Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кундуз: "Ҷанг дар Имом Соҳибро хориҷиҳо раҳбарӣ мекунанд"


Мақомоти амниятии вилояти Кундуз мегӯянд, ки раҳбарии ҷанг дар вулусволӣ ё ноҳияи Имом Соҳиби ин вилоят ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, дар дасти ҷангҷӯёни хориҷӣ аст.

Генерал Абдулҳамид Ҳамидӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, "афроди кушташудаи хориҷӣ, ки дар байни мухолифони дохилӣ шиносоӣ шуданд, вобаста ба ҳалқаҳои террористии кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, ки дар миёни онҳо тоҷикҳо, чеченҳо, узбакҳо ва арабҳо мебошанд."

Қабл аз ин низ масъулони маҳаллӣ дар Имом Соҳиби Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ин минтақа ҳудуди 200 тан аз ҷангиёни хориҷӣ ҳузур доранд, ки беш аз 40 тани онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд.

Ин масъули амниятии афғон дар идома гуфт, ки ҳамчунин корҳои минасозӣ, техникӣ ва молии мухолифонро ҳамин атбои хориҷӣ ба пеш мебаранд. Оқои Ҳамидӣ афзуд, ҷангиёни хориҷӣ, ки дар минтақаи Имом Соҳиб дар паҳлӯи Толибон ҳузур доранд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Чеченистон ва аз кишварҳои арабӣ мебошанд.

Аз сӯи дигар, генерал Саидқурбон Мусавӣ, раиси фирқаи 20-и Помир дар Кундуз, ки раҳбарии амалиёти "Помир-14"-ро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, ки дар натиҷаи ин амалиёти нерӯҳои муштараки афғон ба дастовардҳое ноил шудаанд. Вай гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёти муштараки нерӯҳои заминб ва ҳавоии кишвар дар чандин минтақаи вулусволии Имом Соҳиб, 170 тан аз Толибон ба шумули 6 фармондеҳи машҳури онҳо, кушта шуданд.

Оқои Мусавӣ афзуд, ки ин амалиёт то поксозии комили ноҳияи Имом Соҳиб аз вуҷуди Толибон ва шарикони хориҷии онҳо идома хоҳад кард. Амалиёти "Помир-14" аз ду ҳафта ба ин тараф дар Имом Соҳиб ҷараён дорад. Қабл аз ин низ масъулони маҳаллӣ дар Имом Соҳиби Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ин минтақа ҳудуди 200 тан аз ҷангиёни хориҷӣ ҳузур доранд, ки беш аз 40 тани онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд.

Минтақаи Имом Соҳиб дар 70- километрии шимоли маркази вилояти Кундуз воқеъ аст ва яке аз калонтарин вулусволиҳои ин вилояти ба шумор меравад ва наздик ба 500 ҳазор аҳолӣ дорад. Имом Соҳиб 70 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон дорад ва дарёи Ому ин дуро аз ҳам ҷудо мекунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд. Минтақаҳои шимоли Афғонистон дар чанд соли ахир саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии афғон ва гурӯҳи Толибон мебошад. Дар ҳоли ҳозир чандин минтақа дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон, дар ихтиёри гурӯҳи Толибон қарор доранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG