Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розҳои дил ва ҷиҳод ба илми донишҷӯи тоҷик


Дар Русия нахустин китоби шеърҳои донишҷӯи 20-солаи тоҷик Назрихӯҷаи Саидалӣ бо номи “Розҳои дил” чоп шудааст. Назрихӯҷа мегӯяд, ҷабҳаи ҷиҳоди толибилм курсии донишгоҳии ӯст.

Дар нашриёти “Контент”-и шаҳри Барнаули Русия нахустин китоби шеърҳои Назрихӯҷаи Саидалӣ, донишҷӯи 20-сола аз Тоҷикистон аз дасти чоп берун омад. “Розҳои дил”, иборат аз 40 саҳифа, рубоиҳову байтҳо ва чанд ҳикояи хурди Назрихӯҷаи Саидалиро дар бар гирифтааст.

Назрихӯҷаи Саидалӣ 23 октябри соли 1995 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 2013 мактаби рақами 91-уми шаҳри Душанберо бо нишони нуқра хатм кардааст. Ӯ ҳоло дар соли сеюми риштаи сиёсатшиносии донишгоҳи шаҳри Барнаул таҳсил мекунад.

Навиштани шеър танҳо ҳунари ин ҷавони тоҷик нест. Ӯ овозхонӣ ҳам мекунад ва бо таронаи “Тоҷ”, бар пояи шеъри Хайрандеш дар ҷашнвораи байналмилалии “Садои навниҳолон” дар Туркия аз Тоҷикистон намояндагӣ кардааст.

Назрихӯҷаи Саидалӣ рӯзи 28 март дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, шеъру суруд барояш мисли ишқ ё касби дувум аст: “Ин ба касби асосиам – сиёсатшиносӣ халале намерасонад. Ҳам шеър менависам, ҳам суруд мехонам, ҳам дар сиёсат тарзи рафтору мавқеи худро дорам.”

Назрихӯҷаи Саидалӣ аз парвардаҳои маҳфили шеърест, ки шоири тоҷик Хайрандеш зери чатри он навқаламонро гирд оварда буд. Хайрандеш дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Назрихӯҷа ҳанӯз вақте ки дар синфи 8 таҳсил мекард, ба маҳфили ӯ пайваста буд ва бо адаби баланду мутолиаи зиёдаш фарқ мекард.

Хайрандеш мегӯяд: “Хеле фаъол буд ва шеърҳое мегуфт, ки бовари кас намеомад, ки як ҷавони наврас гуфта бошад. Шеърҳои хоси як шоири баркамолу рӯзгордида ба назар мерасид. Ин аз адаби баланд ва мутолиаву огоҳии ӯ бахусус аз адабиёти классикии мо дарак медиҳад. Дар Назрихӯҷа ду ҳунар – ҳам шоирӣ ва ҳам сарояндагӣ хеле хушоянд афтодааст ва вақтеяк дафъа дар Қасри Миллат ҳунарнамоӣ кард, ба ҳунари овозхонии ӯ ҳатто Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳам баҳои баланд дода буд. Назрихӯҷа дар худ ҷавҳаре дорад, ки ба як шоиру ҳунарманди тавоно сабзида бирасад.”

Назрихӯҷаи Саидалӣ дар хонаводаи ҳунарманд Назрулло Саидалиев ба дунё омада, бародари ӯ Шафқати Саидалӣ низ овозхон аст. Худи Назрихӯҷа дар овозхонӣ ба Пардаи Қосим, ки бо хонаводаи онҳо риштаи хешутаборӣ дорад, пайравӣ мекунад.

Аммо дар шеъри Назрихӯҷа, ба ақидаи устодаш Хайрандеш, таъсири шоирони классик бештар мушоҳида мешавад:

Дӯстон оинаи якдигаранд,

В-арна мӯйлаб лаби соҳиб хӯрад.

* * *

Омаду рафт ба ҷаҳон муфт наяст баҳри касе,

Ҳар қадар гом задӣ, посухи он хоҳӣ гуфт.

* * *

Ҳарчанд зӣ тангдастӣ мирам,

Аммо нафурӯшам оби рӯро!

* * *

Як гарди нон зи меҳнати худ боядат, ки хӯрд,

Айбе ба ҳамоне, ки хӯрад нон аз падар.

* * *

Даъвӣ зи донишат макун, нодонӣ бошад ин далел,

Он, ки нодон мегӯяд худро, вале доност ӯ.

* * *

Аз ғайбати мардум даҳон пок кун охир,

Зеро нашавӣ масхара андар забони халқ.

* * *

Битарс ҳолиё аз оҳу ашки халқи нотавон,

Ки сӯхт як нафаси пиразане машриқро.

* * *

Молу пул ёбӣ, бародар, душман дӯстат шавад,

Молу пулат интиҳо ёфт, дар паи пӯстат шавад.

* * *

Ҳар он кас кард некӣ бо ту боре,

Махал бар пои ӯ ҳеҷ гоҳ хоре.

* * *

Айби ёру дӯстонатро маҷӯй,

Айби худро аввалан кун ҷустуҷӯй.

* * *

Назрихӯҷаи Саидалӣ мегӯяд, мавзӯъҳоро барои шеър аз зиндагӣ мегирад. Ӯ вақте барои таҳсил ба Русия рафт ва бо кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар ғурбат аз наздик ошно шуд, табъан мавзӯи ғарибӣ ва азоби дурӣ аз Ватан ба шеърҳояш бештар роҳ ёфт:

Эй очаи ҷон, бигир, кушо номаи ман,

Дар номаи ман яко як аст нолаи ман.

Дар мулки ғарибӣ хору афгор шудам,

Сад кӯҳу биёбон бигирифт волаи ман.

Баҳсҳои афзоянда рӯи масоили мазҳабӣ, бахусус мавридҳои ҷалби садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои ба ном «ҷиҳод» дар Сурияву Ироқ Назрихӯҷаи Саидалиро низ водор ба фикр ва гуфтани чандин шеър дар ин мавзӯи доғ кардааст: «Ман инҷо дар Донишгоҳи Барнаул ва чунин баҳсҳоро байни ҳамсабақонам ҳам мешунавам. Вале ба ақидаи ман, ҷабҳаи ҷиҳоди толибилм на дар Сурияву Ироқ, балки дар курсии донишҷӯии ӯст. Донишҷӯ бо ҷаҳдаш дар омӯхтани илм ба Ватани худ ва ҳам ба дини Ислом манфиати бештар меорад, то дар ин ба ном «ҷиҳод»-ҳо. Дар чанд байтам ин мавзӯъ ва ҳам танҳо ба зоҳир мусалмонӣ нишон додани бархе мардумро низ матраҳ кардаам:

Мусулмонӣ ба рафтор аст, ба гуфтору ба кирдор аст,

На оне, ки бигӯӣ бо забонат ман мусалмонам!

* * *

Бо намозу рӯза меороӣ худро, воизо,

Ман чӣ созам он намозу рӯзаро, к-аз сидқ нест.

* * *

Ҷанг ҷустан, зӯрӣ кардан хоси толибилм нест,

Гар ту зӯрӣ, зӯриат дар илму дониш во намо.»

Назрихӯҷаи Саидалӣ дар таблиғи суннатҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар ин гӯшаи Русия низ хеле фаъол аст. Аз ҷумла бо талоши ӯ дар Донишгоҳи Олтой имсол иди Наврӯзро бо як тантанаи то ҳол нодиданӣ таҷлил карданд.

XS
SM
MD
LG