Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал Ҳикматёрро "бахшид"


Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломиро аз рӯйхати сиёҳаш ҳазф карда ва роҳи бозгашти ӯро ба Афғонистон ҳамвор намудааст. Ин тасмим рӯзи 3 феврал бо дархости ҳукумати Афғонистон гирифта шудааст. Ҳукумати Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта бо Гулбиддин Ҳикматёр созиши сулҳ имзо карда буд.

Ҳашматуллоҳ Аршад, яке аз сухангӯёни Ҳизби исломӣ, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳазфи номи Гулбиддин Ҳикматёр аз рӯйхати сиёҳ яке аз мавридҳои муҳими созиши сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст. Вай гуфтааст, «оқои Ҳикматёр шояд то бист рӯзи дигар вориди Кобул бишавад».

Аммо созиши ҳукумати Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматёр бо интиқоди бархе аз афғонҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо бештар ба иттиҳомоти тӯлонии нақзи ҳуқуқи башар ва баъзе ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ишора мекунанд, ки Ҳикматёр дар содир шудани онҳо масъулият дорад. Ҳизби Исломӣ, инчунин, ҳамлаҳои маргбореро алайҳи Амрико ва нерӯҳои Афғонистон, баъди оғози амалиёти зидди террористӣ дар ин кишвар анҷом додааст.

Кобул умедвор аст, ки созиш бо Ҳикматёр гурӯҳи Толибонро ба хатми шӯриш мутақоид карда ва ба равандҳои сиёсӣ бармегардонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG