Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломиро аз "феҳристи сиёҳаш" хат зада ва роҳи бозгашти ӯро ба Афғонистон ҳамвор кард. Ин тасмим рӯзи 3 феврал бо дархости ҳукумати Афғонистон гирифта шудааст. Ҳукумати Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта бо Гулбиддин Ҳикматёр созиши сулҳ имзо карда буд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки гурӯҳи Толибон бар Афғонистон ҳукумат ронданд, асосан дар Эрон ба сар бурдааст.

Ҳашматуллоҳ Аршад – яке аз сухангӯёни Ҳизби исломӣ – рӯзи 4 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳазфи номи Гулбиддин Ҳикматёр аз "рӯйхати сиёҳ" яке аз мавридҳои муҳими созиши сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст ва афзуд, "оқои Ҳикматёр шояд то 20 рӯзи дигар вориди Кобул шавад".

Созиш бо Ҳикматёр - дарс барои Толибон?

Ашрафғанӣ дар ҳоли имзои созиш бо Ҳикматёр
Ашрафғанӣ дар ҳоли имзои созиш бо Ҳикматёр

Кобул умедвор аст, созиш бо Ҳикматёр гурӯҳи Толибонро ба хатми шӯриш мутақоид карда, ба равандҳои сиёсӣ бармегардонад. Аммо созиши ҳукумати Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматёр бо интиқоди бархе аз афғонҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо бештар ба иттиҳомоти тӯлонии нақзи ҳуқуқи башар ва баъзе ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ишора мекунанд, ки Ҳикматёр дар содир шудани онҳо масъулият дорад.

Ҳикматёр ва Ҳизби исломии ӯ ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои хунин алайҳи нерӯҳои Амрико ва нерӯҳои давлатии Афғонистон низ айбдор мешавад. Дар соли 2003 Амрико Ҳикматёрро ба далели ҳамкориҳояш бо Толибон ва Ал-Қоида ба рӯйхати сиёҳи "террористҳои байналмилалӣ" шомил кард ва Созмони Милал ӯро дар радифи Мулло Умар ва Усома бин Лодин ҷой дода буд.

Музокирот баҳори соли гузашта шурӯъ шуд

Ҳикматёр (аз рост - якум) ҳамроҳ бо Саид Аҳмад гелонӣ ва Муҳаммаднабӣ Муҳамм мадӣ дар мулоқот бо сарвазири Покистон Навоз Шариф. Исломобод, соли 1993
Ҳикматёр (аз рост - якум) ҳамроҳ бо Саид Аҳмад гелонӣ ва Муҳаммаднабӣ Муҳамм мадӣ дар мулоқот бо сарвазири Покистон Навоз Шариф. Исломобод, соли 1993

Давлати Афғонистон музокиротро бо гурӯҳи Ҳикматёр моҳи марти соли гузашта дар пайи ирсоли як ҳайат аз сӯи Ҳикматёр оғоз карда ва дар охирҳои сол ба созиш даст ёфта буд. Гулбиддин Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст.

Ӯ дар солҳои 60-ум ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, аз оғози солҳои 70-ум ба ақидаҳои исломӣ гароид ва соли 1972 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Саидалӣ Сухандон, як донишҷӯи коммунисти пайрави ақидаҳои Мао Дзе Дун ба зиндон афтод. Соли 1973, дар пайи табаддулоти давлатии Довуд, бародарзодаи Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон ба Покистон рафт ва соли 1975 Ҳизби исломии Афғонистонро ташкил дод.

Аҳмадшоҳ нагузошт, ки Ҳикматёр ба Кобул ворид шавад

Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмадшоҳи Масъуд

Ҷанги ӯ ибтидо алайҳи режими Довуд оғоз ёфта, баъди табаддуллоти коммунистӣ, ки бо номи “Инқилоби Савр” маъруф аст, ба зидди ҳокимони нави Афғонистон идома ёфт. Баъд аз ҳамлаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 Ҳикматёру тарафдоронаш тайи 10 сол алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ ҷангиданд ва ӯ ба яке аз фармондеҳони раддаи аввали муҷоҳидини афғон табдил ёфт.

Баъд аз суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ, Ҳикматёр соли 1993 дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ ба симати сарвазир таъин шуд. Вале ӯ ба далели ихтилофоташ бо Абдулрашид Дӯстум ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба Кобул наомад ва ба ҷойи Ҳикматёр яке аз ёронаш - Ваҳидуллоҳ Сабоун – дар Кобул ба ҳукумат раҳбарӣ мекард. Дар соли 1994 рақобати фармондеҳони муҷоҳидин барои назорати Кобул ба як ҷанги тамомулиёр мубаддал шуд ва Ҳикматёр Кобулро таҳти мушакборони чунон шадиде қарор дод, ки бар асари он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 000 нафар кушта шуданд.

Ҳимоят аз Толибон ва ихроҷ аз Эрон

Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебурд.

Моҳи июни соли 1996, дар пайи боло рафтани таҳдиди гурӯҳи нави Толибон, Масъуду Раббонӣ бо Ҳикматёр дубора роҳи оштӣ ҷустанд ва ӯро аз нав ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Аммо алакай моҳи сентябри соли 1996, дар пайи тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯи Толибон Ҳикматёр боз маҷбур ба тарки ҳам мақом ва ҳам Кобул шуд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, ба дунболи вуруди нерӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути режими Толибон, Гулбиддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад. Ҳикматёр аз гурӯҳҳои дигари афғон низ даъват кард, ки аз ӯ ибрат бигиранд. Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG