Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳикматёр баргашт. Нахустин мулоқоти расмӣ – дар Лағмон


Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр – раҳбари Ҳизби исломӣ, баъди чанд соли будубош дар хориҷ ва имзои тафовуқномаи сулҳ бо ҳукумат, ба Афғонистон баргаштааст. Қарор буд, Ҳикматёр рӯзи 28 апрел дар вилояти Лағмон, минтақае миёни Кобул ва марзи Покистон, дар як гирдиҳамоӣ зоҳир шавад, аммо ба гуфтаи аъзои аршади Ҳизби исломӣ, ин мулоқот ба рӯзи 29 апрел ба таъхир афтодааст.

Давлати Афғонистон музокиротро бо гурӯҳи Ҳикматёр моҳи марти соли гузашта оғоз карда ва дар охирҳои сол ба созиш даст ёфт.

Абдуҷаббор Наимӣ, волии Лағмон рӯзи 28 апрел ба намояндагӣ аз раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ бо Гулбиддин Ҳикматёр мулоқот карда ва аз ӯ истиқбол намудааст. Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа Ҳикматёр бо мушовири амниятии раиси ҷумҳури Афғонистон Ҷумъахон Ҳамдард низ суҳбат доштааст.

Гулбиддин Ҳикматёр (аз чап) бо Абдуҷаббор наимӣ, волии Лағмон
Гулбиддин Ҳикматёр (аз чап) бо Абдуҷаббор наимӣ, волии Лағмон

Дафтари матбуоти волии Лағмон бо нашри як хабарнома рӯзи 28 апрел гуфт, ки дар мулоқот миёни Наимӣ ва Ҳикматёр бар сари масоили муҳим баҳс шудааст, вале ҷузъиёти зиёде ироа нагардид. Дафтари волии Лағмон танҳо гуфта, ки Гулбиддин Ҳикматёр дар ин мулоқот ба ҳамкории зич бо ҳукумат ваъда додааст.

Моҳи феврали имсол Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломиро аз “феҳристи сиёҳ” берун карда ва роҳи бозгашти ӯро ба Афғонистон ҳамвор намуда буд. Ҳукумати Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта бо Гулбиддин Ҳикматёр созиши сулҳ имзо кард.

Имзои тавофуқи сулҳ бо Гулбиддин Ҳикматёр. Моҳи сентябри соли 2016
Имзои тавофуқи сулҳ бо Гулбиддин Ҳикматёр. Моҳи сентябри соли 2016

Кобул умедвор аст, созиш бо Ҳикматёр гурӯҳи Толибонро ба хатми шӯриш мутақоид карда, ба равандҳои сиёсӣ бармегардонад. Аммо созиши ҳукумати Афғонистон бо Ҳикматёр бо интиқоди бархе аз афғонҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо бештар ба иттиҳомоти тӯлонии нақзи ҳуқуқи башар ва баъзе ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ишора мекунанд, ки Ҳикматёр дар содир шудани онҳо масъулият дорад.

Ҳикматёр ва Ҳизби исломии ӯ ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои хунин алайҳи нерӯҳои Амрико ва нерӯҳои давлатии Афғонистон низ айбдор мешавад. Дар соли 2003 Амрико Ҳикматёрро ба далели ҳамкориҳояш бо Толибон ва Ал-Қоида ба рӯйхати сиёҳи “террористҳои байналмилалӣ” шомил карда буд.

Давлати Афғонистон музокиротро бо гурӯҳи Ҳикматёр моҳи марти соли гузашта оғоз карда ва дар охирҳои сол ба созиш даст ёфт. Гулбиддин Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст.

Имзои сулҳ бо Ҳикматёр бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд
Имзои сулҳ бо Ҳикматёр бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд

Ӯ дар солҳои 60-ум ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, аз оғози солҳои 70-ум ба ақидаҳои исломӣ гароид. Ҷанги ӯ ибтидо алайҳи режими Довуд оғоз ёфта, баъд аз ҳамлаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 ба яке аз фармондеҳони раддаи аввали муҷоҳидини афғон табдил ёфт.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, ба дунболи вуруди нирӯҳои Эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути режими Толибон, Гулбиддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад. Ҳикматёр аз гурӯҳҳои дигари афғон низ даъват кард, ки аз ӯ ибрат бигиранд.

Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир ба эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG