Дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон ниҳоди нав, Кумитаи саноати мудофиавӣ таъсис дода шуд. Қарори ҳукумат аввали ин моҳ содир шуда, Радиои Озодӣ 19-уми май бо матни он шинос шуд.
Дар санад омадааст, дастгоҳи марказии Кумитаи саноати мудофиавӣ аз 38 корманд иборат хоҳад буд, ки 8 нафари онҳо низомӣ ҳастанд.
Барои сохтори нав, 4 мошини хизматӣ ҷудо кардаанд ва хароҷоти он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Бахши саноати мудофиавии Тоҷикистон то ин вақт дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав буд.
Тибқи маълумот аз манобеи боз, Тоҷикистон дар дар бахши саноати мудофиавӣ корхонаҳои калон надорад. Ду сол пеш дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Сипар гурӯҳ» ифтитоҳ шуд, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ машғул аст.