Дар Узбекистон бо қабули як қонун салоҳиятҳои дастгоҳи иҷроияи президентро, ки Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев, раҳбарӣ дорад, бештар карданд. Ин қонуни конститутсионӣ аз чор бахш ва 34 банд иборат аст ва рӯзи 14-уми августи имсол имзо шуд. Ба гузориши "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, қабули шитобкорона ва бе муҳокимаҳои ошкори иҷтимоӣ сабаби танқиди зиёд гаштааст.
Дигаргунии муҳимтарин нуфуз ва салоҳиятҳои дастгоҳи иҷроия ва раиси он аз болои ниҳодҳои қудратӣ дар Узбекистон будааст. Президент дар ин кишвар раҳбари Шӯрои амният аст ва акнун раиси дастгоҳ муовини раиси Шӯрои амният гардид ва фаъолияти аъзои онро ташкил ва ҳамоҳанг мекунад.
Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳамин нукта ба Саида Мирзиёева барои назорат аз болои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳаққи таъсиррасонӣ ба кори онҳо салоҳиятҳои бисёр васеъ ва то ҳол беназир медиҳад.
Ба иловаи ин, кормандони дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон аз пайгарди ҷиноӣ ё тафтишот озод ҳастанд ва бархеи онҳо то охири умр ва баъди рафтан аз мансаб низ аз масуният бархӯрдор мешаванд.
Шӯҳрат Латипов, хабарнигори Gazeta.Uz, бидуни баррасии ошкору шаффоф қабул шудани қонунро танқид кардааст. Вай дар саҳифааш дар Телеграм навишт: "Шахсан барои ман, ҳама қонуне, ки бе муҳокимаи ҷамъиятӣ ва баррасиҳои бози порлумонӣ қабул мешавад, бахусус қонуҳои конститутсионӣ, аз аввал мавриди шубҳа мебошад."
Саида Мирзиёева 41-сола аст ва ду соли охир раҳбарии дастгоҳи иҷрояии президентро дар Узбекистон ба уҳда дорад. Фарзандони раҳбарони дигар дар Осиёи Марказӣ ҳам дар мақому вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷрояи президент аст.
Алишер Илҳомов, раиси созмони "Central Asia Due Diligence" дар Лондон, ки ба таҳқиқи масоили Осиёи Марказӣ машғул аст, дар суҳбат бо Радиои Озод нигарониҳоро дар пайванд бо қабули қонуни нав дар Узбекистон шарҳ дод.
Ӯ гуфт: "Ин ҷо ду масъала аст. Масъалаи марказӣ ин тамаркузи қудрат дар дасти Саида Мирзиёева аст. Ин на танҳо ба мавзӯи кадрҳо бастагӣ дорад, балки ӯ раҳбару ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ мешавад. Чунки Саида Мирзиёева дар баробари раҳбарии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, муовини раиси Шӯрои амният шуд. Ҳама сохторҳои қудратӣ тобеи Шӯрои амният ҳастанд. Ӯ бо ин роҳ аз назари қудрат ва назорати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба президент наздиктар шуд. Метавонад сохторҳои амният, ҳифзи қонун ва артишро назорат кунад. Ва чизи дуюм ин аст, ки акнун такя ба сохторҳои қудратӣ бештар мешавад ва ин чиз дар қонун ҳам навишта шуд. Албатта, ӯ бояд ҳама масъалаҳоро бо президент ҳамоҳанг кунад, вале то ҳол ҳеч ихтилофе миёни ӯ ва раисҷумҳур дида нашудааст. Масъалаи дигар ин ки ӯ ва аъзои тимаш дар баробари қонун ва сохторҳои тафтишотӣ масуният пайдо мекунанд. Яъне, агар ӯ ва кормандонаш ҷиноят содир карданд, додгоҳ наметавонад онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад."
Радиои Озодӣ: Вақте сухан дар бораи Саида Мирзиёева меравад, нохудогоҳ қазияи духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова ба ёд меояд, ки ӯро низ довталаби эҳтимолии курсии раёсати ҷумурҳӣ меномиданду ҳоло дар зиндон аст. Дар айни замон дар қаламрави Шӯравии пешин намунаҳои аз падар ба писар вогузор шудани қудрат, ба мисли Озарбойҷону Туркманистон, вуҷуд дорад. То куҷо дар Узбекистон ҷомеа метавонад духтари президент, яъне як занро ба раҳбарии ояндаи ин кишвар бипазирад?
Алишер Илҳомов: "Ҳоло масъалаи интиқоли қудрат матраҳ нест. Қонуне, ки қабул шудааст, танҳо омодагӣ ба дурнамои интиқоли қудрат мебошад. Эҳтимол ба наздикӣ чунин шавад. Раисҷумҳури Узбекистон саломат ба назар мерасад ва фаъол аст. Онҳо як такягоҳе барои рӯзи мабодо эҷод мекунанд, ки дар сурати рӯй додани ҳодисае ба кор ояд. Мирзиёев дар фурсати наздик аз вазифа рафтанӣ нест, шояд ҳам тамоми умр бихоҳад дар ин курсӣ бимонад. Шояд ҳам як замоне ӯ бихоҳад мисли Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов курсиро супурда, аммо дар асл раҳбари асосии давлат монад. Дар мисоли Қазоқистон. Нурсултон Назарбоев ҳам мехост аз вазифа канор рафта, дар амал назорати қудратро ҳифз кунад, вале нашуд. Шавкат Мирзиёев аз ин чиз рамуз гирифт ва дид, ки хатарнок аст. Дар Тоҷикистон ҳам президент аз таҷрибаи нокоми Назарбоев ва ҳам аз мисоли Узбекистон барои худ хулосаҳое баровардааст. Дар масъалаи ин ки то куҷо дар Узбекистони муҳофизакор омода ҳастанд, як занро ба ҳайси раҳбар бипазиранд, ба фикрам, ин ҷо як каме воҳима ҳам мекунанд. Аввал ин ки ҷомеа чизеро ҳал намекунад. Дигар ин ки барои назорати кишвар мард будан шарт нест. Агар Саида аз ӯҳдаи назорати сохторҳои қудратӣ баромад, яъне ӯ тавони назорат бар кишварро ҳам дорад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ