Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳикматёр силоҳҳояшро ба замин намегузорад


Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи панҷшанбеи 11 май эълон кард, ки силоҳҳҳои худро ба ҳукумат таслим намекунад. Ин дар ҳоле аст, ки супурдани силоҳҳои Ҳизби исломӣ, яке аз шартҳои тавофуқи сулҳи моҳи декабри соли гузашта миёни ҳукумат ва Ҳизби исломии Афғонистон буд.

Ин тасмим бо вокуниши дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯбарӯ шуд ва як сухангӯи Ашраф Ғанӣ аз Ҳизби исломӣ хост, то созиши сулҳро эҳтиром кунад, ки тибқи он, ин гурӯҳ пазируфтааст, ки силоҳҳои худро ба ҳукумат таслим кунад ва ба муборизаи мусаллаҳона бо ҳукумат поён диҳад. Тибқи ин созиш, он гурӯҳ аз ҷангиёни Ҳизби исломӣ, ки хоҳони пайвастан ба нерӯҳои давлатӣ ҳастанд, метавонанд дар артиш ва нерӯҳои қудратии дигар ворид шаванд.

Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, худдорӣ варзидани Ҳизби исломӣ аз супурдани силоҳҳои худ нигаронӣ дар мавриди созиши сулҳ бо Ҳикматёрро афзоиш додааст. Гулбиддин Ҳикматёр яке аз раҳбарони мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон аст, ки ҳафтаи гузашта пас аз ҳудуди 20 сол, ба Кобул бозгашт.

Нерӯҳои Ҳизби исломӣ.
Нерӯҳои Ҳизби исломӣ.

Сухангӯи Ҳизби исломӣ рӯзи панҷшанбеи 11 май гуфт, се ҳазору панҷсад ҷангии ин гурӯҳ барои ҳифозат аз худ дар баробари нерӯҳои Толибон ва "Давлати исломӣ", лозим аст мусаллаҳ бошанд. Ӯ афзуд, "Нерӯҳои мо мумкин аст мавриди ҳамла қарор бигиранд. Агар онҳо силоҳҳои худро таслим кунанд, чӣ касе амнияти онҳоро замонат медиҳад?" Ӯ гуфтааст, ки нерӯҳои Ҳизби исломӣ бо давлат нахоҳанд ҷангид ва омодаанд дар паҳлӯи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мухолиф ҷанг кунанд.

Як сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, амнияти кишвар масъулияти ҳукумат аст ва нигарониҳои Ҳизби исломӣ беҷо мебошад. Ӯ афзуд "тибқи созиши сулҳе, ки бо Ҳизби исломӣ имзо шуда, ҳифзи амнияти онҳо вазифаи давлат аст". Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон низ гуфтааст, ки чораҳои лозим барои шомил шудани аъзои Ҳизби исломӣ дар ҳоли иҷрост, ба шарте, ки онҳог аз шароити лозим бархӯрдор бошанд. Ӯ гуфтааст, ки "пайвастан ба артиши миллии Афғонистон амре довталабон аст ва ҳар касе, ки шартҳо ва қобилиятҳои лозимро дошта бошад, метавонад барои хизмат ба артиш бипайвандад."

Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи панҷшанбеи 11 май эълон кард, ки силоҳҳҳои худро ба ҳукумат таслим намекунад.

Яке аз мушовирони Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, Ҳизби исломӣ феҳристе шомили 3500 узв ва феҳристи дигаре шомили 80 масъули аршади ҳизбро ба кумитаи вижаи назорат бар раванди ворид кардани ин афрод дар артиш ва нерӯҳои интизомии Афғонистон, пешниҳод кардааст.

Созиши сулҳи баҳсбарангези ҳукумати Афғонистон ва Гулбиддин Ҳикматёр аз сӯи бисёре аз афғонҳо ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар Ғарб мавриди интиқод қарор гирифтааст. Онҳо оқои Ҳикматёрро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар тули ҷанги дохилии Афғонистон дар солҳои 90-и асри гузашта муттаҳам мекунанд. Аммо ҷонибдорони сулҳ бо Ҳикматёр мегӯянд, ки Афғонистон ба субот ниёз доранд ва бояд дар ин росто ба ҳама гурӯҳҳои шӯришӣ вориди музокирот шуд.

​Давлати Афғонистон музокиротро бо гурӯҳи Ҳикматёр моҳи марти соли гузашта дар пайи ирсоли як ҳайат аз сӯи Ҳикматёр оғоз карда ва дар охирҳои сол ба созиш даст ёфта буд. Гулбиддин Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст.

Ӯ дар солҳои 60-ум ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, аз оғози солҳои 70-ум ба ақидаҳои исломӣ гароид ва соли 1972 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Саидалӣ Сухандон, як донишҷӯи коммунисти пайрави ақидаҳои Мао Дзе Дун ба зиндон афтод. Соли 1973, дар пайи табаддулоти давлатии Довуд, бародарзодаи Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон ба Покистон рафт ва Ҳизби исломии Афғонистонро ташкил дод.

Баъд аз суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ, Ҳикматёр соли 1993 дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ ба симати сарвазир таъин шуд. Вале ӯ ба далели ихтилофоташ бо Аҳмадшоҳ Масъуд ва Абдурашид Дӯстум, ба Кобул наомад ва ба ҷойи Ҳикматёр яке аз ёронаш - Ваҳидуллоҳ Сабоун – дар Кобул ба ҳукумат раҳбарӣ мекард. Дар соли 1994 рақобати фармондеҳони муҷоҳидин барои назорати Кобул ба як ҷанги тамомулиёр мубаддал шуд ва Ҳикматёр Кобулро таҳти мушакборони чунон шадиде қарор дод, ки бар асари он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 000 нафар кушта шуданд.

Мухолифони Ҳикматёр.
Мухолифони Ҳикматёр.

Моҳи июни соли 1996, дар пайи боло рафтани таҳдиди гурӯҳи нави Толибон, Масъуду Раббонӣ бо Ҳикматёр дубора роҳи оштӣ ҷустанд ва ӯро аз нав ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Аммо алакай моҳи сентябри соли 1996, дар пайи тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯи Толибон Ҳикматёр боз маҷбур ба тарки ҳам мақом ва ҳам Кобул шуд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, ба дунболи вуруди нерӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути режими Толибон, Гулбиддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад. Ҳикматёр аз гурӯҳҳои дигари афғон низ даъват кард, ки аз ӯ ибрат бигиранд. Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG