Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши НФС-ҳо пас аз таркиш дар Душанбе. Моликон айбдоранд, ронандаҳо ё мусофирон? ВИДЕО


Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моликони чанде аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-ро дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Мақомот дар сар задани сӯхтору таркиш моликони газу бензинфурӯширо айбдор мекунанд, онҳо дар навбати худ – ронандагонро.

"Навиштаанд, ки "мусофиронро фарор", аммо намефароранд"

Санҷиши нуқтаҳои газу бензинфурӯшӣ баъд аз он шуруъ шуд, ки рузи 1-уми май дар Душанбе як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркид. Дар он ҳодиса як нафар ҷон бохта, чанд каси дигар маҷруҳ шуданд.

Назорати шадид дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон гуфтанд, на дар ҳама ҳолат қоидаи зидди сӯхтор риоя мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе аз ҷойҳои фурӯши сӯзишворӣ бидуни он ки мардумро аз мусофирбарҳо берун кунанд, ба пур кардани газу бензин идома медиҳанд, ҳарчанд дар даромадгоҳҳо навиштаанд, "Ронанда, мусофиронро фарор".

Рӯзи 14-уми май масъулони чанд нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар пойтахт санҷиши мақомотро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, дар бисёре аз мавридҳо ронандагони мусофиркаш талабот ва қоидаҳои вуруд ба нуқтаҳои сӯзишвориро риоя намекунанд.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Тафтиши бехатарӣ баъди сӯхтори яке аз фурӯшгоҳҳои маводи сӯхти Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Беаҳамиятӣ ё камбуди вақт?

Фарҳод Баротов, масъули нуқтаи сӯзишвории "Aлӣ Ойл" дар пойтахт, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзан ронандаҳоро маҷбур мекунанд, ки мусофиронро поин кунанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат намешавад таваккал кард:

"Ронандаҳо дар баъзе ҳолат итоат мекунад, баъзан – не. Камбуди вақтро далел меоранд. Бештари вақт мегӯем, ки моро ба тафтиш омадаанд ва бояд мусофирон фароварда шаванд"

Сокинон тафтиши нуқтаҳои фурӯши сузишвориро дуруст мешуморанд, аммо аз он нигаронанд, ки баъди чанд ҳафта ин мавзуъ дубора ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳад рафт. Мақсуди Шариф, сокини шаҳри Ваҳдат, ки ба гуфтаи худаш шоҳиди ҳолатҳои хатарзо дар нуқтаҳои газу бензинфурӯшӣ будааст, гуфт, "набояд назорати мақомот пас аз рух додани таркишҳо шуруъ шавад, балки доимӣ бошад."

Вале на ҳамаи ронандагон ба иддаои сокинону мақомот розӣ ҳастанд. Алишер Амирхонов, ронандаи таксӣ, мегӯяд, "ҳеч ронанда намехоҳад, ки ҳаёти худу мусофиронро дар хатар гузорад." "Агар мусофиронат дар берун бошанд, мабодо ягон ҳодиса шуд, худатро ҳимоят карда метавонӣ. Медонӣ, ки мусофирон дар ҷои амн буданд", -- мегӯяд ӯ.

Вале баъзе аз ронандаҳо иқрор мекунанд, ки гоҳе ба хотири саросема будан бо мошини пур аз одам вориди нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт мешаванд.

“Ҳар замон мегӯянд, вале фаромӯш мекунанд”

Дар Тоҷикистон солҳои охир ҳодисаи зиёди таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух дода, дар матбуот бозтоб ёфтааст.

Бар асари таркише, ки рӯзи 1-уми майи имсол дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе рух дод, чанд нафар захмӣ шуда, Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон даргузашт. Мақомот хабар доданд, ки нисбат ба соҳиби 33-солаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ парвандаи ҷиноӣ кушоданд.

Таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар дар соли 2016 ҳам расонаӣ шуд, ки сабаби марги як нафар ва захмӣ шудани 21 тани дигар гардид.

Ҳар замон мақомот мегӯянд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG