Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Агар нерӯҳои амрикоӣ набуданд, шароит дар Афғонистон бадтар буд"


Владимир Путин, президенти Русия бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон ва ҳузури нерӯҳои Толибон ва ДИИШ дар марзҳои шимолии ин кишвар гуфтааст, ки агар нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар набуданд, шароити Афғонистон аз ин ҳам бадтар буд.

Владимир Путин рӯзи душанбеи 25-уми декабр дар мулоқот бо аъзои баландпояи ду палатаи порлумони Русия гуфтааст, ки нерӯҳои Толибон дар саросари марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҷойгир ҳастанд ва нигарониҳое аз ҳузури нерӯҳои ДИИШ дар ин минтақа вуҷуд дорад. Ба гузориши хабаргузории русии "Интефакс", президенти Русия гуфтааст, ки ин масъала шароитро дар Афғонистон "бадтар карда" ва "вазъият ҳамчунон дар ҳоли бадтар шудан аст."

Дар гузашта Амрико, НАТО ва муттаҳидонашон ҳудуди 100 ҳазор низомӣ дар Афғонистон доштанд, аммо аз соли 2014 ин нерӯҳо ба амалиётҳои ҷангии худ дар ин кишвар поён доданд.

Аммо ба гуфтаи Путин, "агар Амрико дар онҷо набуд, вазъият чандин маротиба бадтар мешуд". Хабаргузории ТАСС ҳам бо ишора ба ин мавзӯъ менависад, ки Владимир Путин гуфтааст, ки дар ин маврид бояд "воқеъбин" буд. Дар ин бора президенти Русия ёддовар шудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти Амрико ва Русия печида аст, "аммо мо бояд воқеъбин бошем ва вазъияти Афғонистон воқеан ҳамин тавр аст."

Ба гуфтаи вазорати дифои Амрико, дар ҳоли ҳозир 11 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҷойгир ҳастанд ва дар стратегияи нави Амрико, ки чанд моҳ қабл Доналд Трамп онро эълон кард, гуфта шуд, ки тақвияти ин нерӯҳо ба ҳадафи пешгирӣ аз пешравии Толибон ва суқути эҳтимолии ҳукумати Афғонистон аст.

Дар он замон хабаргузориҳои байналмилалӣ навиштанд, ки ниҳодҳои истихоборотӣ ва амниятии Амрико дар моҳи майи соли ҷорӣ пажӯҳише анҷом доданд, ки бар пояи он, ҳатто бо афзоиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, эҳтимолан соли оянда вазъият бадтар хоҳад шуд.

НАТО ҳам чанде қабл эълон кард, ки барои кӯмак ба ҳукумати Афғонистон барои муқобила бо Толибон, шумораи нерӯҳояшро аз 13 ҳазор ба 16 ҳазор тан афзоиш медиҳад ва даргири амалиётҳои ҷангӣ нахоҳад шуд ва танҳо ба омӯзиш ва машваратдиҳӣ хоҳад пардохт. Дар гузашта Амрико, НАТО ва муттаҳидонашон ҳудуди 100 ҳазор низомӣ дар Афғонистон доштанд, аммо аз соли 2014 ин нерӯҳо ба амалиётҳои ҷангии худ дар ин кишвар поён доданд.

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон.
Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта низ зимни як нишасти хабарӣ ба афзоиши таҳдидҳои аз сӯи террористони байналмилалӣ аз Афғонистон ишора карда ва гуфт, ки "тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар қисматҳои мухталифи марзҳои шимолии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро мушоҳида мекунем." Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин аз афзоиши шумораи афроди гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон нигаронӣ карда буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400 километрӣ дошта ва то соли 2005 ҳифозати ин марзро нерӯҳои марзбони Русия ба ӯҳда доштанд. Пас аз хуруҷи ин нерӯҳо борҳо мақомоти баландпояи низомию сиёсии Русия ба номуваффақ будани марзбонони тоҷик дар ҳимояти хатҳои марз ишора карда ва мавзӯъи имкони бозгашти неруҳои марзбони рус ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро матраҳ карда буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин имконро ғайри қобили қабул хонда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG