Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳдии Ҷомӣ: "Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб кунем, на инки дафъ намоем"


Меҳдии Ҷомӣ

Меҳдии Ҷомӣ – шоир ва рӯзноманигори тавонои эронии муқими Ҳолланд – ахиран китоби худро бо номи “Моҳи Самарқанд” бо хатти форсӣ ва сириллик нашр кард. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шеърҳо дар лаҳзаи сафар ба Тоҷикистону Узбакистон навишта шуда, маҳсули ошноӣ бо ҳамсараш Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова) низ ҳаст.

Агар мардум ҳамон тавр, ки дилашон мехоҳад зиндагӣ кунанд, зиндагии баде нахоҳанд кард, шӯриш нахоҳанд кард, зиндагии наҷибонае хоҳанд дошт. Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб бикунем, на инки дафъ бикунем.

Меҳдии Ҷомӣ: “Худи ин ошноӣ маҳсули алоқаест, ки ман ба он диёр дорам. Яъне, пеш аз ошноӣ бо Шаҳзода ман ба Тоҷикистону Узбакистон рафта будам. Дар Бухорову Самарқанду Кӯлоб будам. Вақте ба он минтақа мерафтам, қабл аз солҳои 2005-2006, хабарнигор будам. Корам сафар кардан буд ва бояд ба ҷойҳои мухталиф мерафтам. Кулли он минтақа барои ман тозагӣ дошт. Ёдҳои қадимро дар ман зинда мекард. Вақте аввалин бор ба Тошканд ва сипас Душанбе рафтам, дубора ба забони форсӣ баргаштам. Чанд соле буд, ки дар Лондон иқомат доштам ва талош мекардам, ба англисӣ бинависам. Ба англисӣ шеър бинависам. Аммо вақте ба Осиёи Миёна рафтам, дубора ба забони форсӣ баргаштам. Ин шеърҳо ҳосили ин баргашт аст. Як дафъа инҳо дар ман ҷӯшиданд. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки наметавон аз забони форсӣ ҷудо буд, ё пушт гардонд.”

Радиои Озодӣ: Гуфтанд, ки соли 2013 дар Бадахшони Тоҷикистон ҳам будед ва як бахши шеърҳои “Моҳи Самарқанд” ба ин минтақа ихтисос дорад.

Меҳдии Ҷомӣ: “Ин китоб дар умум се бахш дорад. Охирин бахшаш шеърҳои кӯтоҳ аст, ки ман дар Бадахшон, ё дақиқтараш, ҳангоми бозгашт аз Бадахшон гуфтам. Вақте бармегаштем, субҳи зуд буд ва хусравониҳо ё шеърҳои кӯтоҳро дар дафтарам ёддошт мекардам.

Харсангҳо мисли тосҳое аз ин

Бар доманаи кӯҳҳо рехта шуда

То ба навбат фуруд оянд бар канораи Ому.”

Меҳдии Ҷомӣ моҳи феврали соли 1961 дар шаҳри Машҳади Эрон таваллуд шуда, соли 1992 Донишгоҳи ба номи Фирдавсиро хатм кардааст. Вай аз соли 1996 то 2006 барои бахши форсии Би-би-сӣ кор мекард. Пас аз таъсиси Радиои Замона дар Амстердам тӯли тақрибан ду сол раҳбариашро бар уҳда дошт. Меҳдии Ҷомӣ веблоги “Себистон”-ро соли 2003 фаъол кардааст, ки яке аз саҳифаҳои пурхонанда ба шумор меравад. Ӯ созандаи филми мустанади “Чарху фалак” аст.

“Намешавад барои шеър барномарезӣ кард”

Радиои Озодӣ: Ҳамсаратон Шаҳзода мегӯяд, ки шумо шоири хуб ҳастед, вале вақту фурсати зиёди худро сарфи кори хабарнигориву сиёсат мекунед. Ба адабиёту шеър, ки ба қавли ӯ, тору пудатон ҳаст, камтар таваҷуҳ доред. Чаро чунин шуда?

Меҳдии Ҷомӣ: “Дар мавриди ман ин тавр шуда, ки бештар ба масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ пардозам. Ҳаҷми бештари коре, ки дорем, дар он ҳавза аст. Шеър дар ихтиёри одам нест. Ман агар шоир бошам, наметавонам ба муносибат шеър бигӯям. Шеър бояд, ки биҷӯшад. Бақия коре, ки одам барояш барномарезӣ мекунад, бояд бикӯшад. Ин ду дунёи аз ҳам мутафовит ҳаст. Ин ҳам ҳаст, ки агар муҳити муносиб бошад, шумо шефта мешавед, алоқоманд мешавед ва шеър ҳам дунболаш хоҳад омад. Вале дар он мавқеъ қарор нагиред, шеър ҳам намеояд. Шеър як вуҷуди азизест, ки ҳар ҷое ворид намешавад. Бо шумо ҳар ҷое намеояд. Мавҷуди хосест. Намешавад, барояш барномарезӣ кард.”

“Зиндагиамон гирифтори сиёсату инқилоб шудааст”

Радиои Озодӣ: Ин фикри шумост. Аммо ба назари ман, ин оғози роҳест, ки мо аз шеър, аз романтизм ва тасаввуфу ирфон дур мешавем...

Меҳдии Ҷомӣ: “Бибинед, агар дар Тоҷикистон ва Узбакистон бошед, ба шеър ҳанӯз аҳамият медиҳанд. Шеър расона аст. Яъне, шумо метавонед, тариқи шеър паём диҳед, ҳамфикрӣ ё ҳамдардӣ кунед. Дар онҷо аз нигоҳи иҷтимоӣ шеър муассир аст. Дар онҷо, ба истилоҳ, завқи шеърнависӣ меҷӯшад. Вақте куллан ба зиндагии имрӯз нигоҳ мекунем ва ончӣ бахусус дар сӣ-чиҳил соли охир дар Эрон мегузарад, мо аз шеър ба самти мантиқ меравем. Аз, ба истилоҳ, ирфону тасаввуф ба самти ақлу фалсафа меравем. Панҷоҳ соли пешро нигоҳ кунед, бузургтарин истеъдодҳои мо дар хидмати шеър буданд. Дигар ҷомеа инро наметалабад. Барои ҳамин, агар шумо мехоҳед, кори иҷтимоӣ кунед, бояд аз масири дигар биравед. Мухотаб хеле муҳим аст. Агар шумо мухотаб доред, шеър меҷӯшад. Барои ҳамин, вақте дар Самарқанд будам, саршор аз шеър мешудам. Дар вазъияти ман шумо тасмим мегиред, ки энержиатонро сарфи чӣ кунед. Ман агар аз тариқи шеър оё ба андозаи кори расонаиам метавонам ҳарф бизанам? Ба назар мерасад, не. Дастикам барои мухотаби эронӣ. Барои ҳамин, шеърро бигузорам ва ҳар вақте омад, хуш омад бигӯям. Тамоми таваҷҷуҳамро ба он надиҳам. Масоили хоси сиёсӣ ҳам, ки дар Эрон ҳаст, моро сиёсӣ кардааст. Зиндагиамон гирифтори инқилобу сиёсат шудааст. Маҷмӯи ҳамаи инҳо шеърро ба як парданишин ва ба як ҳалқаи ихвонӣ табдил кардааст.”

“Мардум бо хости худ зиндагӣ кунад, шӯриш нахоҳад кард”

Раҳбарони мо дар Эрон на дунёи хубе доранд, на охирати хубе. Ҳоло бо он ҷаҳонашон коре надорем, вале ин ҷаҳонро бар худашону бар мо ҳаром кардаанд. Чун миллионҳо эронӣ аз кишвар мегурезанд. МуҳоҷиРонда мешаванд.

Радиои Озодӣ: Аз Эрон ва инқилобу сиёсат гуфтед. Бо талошҳои худ чиро тағйир додан мехоҳед? Эрони орзуҳои Меҳдӣ кадом аст?

Меҳдии Ҷомӣ: “Ба ин суол ҷавоб додан осон нест. Бибинед, мо бо Тоҷикистон аз назари сиёсӣ понздаҳ-бист соли пеш робитаи хубе доштем. Ин робита ҳар чӣ қадар наздик шуд, печидатар ва то андозае хароб шуд. Ҳадди ақалл ба ҳамон хубиву сарзиндагии бист соли пеш нест. Он Эроне, ки метавонад бо Тоҷикистон робитаи хубе дошта бошад, имрӯзу фардо лозимаш дорем. Он чӣ гуна Эрон аст? Эронест, ки ба муштаракот бештар таваҷҷуҳ дорад, то ба ихтилофҳо. Саъй намекунад, мардуми худу мардуми минтақаро вориди як ақидаи сиёсӣ ва мазҳабӣ бикунад. Озодона бархӯрд мекунад ва вориди ҷанги 72 миллат намешавад. Бо он сулҳу нишот ва меҳре зиндагӣ мекунад, ки аз ҷумла тоҷикон бо он ифтихор доранд. Яъне, нармӣ кардану тоҷикӣ зиндагӣ кардан. Ин чизест, ки мо аз тоҷикон бояд ёд бигирем. Аз ин фарҳанги муштараке, ки доштему Тоҷикистон ҳифз кард, мо фаромӯш кардем ё бахусус баъди инқилоб дар зиндагии шаҳримон камранг шуд. Ман дар Тоҷикистон дар як маҷлис будам. Рӯзи шашмақом буд. Дар он маҳфил вазирону вакилон нишаста буданд. Раҳбарони мо дар Эрон на дунёи хубе доранд, на охирати хубе. Ҳоло бо он ҷаҳонашон коре надорем, вале ин ҷаҳонро бар худашону бар мо ҳаром кардаанд. Чун миллионҳо эронӣ аз кишвар мегурезанд. МуҳоҷиРонда мешаванд. Чаро ин тавр аст? Мардум аз як чизе мегурезанд. Ман дӯст дорам, ки мардум битавонанд озодона ба кишвар баргарданд. Дар арӯсӣ ва азову маҳфили дӯстонашон бошанд. Ман худам бист сол боз дар хориҷ аз Эрон ҳастам ва ҳамагӣ як бор тавонистам ба дидани модарам ба Эрон биравам, ки ҷарроҳии қалб шуда буданд. Бинобар ин, Эроне мехоҳем, ки бо худаш ва мардуми худаш, бо мардуми ҳамсоя ва минтақа дар сулҳ бошад. Агар мардум ҳамон тавр, ки дилашон мехоҳад зиндагӣ кунанд, зиндагии баде нахоҳанд кард, шӯриш нахоҳанд кард, зиндагии наҷибонае хоҳанд дошт. Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб бикунем, на инки дафъ бикунем.”

Ҷудоӣ ва пайванд – тадбири раҳбарону нухбагон

Меҳдии Ҷомӣ
Меҳдии Ҷомӣ

Радиои Озодӣ: Медонед, бо вуҷуди онки ҳазор бор бигӯем, тоҷику эрониву афғон як мардуманд, вале мо аз ҳам ҷудоем. Чӣ чиз моро ҷудо карда, ба ҷуз инки марзҳо ҳастанд.

Меҳдии Ҷомӣ: “Ҷудоӣ ва пайванд маҳсули тадбири раҳбарон ва нухбагони ҷомеаҳо ҳастанд. Нухбагоне дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ҳастанд, ки ба пайвандҳо ва таърихи муштарак таъкид доранд. Аммо раҳбарону нухбагони сиёсӣ ҳам ҳастанд, ки ба ҷудоӣ таъкид мекунанд. Ман ҳардуро эҳтиром мегузорам. Пайванду ҷудоӣ ҷанбаҳои мухталифе аз зиндагии мо ҳастанд. Мо фарзандони падару модарамон ҳастем, аммо аз як дигар фарқ дорем. Ман ҳарду қисматро дарк мекунам.”

“Ин чашма ҳанӯз ҷӯшон аст”

Меҳдии Ҷомӣ бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ
Меҳдии Ҷомӣ бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ

Радиои Озодӣ: Дар оғози солҳои 2000-ум як мустанади шумо дар бораи мусиқии фалак, бахусус, Давлатманди Хол омода ва дастрас шуда буд. Чаро мустанадсозӣ дар бораи Тоҷикистонро идома надодед?

Меҳдии Ҷомӣ: “Дуруст мегӯед. Беҳтар буд, ки идома мекард. Чанд бор баҳс шуда буд, ки дар бораи Бадахшон, яке аз устодони мусиқӣ дар Хуҷанд ва дар маҷмуъ дар бораи Тоҷикистон коре бисозем. Аммо ҳеҷ кадом аз онҳо ба марҳилаи иҷро нарасиданд. Сабабаш ҳам фаннӣ ва як миқдор масъалаи сармоягузорӣ буд. Вале аз назари худам, корҳои мухталиф сабаб шуда, ки ман натавонистам мустақим ба ин кор баргардам. Аммо ин чашма ҳанӯз ҷӯшон аст. Ман ҳамеша алоқаманд ҳастам, ки ин корро анҷом бидиҳам. Ба ҳар ҳол сохтани мустанад ба дасти як нафар нест. Як гуруҳ бояд тасмим бигаранд. Дар ин ҷо ҳам мухотабу бозор муҳим аст.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG