Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли пурпечутоби раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп. ВИДЕО


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Аз замони ба сари қудрат омадани Доналд Трамп дар Амрико як сол пур шуд.

“Ман Доналд Ҷон Трамп расман савганд мехӯрам, ки...” Доналд Трамп як сол пеш ҳангоми адои савганд ба ҳайси раиси ҷумҳури 45-уми Амрико ба ҷаҳон эълон кард, ки бо дидгоҳи нав сиёсати хориҷиро пеш мебарад.

беҳтар аст, Куриёи Шимолӣ дигар ба Амрико таҳдид накунад. Ба оташу хашме дучор меоянд, ки ҷаҳон ҳеч гоҳ надидааст

Аз қавл – ба амал

Ӯ зуд аз қавл ба амал гузашт. Амрикоро аз аҳдномаи тағйири иқлим ва як созишномаи тиҷоратии муҳим бо кишварҳои Уқёнусия хориҷ кард. Аммо дар аввалин мулоқот бо Владимир Путин дар нишасти кишварҳои гурӯҳи 20 дар Ҳамбург лаҳни оштиҷӯёна дошт. “Мо мунтазири дидани чизҳои мусбати зиёде ҳастем, ки дар Русия, Амрико ва ҳар ҷойи дигар сурат мегиранд”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Як соли пурпечутоби раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:37 0:00

Доналд Трамп таҳримот ба зидди Русияро нигаҳ дошт, ки соли 2014 барои ишғоли нимҷазираи Қрим эъмол шуд. Ҳукуматаш, ҳамчунин, иҷоза дод, ки ба Украина аслиҳа фурӯшанд.

Русия ва интихоботи 2016

Дар як соли ҳукуматдории Трамп, чанд тафтиш дар бораи дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико идома кард. Трамп Ҷеймс Коми, мудири FBI-ро моҳи майи соли гузашта барканор кард, вале баъдан Роберт Мюллер, раиси комиссияи махсусе шуд, ки дахолати эҳтимолии Русияро таҳқиқ мекунад. Путин ва Трамп ин иддаоро рад кардаанд.

“Мардакчаи мушакбадаст”

Як чолиши дигари сиёсати хориҷӣ Куриёи Шимолӣ шуд. Баъд аз силсилаи озмоишҳои мушакӣ ва қавитарин абзори атомӣ, танишҳо авҷ гирифтанд. Байни Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ҷанҷоли лафзӣ бархост. Трамп ӯро дар Твиттер “Мардакчаи мушакбадаст” номид. Ҳамчунин гуфт, ки тугмаи атомии Амрико бузургтар ва бисёр қавитар аст.

Ӯ гуфт, “беҳтар аст, Куриёи Шимолӣ дигар ба Амрико таҳдид накунад. Ба оташу хашме дучор меоянд, ки ҷаҳон ҳеч гоҳ надидааст.”

Баҳс бо Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон

Доналд Трамп ба Эрон ҳам ҳушдор дод. Ӯ таҳдид кард, Амрикоро аз созиши атомӣ, ки байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ соли 2015 ҳосил шуд, хориҷ мекунад. Баъди ин Эрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард. Трамп гуфт, созиш бояд тағйир ёбад, зеро камбудҳои ваҳшатнок дорад. Эрон ба ҳеч гуна тағйир розӣ нест.

Байтулмуқаддас

Доналд Трамп аввалин сафари хориҷиашро аз Арабистони Саудӣ оғоз кард ва дар онҷо аз мусулмонони ҷаҳон хост, ифротгароиро аз байн баранд.

Вале бо тасмимҳои худ мардуми зиёдеро дар Ховари Миёна ба хашм овард. Аввал бо дастури манъи вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусулмонӣ ба Амрико ва ҳам эътирофи Байтулмуққадас ба ҳайси пойтахти Исроил.

Бо вуҷуди ваъдаи коҳиши дахолати Амрико дар муноқишаҳои хориҷӣ, Трамп моҳи апрел нишон дод, ки омодаи истифодаи нерӯ аст. Баъди як ҳамлаи зоҳиран кимиёӣ, ӯ амр дод, як пойгоҳи Сурияро мушакборон кунанд. Ва Русияро барои ҳимояташ аз раиси ҷумҳур Башор Асад танқид кард.

Мубориза бо ҷангҷӯён дар Афғонистон

Дар Афғонистон артиши Амрико барои маҳви як паноҳгоҳи “Давлати исломӣ” бомби азимеро партоб кард. Доналд Трамп хати маши ҷанги 16-солаеро идома дод, ки аз раисони ҷумҳури пешин мерос гирифт. Ӯ барои мубориза бо ҷангҷӯён ба Афғонистон 3 ҳазор сарбози дигар фиристод.

Ба ҳимояти Амрико аз НАТО таъкид кард, бо вуҷуди онки қаблан ин паймони низомиро кӯҳнашуда номидааст. Дар аввалин нишасти НАТО нахуствазири Черногорияро тела дод ва аз аъзои созмон хост, барои НАТО пули бештар бидиҳанд.

Баъди як соли пурҳодиса дар саҳнаи ҷаҳонӣ, шарикону рақибони Амрико худро барои соли дувуми раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп омода мекунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG