имрӯза чандон шинос нестанд. Мехоҳем, ашъори онҳо, илму дониши онҳо дастраси халқи мо гардад.”

Зеҳнӣ афзуд, бобояш ба далели ба гуфтааш беасос дар солҳои чилуми садаи гузашта солҳои тӯлонӣ бо барчаспи “душмани халқ” дар Сибири Русия бешабурӣ мекард, вале тавонистааст, зинда ба ватан баргардад. То охири умри худ Тӯрақул Зеҳнӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ машғули таҳқиқ буд.

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд, дар солҳои истибдоди сталинӣ чанд ҳазор сокини кишвар бо гуноҳи “душмани халқ” зиндонӣ ва ё кушта шудаанд.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Абдуманнонов, дар миёни ҷабрдидаҳои истибдоди сталинӣ намояндаҳои ҳизбӣ ба мисли Шириншо Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, зиёд буданд, ҷабр нисбати чеҳраҳои фарҳангӣ ба рушди ин бахши зиндагии мардум бетаъсир намонд: “Агар онҳо зери истибдоди сталинӣ қарор намегирифтанд, ҳатман, суръати босаводу фарҳангӣ шудани мардум рушд меёфт. Он солҳо ба зеҳни мардуми тоҷик эҳсоси сахти тарс ҷой гирифт ва то ҳол мардум ҳарос доранд, озод дар бораи мавзӯе суҳбат кунанд.”

Коре, ки дар Тоҷикистон нашуд. Чаро?

Дар даҳаи 90-ум дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ раванди “сафед” кардан ва муаррифии ҷабрдидаҳои истибдоди сталинӣ шиддат гирифт, аммо ин кор дар Тоҷикистон нашуд.

Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, “дар Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва мақомоти он вақт зидди ин раванд буданд. Бо оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ин мавзуъ аз таваҷҷуҳи ҷомеа тамоман дур шуд. Ҳоло дер ҳам бошад, падидаи хуб аст. Ин як хотира аст, ёдбуди рӯшанфикрон аст.”

Баъзе маълумот дар бораи таъқиботи сталинӣ дар оғози солҳои навадуми садаи гузашта аз тарафи донишмандону адибон – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Хуршеда Отахонова, Додоҷон Раҷабӣ ва дигарон – расонаӣ шудаанд.

Таърихнигорон мегӯянд, танҳо дар солҳои 1937-38 аз сӯи НКВД, хадамоти амниятии вақт, беш аз понздаҳ ҳазор нафар, асосан, ба қатл маҳкум шудаанд.

Бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ аз муддатҳо пеш рӯзи гиромидошти қурбониёни истибдоди сталиниро муайян кардаанд, аммо, ба гуфтаи таърихнигорон, мақомоти тоҷик то ҳол намехоҳанд бойгониҳои он солҳо дастраси ҷомеа шуда, таърихи гузашта бо ҳамаи ҷузъиёташ эътироф гардад.

XS
SM
MD
LG