Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори як нуқтаи фурӯши газу бензин дар Душанбе 11 кас осеб дидаанд. ВИДЕО


Сӯхтору таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Наворро дар ин ҷо бинед

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бар асари сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе 11 кас “ҷароҳати сабук” бардоштаанд. Ин ҳодиса шоми якуми май дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино рух дод.

Мақомоти ВКД сабаби сар задани ҳодисаро “риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” номиданд. Моликони нуқтаи сӯзишворӣ ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ба иттилои расмӣ, “бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ Нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ фаро гирифт."

Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ниҳодҳои дигар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Лаҳзаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Навор аз як корбари Радиои Озодӣ:

Таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:08 0:00

Алангаи сӯхтор то ҳадде баланд буд, ки дуди онро аз канораҳои пойтахт ба осонӣ дидан мумкин буд. Ба ҷойи ҳодиса беш аз 10 мошини оташнишонӣ ва мошинҳои обкашро фиристода буданд.

Лаҳзаи таркиш ва баъди он, навор аз як корбари Радиои Озодӣ:

Лаҳзаи сӯхтор ва таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шафати масҷиди Ҳамадонӣ ҷойгир аст. Баъзе аз сокинон гуфтанд, нуқта пештар ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, баъд аз он маълум нест, дар ихтиёри кадом ширкат буд.

Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.

Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG