Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Ҳикматёр бо ирсоли нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонистон. САДО


Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бо фиристодани нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонгистон мухолифат кардааст. Ҳикматёр рӯзи панҷшанбеи 6-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, фиристодани нерӯҳои бештари хориҷӣ ба Афғонистон, мушкилотро ҳал накарда, балки ҳассосиятҳоро бештар менамояд.

Вай дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар ҳабдаҳ соли гузашта сиёсатҳои ҳукумати Афғонистон ва хориҷиҳо "номуваффақ" буда ва дар бораи он бояд таҷдиди назар сурат бигирад. Оқои Ҳикматёр гуфтааст, ки "мо ба ин назар ҳастем, ки фиристодани нерӯҳои бештар ба Афғонистон на танҳо, ки мушкилро ҳал карда наметавонад, балки онро бештар менамояд. Қазияро ҷанҷолӣ сохта ва ҳассосиятҳоро бармеангезад. Вақте 160 ҳазор нерӯ мусаллаҳ ва то дандон мусаллаҳ буданд, чизе карда натавонистанд, бо чанд ҳазор дигар ҳам коре карда наметавонанд."

Ҳикматёр мегӯяд, фиристодани нерӯҳои бештари хориҷӣ ба Афғонистон, мушкилотро ҳал накарда, балки ҳассосиятҳоро бештар менамояд.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар ҳоле ин изҳоротро баён кард, ки вазирони дифои НАТО тасмим гирифтаанд, ки нерӯи бештаре ба Афғонистон ирсол намоянд. Дабири кулли НАТО дар Брюссел гуфт, ҳарчанд шумораи сарбозони ин паймон, ки ба Афғонистон фиристода мешавад, маълум нест, аммо дар ин бора тасмим гирифта шудааст.

Тибқи гузоришҳо, вазорати дифои Амрико тасмим гирифтааст, ки чаҳор ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон ирсол менамояд. Аммо ин тасмим ба таври расмӣ эълон нашудааст. Сарпарасти вазорати дифои Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки Амрико то даҳ рӯзи оянда стратегияи нави худро дар робита ба Афғонистон муаррифӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон бо нашрия як баёния гуфтааст, нерӯҳое, ки аз сӯи Амрико ва НАТО фиристода мешаванд, танҳо дар бахши омӯзишӣ ва машваратдиҳӣ, ба нерӯҳои афғон ҳамкорӣ мекунанд. Давохон Минапол, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт, "далели фиристодани нерӯҳои НАТО ба Афғонистон ин аст, ки онҳо дар бахши машвара бо нерӯҳои афғон ҳамкорӣ мекунанд ва мо ҳеҷ гоҳ аз нерӯҳои НАТО дар ҷанг кор намегирем. Зеро нерӯҳои афғон тавоноии онро доранд, ки дар баробари таҳдидҳо, мубориза кунанд."

Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон.
Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон.

Қабл аз ин шуморе аз аъзои порлумони Афғонистон гуфта буданд, ки НАТО ва Амрико ба ҷои фиристодани нерӯҳои бештар, бояд нерӯҳои амнияти афғонро бо силоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз кунанд. Аммо сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омадани нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонистон дар амри мубориза бо терроризм, бисёр муҳим аст.

Гулбуддин Ҳикматёр яке аз сиёсматмадорони ҷанҷолбарангези Афғонистон аст ва дар моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи як тавофуқ бо ҳукумати Кобул, ба Афғонистон баргашт. Созиши сулҳи баҳсбарангези ҳукумати Афғонистон ва Гулбиддин Ҳикматёр аз сӯи бисёре аз афғонҳо ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар Ғарб мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Онҳо оқои Ҳикматёрро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар тӯли ҷанги дохилии Афғонистон дар солҳои 90-и асри гузашта муттаҳам мекунанд. Аммо ҷонибдорони сулҳ бо Ҳикматёр мегӯянд, ки Афғонистон ба субот ниёз доранд ва бояд дар ин росто ба ҳама гурӯҳҳои шӯришӣ вориди музокирот шуд.

Давлати Афғонистон музокиротро бо гурӯҳи Ҳикматёр моҳи марти соли гузашта дар пайи ирсоли як ҳайат аз сӯи Ҳикматёр оғоз карда ва дар охирҳои сол ба созиш даст ёфта буд. Гулбиддин Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст.

Ӯ дар солҳои 60-ум ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, аз оғози солҳои 70-ум ба ақидаҳои исломӣ гароид ва соли 1972 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Саидалӣ Сухандон, як донишҷӯи коммунисти пайрави ақидаҳои Мао Дзе Дун ба зиндон афтод. Соли 1973, дар пайи табаддулоти давлатии Довуд, бародарзодаи Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон ба Покистон рафт ва Ҳизби исломии Афғонистонро ташкил дод.

Баъд аз суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ, Ҳикматёр соли 1993 дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ ба симати сарвазир таъин шуд. Вале ӯ ба далели ихтилофоташ бо Аҳмадшоҳ Масъуд ва Абдурашид Дӯстум, ба Кобул наомад ва ба ҷойи Ҳикматёр яке аз ёронаш - Ваҳидуллоҳ Сабоун – дар Кобул ба ҳукумат раҳбарӣ мекард. Дар соли 1994 рақобати фармондеҳони муҷоҳидин барои назорати Кобул ба як ҷанги тамомулиёр мубаддал шуд ва Ҳикматёр Кобулро таҳти мушакборони чунон шадиде қарор дод, ки бар асари он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 000 нафар кушта шуданд.

Моҳи июни соли 1996, дар пайи боло рафтани таҳдиди гурӯҳи нави Толибон, Масъуду Раббонӣ бо Ҳикматёр дубора роҳи оштӣ ҷустанд ва ӯро аз нав ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Аммо алакай моҳи сентябри соли 1996, дар пайи тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯи Толибон Ҳикматёр боз маҷбур ба тарки ҳам мақом ва ҳам Кобул шуд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, ба дунболи вуруди нерӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути режими Толибон, Гулбиддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад.

Ҳикматёр аз гурӯҳҳои дигари афғон низ даъват кард, ки аз ӯ ибрат бигиранд. Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG